logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ШРИ-ЛАНКА

13 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка Майтрипала Сирисенаро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот натиҷаҳои аввалин музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар, ки соли 2017 сурат гирифта буд ва, инчунин, масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба сарзамини меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки, дар доираи сиёсати хориҷии кишвар, мо ба таҳкими равобити дӯстона бо давлатҳои  минтақаи рушдёбандаи Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Шри - Ланка, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем.
Дар мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, бофандагӣ, дорусозӣ, коркарди пашму пӯст, таъсиси корхонаҳои муштараки соҳаи истихроҷу коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, таҳияи лоиҳаҳои бузурги зерсохтори нақлиёт, рушди соҳаи сайёҳиро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки барои рушду тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар, аз ҷумла сиёсат, иқтисоду тиҷорат, ҷоннок кардани фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка, баргузории бизнес - форумҳо, таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Шри - Ланка, дастрасии Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрӣ, истифодаи долонҳои транзитӣ, мусоидати бештар хоҳад кард.
Ҷонибҳо барои расидан ба ин ҳадафҳо, таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, инчунин, имзои лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисодро иқдоми саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо, ҳамчунин, дар доираи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ масъалаи мубориза бо таҳдиду хатарҳо, аз қабили тақвияти мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, қочоқи маводи мухаддирро муҳокима карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2019    №: 112    Мутолиа карданд: 5448
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед