logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

РИШВАСИТОНӢ
Корманди комиссариати ҳарбӣ
бо 9000 сомонӣ ба даст афтод
Корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадраҳим Раҳимов, ки мехост бар ивази 9000 сомонӣ ба шаҳрвандон билети ҳарбӣ диҳад, аз ҷониби маъмурони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, боздошти корманди комиссариати ҳарбӣ дар пайи муроҷиати шаҳрванд «Ҳ», сокини деҳаи Лангари Шоҳи ноҳия Тоҷикобод имконпазир гардидааст. Ин шаҳрванд дар номае ба агентӣ арз намудааст, ки Маҳмадраҳим Раҳимов барои додани билети ҳарбии ғайриқобили хизмат ба номи ду бародараш аз ӯ 9000 сомонӣ талаб дорад.
Дар пайи ин муроҷиат нисбат ба М. Раҳимов бо моддаи 247 қисми 2 банди «г» (қаллобӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, корманди комиссариати ҳарбӣ ҳангоми гирифтани маблағи мазкур дастгир шудааст.
Ҳоло дар робита ба ин ҳолат тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ОҚИБАТИ МАСТӢ
Моҷарое, ки бо марг анҷом ёфт
Вазорати корҳои дохилӣ таҳқиқи ҳодисаи дар бозори «Панҷшанбе» - и шаҳри Хуҷанд баамаломадаро, ки боиси марг шуд, оғоз намуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти вазорат, ҳоло, дар робита ба ин ҳодиса, кормандони милитсия марди 47 - солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун гумонбар дар қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд.
Боздоштшуда 5 июни соли ҷорӣ дар дар майдони Регистон дар ҳолати мастӣ бо як сокини дигари ноҳияи мазкур, ки манбаъ аз ӯ марди 52 - сола ном мебарад, муноқиша карда, ӯро шадидан лату кӯб намудааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Нисбат ба марди гумонбар бо моддаи 110 қисми 3 (қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

ҚАЛЛОБӢ
Истифода аз мақоми хизматӣ
боиси ҷавобгарӣ шуд
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба сармутахассиси Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Ҳисор Бобомурод Назаров баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардид.
Бобомурод Назаров моҳи январи соли ҷорӣ бо ҷурми талаби пора ба маблағи 5000 ҳазор сомонӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардид. Номбурда ин маблағро барои тайёр намуда додани шиносномаи ҳавлидорӣ аз як шаҳрванд талаб кардааст, ки ҳангоми гирифтани он ба даст афтод.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б, в,» (қаллобӣ бо расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд ва истифода аз мақоми хизматӣ) бандубаст шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2019    №: 110    Мутолиа карданд: 808
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед