logo

иқтисод

ВАҲДАТ. ШАҲРЕ ДАР МАСИРИ РУШД

Раҳмоналӣ Амирзода, раиси шаҳри Ваҳдат, зимни суҳбат иброз дошт, ки  заҳматкашони ин минтақаи хушбоду ҳавои заминаш зархез дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, барои истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободониро вусъати тоза бахшидаанд.

ИСТИҚБОЛИ ГАРМ АЗ ҶАШНИ МИЛЛӢ
Бо ин мақсад дар ҳудуди шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ бунёду навсозии 570 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Қисми зиёди онҳо иншооти иҷтимоӣ, назири муассисаҳои таълимӣ, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои касбомӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, беморхона, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ ва майдонҳои варзиш мебошанд.
Ҳоло сохтмони 40 бинои истиқоматӣ (аксаран, баландошёна), 3 маркази ташхисию табобатӣ, 3 маркази савдо, бозори болопӯшидаи замонавӣ, 2 бинои таълимӣ барои 480 ҷойи нишаст, бинои маъмурии маркази адлия, бунёди иншооти пойгоҳ ва сутуни Нишони давлатӣ бо маром ҷараён дорад.

САРМОЯГУЗОРӢ ВА СОҲИБКОРӢ ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ШАҲР
Ҳоло дар шаҳр ба маблағи қариб 16 миллион доллари ИМА 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ - Маркази татбиқи идоракунии захираҳои оби водии Фарғона (6 миллион), парвариши занбӯри асал ва истеҳсоли маҳcулоти занбӯри асал (395,8 ҳазор), сохтмони системаи обтаъминкунии деҳаи Симиганҷи Ҷамоати деҳоти Симиганҷ (80 ҳазор), идоракунии партовҳои сахти маишӣ (8,5 миллион) ва сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон (350 ҳазор) амалӣ шуда истодааст.
Дар семоҳаи авввали соли ҷорӣ дар шаҳр 12475 субъекти соҳибкории фаъолияткунанда сабт шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 704 адад зиёд мебошад. Аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои хурди қарзӣ ба соҳибкорон ба маблағи  42 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Ҳамчунин, шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр ба 18 нафар  барои фаъолияти соҳибкорӣ ба маблағи 54 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок додааст.
 
ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН 
Кишоварзӣ яке аз самтҳои афзали иқтисоди шаҳр ба ҳисоб рафта, алҳол 7972 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар майдони 9 гектар боғи нав бунёд гардид.
Барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ соли гузашта аз ҳисоби маблағи хизматрасонии об 48 ҳазор метри мукааб шабакаҳои обёрӣ ва 9,7 ҳазор метри мукааб заҳкашу заҳбурҳо тоза карда, пойгоҳҳои обкашии “Эскигузар - 1, “Эскигузар - 2” ва “50 – солагии Тоҷикистон” аз таъмир бароварда шудаанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (ҳамаи намудҳои хоҷагидорӣ) ба 73 миллиону 222 ҳазор сомонӣ расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 667 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 6,8 дарсадро ташкил медиҳад. Дар семоҳаи аввали соли 2019 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 22 тонна сабзавот, 125 тонна гӯшт, 2,3 тонна гӯшти моҳӣ, 48,3 тонна шир ва 5 миллиону 208 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст.
 

ФОИДА АЗ ҲИСОБИ САЙЁҲОН  34 МИЛЛИОН СОМОНӢ
Иқлими шаҳр барои равнақи ҳамаи намудҳои сайёҳӣ хеле мувофиқ буда, ҷиҳати муҳайё сохтани шароити мусоид барои сайёҳони дохилию хориҷӣ соли 2018 дар минтақаи истироҳатию сайёҳии Ромит истироҳатгоҳҳои оммавӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, ошхонаҳо, мағозаҳои фурӯши молҳои ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонҳои сайёҳӣ, маҷмааҳои варзишӣ, ташнобҳои сарироҳӣ ва иншооти дигари зарурӣ ба истифода дода шуданд. Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ширкати сайёҳии “Карон - тур” таъсис ёфт. Инчунин, баҳри дар сатҳи баланд истиқбол намудани сайёҳон то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 5 меҳмонхона, 2 истироҳатгоҳ ва маҷмааи сайёҳӣ дар назар аст.
Давоми се моҳи соли 2019 ба шаҳр беш аз 8 ҳазор сайёҳу меҳмон ташриф овард ва аз ҳисоби онҳо беш аз 34 миллион сомонӣ фоида ба даст омад.
Дарвоқеъ, бо итминон метавон гуфт, ки дар пайи талошу заҳмати сокинон ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат шаҳри Ваҳдат дар ҳоли рушду шукуфоӣ қарор дорад ва зиндагии мардум рӯз ба рӯз беҳтару хубтар мешавад.
Маҳмуд БАҲРОМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2019    №: 107    Мутолиа карданд: 959
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед