logo

маориф

ФАЙЗОБОД. ЧАНД МУШКИЛИ ЯК МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушди соҳаи маориф ба самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ табдил ёфта, он ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дастовардҳои солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи мазкур камназир буда, рӯз ба рӯз имконоту шароит ва дар ин замина, сифати таълиму тарбия беҳтар мешавад.
Вале, мутаассифона, таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41, деҳаи Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод аз раванди навсозиву мувофиқ намудани соҳа ба шароити замони муосир дар  канор мондаанд. Ҳоло дар муассиса, ки аз даҳ синфхона иборат мебошад, 154 хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
Тавре Сангалӣ Раҷабов, директори муассиса, мегӯяд, бинои мактаби мазкур соли 1985 бунёд гардида, баъдтар, бо сабаби зиёд шудани сафи хонандагон  ва нарасидани  ҷойҳои нишаст, дар паҳлуяш бинои иловагӣ бунёд ёфт. Ҳоло бо сабаби зиёд гаштани шумораи хонандагон боз ҳамон мушкилӣ - норасоии ҷойи нишаст ба миён омадааст.
Ҳангоми боздид маълум шуд, ки бинои асосии мактаб кайҳо харобу таъмирталаб гашта, омӯзгорон дарсҳоро бо мушкилӣ мегузаранд. “Дар фасли зимистону оғози баҳор, аз сабаби боришоти зиёд, дарсгузарӣ дар синфхонаҳо хатарнок мегардад. Омӯзгорон бо сабаби норасоии синфхонаҳо ва мизу курсиҳои шикаста наметавонанд ба пуррагӣ хонандагонро ба таълиму тарбия фаро гиранд. Ҳамасола бо дастгирии волидон ва омӯзгорон бинои муассисаро то андозае таъмир мекунем, вале он ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест”, - изҳор дошт  Сангалӣ  Раҷабов.
Дохили муассиса манзараи ниҳоят ногувор дошта, синфхонаҳои тангу торик ва фаршҳои шикаста солҳо боз рӯи таъмирро надидаанд.
- Бо сабаби мавҷуд набудани шароити мусоид мо наметавонем, ки дарсҳоро бо истифода аз таҷҳизоти муосир гузарем, - мегӯянд омӯзгорони мактаб. Ҳамчунин, муассисаи мазкур то ҳол синфхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, тайёрии ҳарбӣ, технологияи компютерӣ, озмоишгоҳҳои физика, кимиё, биология ва толори варзиш надорад. Истифода аз компютерҳои мавҷуда низ, бо сабаби  набудани синфхонаи алоҳида, он қадар хуб нест. Китобхонаи мактаб низ то имрӯз бинои алоҳида надорад ва китобҳо дар вагон нигоҳ дошта мешаванд. Нарасидани омӯзгорон, бахусус муаллимони забонҳои хориҷӣ, аз мушкилоти дигари муассиса маҳсуб мешавад.
Аз вазъи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41, деҳаи Қалъаи Дашт ва дигар мушкилоти хонандагони он роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод огаҳ аст. Файзулло Наҷмиддинов, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, зимни суҳбат иброз дошт: “Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар  мактаби № 41 ба нақша гирифта шудааст. Рӯзҳои наздик сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, толори варзиш, синфхонаи компютерӣ ва китобхона шурӯъ хоҳад шуд. Мо кӯшиш мекунем, ки ин мушкилиро  бартараф намоем”.
Вале, аз оғози давраи омодагиҳо ба ин ҷашни миллӣ ду сол сипарӣ мешаваду то ҳол ягон натиҷа нест.
Бо назардошти шароите, ки имрӯз дорем, бунёд ва ё таъмир кардани як муассисаи хурди таълимӣ кори чандон миёншикане нест. Таҷриба собит намудааст, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз тарафи соҳибкоронии маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша таъмиру навсозии муассисаҳои таълимӣ ба ҳукми анъана даромадааст.  Аммо, то ҳол аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ иқдоме барои таъмири муассисаи № 41 гирифта нашудааст. Аз ин рӯ, роҳбарияти худи муассисаро зарур аст, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешад.
Ё масъулон андешаи дигар доранд?!
Зикрулло РАҶАБ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2019    №: 107    Мутолиа карданд: 2190
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед