logo

туризм

2019 - 2021 АЗ ВАТАНДОРӢ ТО ВАТАНСОЗӢ

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар асари ҳидоят, саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳастии худро ба мадори Ватан пайвастаанд, хело пурбаракату хотирнишин буд. Идомаи он Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гардид ва бунёдкориҳоро вусъати дигар бахшид.

Бегумон, ин барномаи рӯшан ба он мусоидат кард, ки мардуми кишвари мо на танҳо аз пешрафти моддиву маънавии Ватанамон хуб огоҳ бошанд, балки бевосита дар ин ҷараён бо ин раванди озмояндаи завқу тафаккури миллӣ паҳлу зананд, онро дар зиндагии шахсии худ низ эҳсос намоянд. Дарки амиқи чунин таҳаввулоти базуҳуромада дар ҳикмате хулоса гардид, ки тамоми азми ростин ё кори ҳақиқии як ҷомеаи мутамаддин ва ҳатто як нафар шахси воқеӣ ба фарҳанги миллат вобастагӣ дорад.  
Дар радифи табиати зебову афсонавӣ – кӯҳҳои сабзу обшорони табиӣ ҷовидона қарор доштани чунин фарҳанг ва фаросату фазилати баланди шаҳрдорӣ омили нахустини рушди сайёҳӣ гардид. Бе тардид маълум шуд, ки Тоҷикистон кишварест диданӣ ва ҳар як меҳмони он бо қалбе пур аз эҳсоси қаноатмандӣ ва кӯлборе огандаи таассуроти зебо аз фарҳанги баланди диёрдориву меҳмоннавозӣ, тасвирҳои нотакрор, лаззату бардоштҳои нек ба кишварҳои худ бармегарданд, балки ҳанӯз барнагашта   орзуи дубора омадан мекунанд.
Мардуми тоҷик инсондӯстанд, бо муҳити нав ба осонӣ созиш  мекунанд, бо андаке қаноатманд мегарданд. Аммо, бобову модаркалонҳои мо бештар ба деҳа унс гирифтаанд, ба шабдарав (саҳрову досу дарав), теппаҳову боғҳо, ба садои чорпоёну овои парандаҳо, пайраҳаҳои алафпӯшу дарвозаву дарҳои кушодаву беқуфл, бо он самимияте, ки бебаҳона ҳамагонро ба канори ҳам меорад. Яъне, деҳа бо вуҷуди ворид гаштани  чандин мушаххасоти аз шаҳр иқтибосгирифта низ, деҳа аст. Дигар ин ки зарурати руҷӯъ ба деҳа шакли дигари бозгашт ба сӯи таҷрибаҳост.
Мазраи таваҷҷуҳи Сарвари муаззами кишвар ба ҳадде густариш ёфта, ки дуртарин гӯшаҳои Ватан - сарзамини тақдиршудаи мо низ аз он берун намонда ва ин масоҳат деҳаҳоро  ҳам ба тамомияти ҳастӣ фаро мегирад. Ин ибтикори бархоста аз рӯҳи тавонову ояндабин ҷавобгӯи ниёзҳои маънавию фарҳангии тамоми мардуми тоҷик хоҳад буд.
Муқарраран, рӯ овардан ба фарҳанг ва дар радифи ин, дар маркази  таваҷҷуҳ қарор доштани ҳолати кунунии деҳот ва имкониятҳои фарҳангии он яке аз шартҳои сазовор гаштан ба рушди давлат аст. Зери мафҳуми «ҳунарҳои мардумӣ» санъати инъикоси рӯҳия, ормону таманниёт ва муносибати мардум ба зиндагӣ дар истеъдод фаҳмида мешавад. Ҳамеша истеътод инсонро фарҳангиву адабӣ мекунад, зеро  ҳамагуна ҳунар аз андешаи  зебо оғоз мешавад.
Вақте сухан аз меросу муқаддасоти  як миллат меравад, қабл аз ҳама, мероси фарҳангии он дар мадди назар буда, ин фазилати меросбарӣ муҳимтарин хусусияти иҷтимову маънавии ҳар як миллат мебошад. Тарғибгару такмилдиҳандаи фарҳанги мардумӣ,  асосан, ҷавононанду рисолати хешро хело муаддабона пайгирӣ карда истодаанд.        
Таваҷҷуҳ ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва фарҳанги мардумӣ  чун сиёсати баланди халқпарварона манзалати воқеии маънавиёти мардуми кишвари моро дар оинаи рӯзгор инъикос карда, нақш ва дахлпазирии фарҳангро дар зиндагии мо нишон дод.
Сайёҳӣ дар ҳама давру замон буд, бахусус мардони мушкилписанд, табиатдӯсту муқоисакор бо завқу хоҳиши зиёд ба гӯшаву канори ҷаҳон сафар мекарданд. Гоҳ мисли Саъдӣ бозёфти сафарро дар қолаби як асари мондагор мерехтанд, гоҳ мисли Колумб аз фатҳу кашфиёти худ дохили шиша барои ояндагон нома навишта, ба  уқёнус ҳавола мекарданд.
Дар замони муосир шахсони бисёре ҳастанд, ки бидуни назардошти вазъи кунунии ноороми ҷаҳон майл ба сафар доранд. Бештар ба табиат – ба баҳру кӯҳу шаршараву бешаҳо наздик шудан мехоҳанд.
Дар ҳама ҳолат бояд бидонем, ки инсоният сароғози зиндагонии маънавии худро тавассути муттаҳид шудан саодату зебоӣ бахшида, бо дарки мафҳуми иттиҳоди ростин даричае ба сӯи фарҳанги иҷтимоӣ боз намуд. Аз ин ҷост, ки чунин падидаҳои маънавӣ, ки маҳсули рӯҳи тавонои ҷомеа маҳсуб мешаванд, ба пайванди қавму миллатҳо оварда мерасонад.
Гулноз ТОҲИРИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2019    №: 107    Мутолиа карданд: 1751
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед