logo

иқтисод

ХОВАЛИНГ. РОҲИ ФАРСУДА АЗ МУШКИЛОТИ КАЛИДӢ БОҚӢ МЕМОНАД

Чанде пеш бори аввал ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафар кардам. Воқеан, аз дидани табиати зебову манзараҳои тамошобоб, кӯҳҳои сарбафалак ва нафас кашидан аз ҳавои форами ин ноҳия кас роҳат мекунад. Роҳ аз ноҳияи Восеъ то маркази ноҳияи Ховалинг хеле ҳамвор аст. Ҳамсафарон пешниҳод карданд, ки оромгоҳи яке аз чеҳраҳои шинохтаи олами ислом Ҳазрати Султон Увайси Қараниро низ зиёрат намоем.

Роҳ муҳимтарин нишонаи ободист. Ростӣ, ҳеҷ интизор надоштам, ки роҳ то оромгоҳи ин шахсияти маъруф, ки ҳамасола ҳазорон нафар сайёҳон аз дохилу хориҷи кишвар барои зиёрат меоянд, то ин дараҷа нообод бошад. Роҳи 18 - километра ҳанӯз солҳои шӯравӣ бунёд гардидааст. Яке аз пулҳои ин мавзеъ низ ҳоли табоҳ дорад. Дар ин самт чанд деҳа ҷойгир аст. Сокинону меҳмонон низ ҳамарӯза аз ҳамин роҳи вайрона истифода мекунанд.
29 сентябри соли 2013 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг оромгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қараниро (маъруф ба мазори Ҳазрати Султон) зиёрат намуда, барои ба як мавзеи ободу зебои сайёҳӣ табдил додани он ба масъулон супориш дода буданд, ки дар ин ҷо як меҳмонхонаи бисёрошёна бо шароити муосири фароғат бунёд намоянд.
Мутаассифона, барои навсозии роҳ то оромгоҳи Ҳазрати Султон масъулон камари ҳиммат набаставу кори арзишманде анҷом надодаанд. Ҳоли хароби роҳ чун ҳамешагӣ ба рафтуомади сокинону меҳмонон, хусусан сайёҳон, монеа эҷод мекунад.
Баҳриддин Азизов, мудири шуъбаи рушди сайёҳии минтақаи Кӯлоб, гуфт, ки роҳ аз маркази ноҳия то оромгоҳи Ҳазрати Султон, дарвоқеъ, дар ҳолати вайронӣ қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, давоми соли 2018 ба ноҳия 29 ҳазору 24 нафар, аз ҷумла 556 нафар сайёҳи хориҷӣ, бо мақсади боздид аз ёдгориҳои таърихӣ, зиёрат ва шикор вориди ноҳия шудааст. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ бошад, 1808 сайёҳ ба тамошои ин ноҳия омад. 
- Сайёҳон бештар бо мақсади зиёрати оромгоҳи Ҳазрати Султон меоянд. Дар ноҳия 4 мавзеи сайёҳӣ, 57 ёдгории таърихӣ, инчунин, 15 зиёратгоҳ мавҷуд аст. Барои меҳмонон 3 меҳмонхона ва ду ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунад. Барои рушди соҳа ба наздикӣ дар ноҳия маркази иттилоотии сайёҳӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард, - гуфт Баҳриддин Азизов.
Ёдовар мешавем, ки Султон Увайси Қаранӣ (592 – 659) дар воҳаи Қарани Яман дар оилаи Омир ном шахс ба дунё омада, ҳамчун орифи бузург дар байни мусалмонони дунё шуҳрати бемисл дорад. Асосан, аз рӯи эҳтироми модар ва амалҳои некаш ба ин мартаба расидааст. Номи асосии бузургвор Увайс буда, Султон унвони баландмартабагии ӯ нисбат ба шайху авлиёҳост. Қаран минтақаест, ки аҳли Наҷд аз ин мавзеъ эҳроми ҳаҷ мебанданд. Дар бораи ба Мунки куҳан (Ховалинги имрӯза) овардани ҷасадаш бо уштур ривоятҳо зиёданд. Оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ дар ин мавзеъ аз асрҳои VIII - IХ то ин дам чандин маротиба таъмир ва навсозӣ шудааст.
Аз канори оромгоҳ оби шаффофу дармонбахши чашмаи хуштаъм ҷорист. Ковишҳои бостоншиносии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон(соли 2004)  муайян намудаанд, ки ҳанӯз дар асрҳои VII - IX атрофи мазор бо девори гилӣ иҳота гардида, берун аз он биноҳои истиқоматӣ ва хоҷагидорӣ ҷойгир буданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тӯли асрҳо ин мавзеъ ҳамчун макони муқаддас ва зиёратгоҳ арзи ҳастӣ доштааст.
Искандар Бобоназаров, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, гуфт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021 дар ноҳия бунёди 330 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, навсозии роҳ аз маркази ноҳия то оромгоҳи Ҳазрати Султон низ дар нақша аст. Сохтмони роҳи мазкур бояд соли 2020 аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардад.
Воқеан, бунёди ин роҳ барои ҷалби бештари сайёҳону зиёраткунандагон ба оромгоҳи Ҳазрати Султон амри зарурӣ буда, аз масъулони ноҳия ва вилоят тезондани ин амалро тақозо мекунад. Дар ҳолати навсозии роҳи мазкур шумораи сайёҳон бамаротиб зиёд мегардад, ки ин ба ғанишавии буҷети маҳаллӣ низ мусоидат хоҳад кард.
Алъон роҳу раҳравон ба умеди ваъдаи масъулонанд. 
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2019    №: 108    Мутолиа карданд: 1086
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед