logo

ҳуқуқ

"ТОҶИКСТАНДАРТ". 106 ТОННА ХУРМОИ ПАСТСИФАТ РЕЭКСПОРТ КАРДА ШУД

Дар натиҷаи санҷишҳои назоратии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») 106 тонна хурмои воридотии пастсифат ошкор гардида,  дар доираи ҳамкорӣ бо  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон реэкспорт  карда шуд.

Тавре аз агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд, маҳсулоти пастсифати аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ воридгардида  аз рӯи сифату бехатарӣ ба талаботи регламенти техникии «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ҷавобгӯ набуд ва сертификати мутобиқат надошт.
Бархе аз соҳибкорон барои ба даст овардани даромади бештар бар хилофи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва регламенти техникии «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти хӯроквории муҳлати истеъмолашон гузашта, пастсифат ва ба саломатии инсон хатарнокро ба ҷумҳурӣ  ворид менамоянд.
Айни замон новобаста ба тақвияти чорабиниҳои тарғиботию фаҳмондадиҳии мутахассисони агентӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорон, дар марказҳои савдо ва бозорҳо камбудию норасоиҳои зиёд мавҷуданд. Ислоҳи онҳо, пеш аз ҳама, ба масъулият ва фарҳангу маърифати соҳибкорону фурӯшандагон, ҳамчунин, роҳбарони бозорҳо вобастагӣ  дорад.
Аз ҷониби дигар, истеъмолкунандагон низ бояд аз ҳуқуқҳои худ истифода бурда, дар вақти хариди маҳсулоти хӯрока ё молҳои дигари ниёзи мардум сараввал ба санаи истеҳсолу муҳлати истеъмол эътибор диҳанд ва дар ҳолати зарурӣ аз фурӯшанда сертификати мутобиқати сифати маҳсулотро талаб намоянд. Харидор ҳуқуқ дорад, ки дар вақти набудани сертификат маҳсулотро нахарад ё дар сурати вайрон гаштани ҳуқуқҳояш ба агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат намояд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2019    №: 110    Мутолиа карданд: 960
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед