logo

ҳуқуқ

ФОҶИА Ё САБАБҲОИ ЯК МУНОҚИШАИ ХУНИНРО ДАР ЧӢ БОЯД ҶУСТ?

Ҳодисаи кордзанӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки пайомади нохуш дошт, чанд вақт инҷониб аз пеши назарам дур намеравад. Як савол пайваста оромам намегузорад: чаро ҷанҷоли наврасон, ки аксарият онро бепарвоёна чун ҳодисаи муқаррарии синнусолӣ қабул мекунанд, ин дафъа бо кордкашӣ байни онҳо ва гусаста шудани ҳаёти наврасе ба охир расид?

КОРДЗАНӢ ДАР НАЗДИ МАҶМААИ «РӮДАКӢ - ПЛАЗА»
Аввали моҳи феврали соли равон дар кӯчаи Бухорои ноҳияи Исмоили Сомонӣ назди бинои “Рудакӣ - Плаза” байни чанд хонандаи МТМУ №1 ва литсейи равияи тибию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳс сар зада, кор ба занозанӣ мерасад. Дар айни латукӯби якдигар нафаре аз литсей хонандаи МТМУ - ро бо корд мезанад. Танҳо вақте чашми наврасон ба хун меафтад, онҳо якбора ба худ омада, дарк месозанд, ки чӣ кор карданд. Оқибат Фирӯз Ҳакимови маҷрӯҳ дар беморхона ҷон медиҳад.
Ҳодиса рӯзи равшан дар пеши чашми одамони зиёд рӯй дод. Аммо ягон раҳгузар бачаҳоро аз занозанӣ бознадошт, милиса ҳам аз ҳодиса бехабар монд. Дар шаҳру ноҳияҳо ҷанҷоли байни ҷавонон, хонандаҳои мактаб, литсею коллеҷҳо кам рух намедиҳад. Лекин дар рӯзи равшан бо худ корд гирифта гаштани наврас ба чӣ маънист?! Нафаре таҳдидаш мекарду барои худмудофиа бо худ медошт? Ҳамсоли бесилоҳро корд зада куштан ба чӣ хотир? Ба ин саволҳо мақомоти тафтишот бешак ҷавоб пайдо хоҳанд кард. Аммо ба ин ва дигар саволҳо, ки ин фоҷиаи хунинро ба миён овардааст, бояд, пеш аз ҳама ҷомеа ҷавоб ҷуста, дарёбад, ки наврасону ҷавонони мо бо чунин кирдору тарбия то ба куҷо мераванд?!

МАГАР ТАРБИЯ АЗ ОИЛА САР НАМЕШАВАД?
Муовини директори МТМУ №1 шаҳри Душанбе Фарида Содиқова зимни суҳбат Фирӯз Ҳакимовро аз хонандагони беҳтарини муассиса сифат карда, сахт таассуф хӯрд, ки аз кирдори бераҳмонаи чанд ноболиғ риштаи ҳаёти ин шогирдаш канда шудааст. “Шумо тасаввур кунед, ки ба Фирӯз якбора панҷ нафар ҳамла овардаанд. Ин кам буд, ки як тани онҳо корд ҳам задааст. Бо чӣ сабаб байнашон муноқишаю занозанӣ ба амал омадааст, ростӣ, ман намедонам. Тафтишоти ҷиноят шурӯъ шудааст, ҳамаашро муайян мекунанд. Дар чунин мавридҳо ҳама мекӯшанд муассисаро гунаҳгор бароранд, ки хонандагонро дуруст тарбия намекунад. Шояд тарбияи фарзанд аз оила сар шаваду масъулони асосӣ падару модар бошанд?”- мегӯяд Ф. Содиқова.
Шоҳрух Ғаффоров, директори литсей, нақл намуд, ки ҳамон рӯзи фоҷиавии февралӣ баъди анҷоми дарс бо омӯзгорон ҳама хонандагонро ба хонаашон гуселонд. Танҳо соатҳои чор тариқи телефон хабараш доданд, ки панҷ хонандаи литсейро кормандони милитсия боздоштаанд. Ӯ афзуд, ки ин наврасон хубу аъло мехонанд, ҳатто як нафарашон гирандаи стипендияи президентӣ мебошад. Хабари ҷиноят содир кардани шогирдон барояш мутлақо ғайричашмдошт буд. Ин ҳодисаи бо дастпарваронаш рӯйдодаро тасодуф мешуморад, сардори литсей. “Хонандагони мо бо худ доштани кордро инкор мекунанд, аз куҷо ва чӣ гуна пайдо шудани онро касе намедонад.  Ҳоло он чор хонанда дар дарсҳо пурра иштирок доранд. Аммо аз 2 феврал инҷониб А. Юсуфов боздошт шудааст. Бо вуҷуди ин ҳама, бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар литсейи мо авбошон, лаҷомгусехтаҳо нестанд. Агар хонандаи мо гунаҳгор бошад, мувофиқи қонун ҷазо мегирад. Ман аз номи кормандони литсей ба падару модари он хонанда изҳори тасаллият мекунам”, - гуфт Ш. Ғаффоров.

БАРОИ ВОЛИДОН ПАРДОХТИ ҶАРИМА АЗ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ОСОНТАР АСТ?
Ин буд тафсили мухтасари ҷузъиёти дастраси ҳодиса ва қазовати ду роҳбари муассиса аз кирдори шогирдони худ. Акнун чанд рақам овардан бамаврид аст, ки вазъи ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғонро дар кишвар бозгӯ мекунанд. Соли 2018 Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ 5229 рейд  гузаронд. Ҳамчунин, тибқи маълумоти хадамот соли гузашта барои сарфи назар кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидон бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.
Файзиддин Назаров, сардори шуъбаи ноболиғони хадамот, мегӯяд, ки тибқи таҳлили натиҷаи рейдҳо аксари ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиршуда, пеш аз ҳама, ба бепарвоии волидон нисбат ба тарбияи фарзандон, ҳамчунин, ба омилҳои   иҷтимоиву  иқтисодӣ, костагии ахлоқ, пошхӯрии оилаҳо, муҳоҷирати  корӣ ва ғайра рабт дорад. Соли 2018 ноболиғон беш аз 900 ҷиноят содир кардаанд, ки ин нисбат ба як соли қаблӣ (690) беш аз 200 - то зиёд аст.
Ин рақамҳо гӯёи онанд, ки сарфи назар аз тамоми тадбирҳои сохторҳои нигаҳдории тартибот, аз ҷумла хадамоти номбурдаи ВКД, ҷинояткорӣ миёни ноболиғон на танҳо коҳиш наёфтааст, балки ба дараҷаи ташвишовар боло рафтааст.

ПАДАР БАРОИ МАН ВАҚТ НАДОРАД
Дар ин манзар беш аз 1, 2 миллион сомонӣ ҷарима шудани волидони онҳо чӣ маънӣ дорад? Тарбияи фарзанди худро бар дӯши мактабу милитсия бор кардан! Наврас саҳар мактаб рафта дарс мехонад, баъди он хона омада хӯрок мехӯрад ва то нисфи шаб кӯча меравад - назди ҷӯраҳо ё худ аксар вақт ба интернет - кафе. Дар он ҷо ӯ бо чӣ бозиҳо машғул мешавад ё чӣ сомонаҳои барои синну солаш мамнӯъро тамошо мекунад, падару модараш хабар надоранд. Падар барои ин “майда-чуйда” вақт надорад, модари бечора бошад, аксар вақт сарфаҳм намеравад. Яъне, ноболиғ пурра дар ихтиёри худ аст, куҷое хоҳад мераваду чизе хоҳад, мекунад. Чун бо ҳамсолони кӯчагарду авбош унс гирифта, ҷинояте содир кард, падару модар, ки фарзандашонро “мусичаи бегуноҳ” мепиндоштанд, даст ба гиребони ҳайрат бурда, бо сад қасам “бачаи ман ин хел нест” мегӯянд.
Мутаассифона, теъдоди чунин волидон, хосса мардон, ки барои тарбияи фарзанд, ҳатто барои суҳбати одӣ вақт надоранд, яъне нисбат ба ояндаи онҳо бепарвоянд, хеле бисёр аст. Барои далел дур рафтан ҳоҷат нест: як миллион ҷаримаро ба хотир оред, ки ба чунин хулоса меорад. Дар ҷомеаи имрӯза падару модароне кам нестанд, ки барояшон пардохти ҷарима осону камташвиштар аст, назар ба машғул шудан ба таълиму тарбияи бачаҳои худ. Агар ҳамон беш аз як миллион сомониро падару модарон барои ниёзи фарзандон сарф мекарданд, хуб набуд? Ин ҷо дигар паҳлуи масъала рӯ мезанад: масофаи байни волидон бо ҷигаргӯшаҳояшон ба дараҷаест, ки аз розу ниёзи онҳо воқиф нестанд. Ин боз як бадбахтии дигар аст, ки дар оилаҳои муосир торафт реша медавонад.
Бегумон, волидони хонандаҳои муассисаю литсей, ки сухан аз онҳо ибтидо гирифта буд низ, нисбат ба фарзандони худ шояд чунин ақида доштанд. Хато дар куҷо ва дар кист?
Иншои хонандае ёдам омад, ки мухтасар чунин аст: “Падару модарам аз кор, ки омаданд, назди телевизор нишаста то як поси шаб тамошо мекунанду баъд хоб мераванд. Рӯзи дигар барвақт кор мераванд. Бегоҳ бошад, боз телевизорро мебинанду маро не. Бисёр мехоҳам ҳеҷ набошад, як рӯз телевизор шавам. То ки онҳо маро ҳам бубинанд...”
Сафаргул АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2019    №: 109    Мутолиа карданд: 831
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед