фарҳанг
КӮҲУ САҲРОИ ВАТАНРО ХОНАВУ ДАР ГУФТААМ
Ин сарлавҳа мисрае аз ашъори Саидҷон Ҳакимзода, шоирест, ки чандин сол пеш дунёро падруд гуфтааст, аммо эҷодиёташ имрӯзҳо мисли ин ки тавлиди дубора меёбад ва китоби тозанашраш бо номи “Гавҳари умед” мавриди гуфтугузори аҳли сухан аст.
Оре, имрӯз дастовардҳои эҷодии Саидҷон Ҳакимзода, ки дар замони худаш аз назарҳо дур мондаву чандон тақдир нагардида буданд, дар қатори дастовардҳои хуби шеъри муосир ном бурда мешаванд, ки ин ҳам гумон мекунам, ба шарофати истиқлолияти кишвар аст. Мо китоби тозанашри ӯро варақ мезанему аз саҳифа ба саҳифа ба симои дурахшони шоириаш бештар эътимод мебандем.
Аввалин чизе, ки дар шеъри ӯ хонандаро тасхир мекунад, рӯҳияи баланду бетамаллуқи ватандӯстист. Ягонагии ӯ бо Ватан, бо Тоҷикистон хеле табиӣ иброз меёбад ва ҷои шубҳа ба самимияти он намегузорад. Ин ҷо суханҳо аз таҳти дил ва табииянд, болохонадор нестанд, хонандаро гармӣ ва самимияти онҳо фаро мегирад:
Тоҷикистонро ба ҷону дил баробар гуфтаам,
Меҳрубон занҳои ӯро ҷои модар гуфтаам,
Духтаронашро ба қалби пок хоҳар гуфтаам,
Навҷавонони накуяшро бародар гуфтаам.
Ба назар чунин мерасад, ки ин муҳаббат, муҳаббат ба халқу Ватани худ дар шеъри Ҳакимзода чун оби равон ҷорист, бидуни ҳеҷ раҳнамоӣ:
Ҳамчу шири модарам ҳар чашма дорад оби пок,
Ёфтам нашъунамо аз обу хокаш мисли ток,
Омадам дар он ба дунё, меравам дар он ба хок,
Кӯҳу саҳрои Ватанро хонаву дар гуфтаам.
Бубинед, ӯ ҷавонии Тоҷикистонро чӣ гуна эҳсос мекунад ва шоирона шарҳ медиҳад:
Тоҷикистон! Ин сухан бӯи ҷавонӣ мекунад,
Ҳар қадар, ки солҳои бешуморе бигзаранд,
Чунки нав-нав чашмаҳо ҷорӣ шуда аз кӯҳҳош,
Бар заминаш нӯшдоруи ҷавонӣ оваранд.
Шеърҳои Ҳакимзодаро мехонеду ҳис мекунед, ки сухан аз замири ӯ табиӣ чун оби чашмаҳо худаш ҷорист. Шоир барои ёфтани суханҳои баланду болохонадор зӯр намезанад, аз ин рӯ, ин суханҳо шаффофанд ва дар баробари ин, сурати табиӣ зуҳурот ва андешаҳои ӯро таҷассум менамоянд. Дар маҷмӯъ, тасвири воқеӣ ва боварбахши симои тоҷикиро бо худ мебаранд. Дар шеъри “Тоҷикбачаҳо” хулқ, рафтор, хусусиятҳои хоси миллии ҷавонони тоҷик тасвир меёбад ва Саидҷон дар ин баёнҳо чӣ қадар хушбин аст:
Шаҳдгуфторанд тоҷикбачаҳо,
Чашми бедоранд тоҷикбачаҳо.
Хоксориро ба тилло мехаранд,
Бо ҳама ёранд тоҷикбачаҳо.
Дар ин суханони одии бетакаллуф ва самимона гуфташуда ҳақиқати зиндагии тоҷикона ба навор омадааст ва бисёр дилгармкунадаанд ин сатрҳо:
Зодгоҳи хешро чун ҷону дил
Дӯст медоранд тоҷикбачаҳо.
Баҳри ҳифзи бахт дар гирди Ватан
Сангдеворанд тоҷикбачаҳо.
Чандин хусусиятҳои ин ҷавононро тасвир намуда, шоир симои воқеии тоҷикбачаҳоро таҷассуми бадеӣ мебахшад ва рисолати ватандории онҳоро таъйин мекунад:
Офтобиянду зери Офтоб
Дона мекоранд тоҷикбачаҳо.
Аз раҳи неки ниёгон мераванд,
Номбардоранд тоҷикбачаҳо.
Бар сари ин Тоҷикистони азиз
Тоҷ бигзоранд тоҷикбачаҳо.
Бузургдошти бузургони Ватан, ифтихори гузаштаҳо, рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ рамзҳоеанд, ки Ҳакимзода сухани худро ҳамеша дар мизони онҳо бармекашад.
“Кистам?” унвони яке аз шеърҳои ӯ саволи мураккаб ва душворест, ки Ҳакимзода пешорӯи худ мегузораду ба он посух меҷӯяд. Посухҳои ин савол бояд чун чароғоне бошанд, ки ҷодаҳои худшиносии моро рӯшан бикунанд. Дар ҳафт саволу ҳафт посух шоир андешаҳои худшиносиро барои хонанда пешниҳод мекунад, ки ҳар яке рӯшноие бо худ бурда, барои ҷавонон имбратомӯзанд. Аз ҷумла:
Кистам?
- Як пораи қалби Ватан,
Як нафар аз баҳри халқам ҷонсупор,
Як нафар дилдодаи бахти башар,
Як нафар дар аҳду паймон устувор.
Шоир ҷоннисори халқ буданро дар мадди аввал мегузорад, вале башарро фаромӯш намекунад, худро аз он ҷудо намебинад ва дар ин ҷода устуворӣ ба аҳдро муҳимтарин шарт медонад.
Ӯ кӯшиш мекунад ба саволи “кистам?” посухи солиму бебаҳс диҳад ва суннати тоҷикии посдории нону намакро ифтихоромез дар ҷойи аввал гузошта, ба ин васила, симои ҷавонмардии халқи худро падидор созад:
Кистам?
- Дорандаи поси намак,
Нашканам асло намакдони касе,
Аз касе нон хӯрдаам, нон медиҳам,
Ҷон диҳам дар вартаи ҷони касе.
Яке аз шеърҳое, ки дар он мавқеи баланду қавии инсонии шоир хеле равшан баёни шоирона ёфтааст, шеъри “Ман ҳамонам, ки ҳамон мемонам” ном дорад. Аслан, ин шеърро метавон қасамномаи шоир номид, зеро дар он ҳар банд қасамест ба унвони Ватан ва инсонгарӣ.
Решаам сахт ба хоки Ватан аст,
Шохаи пургули умрам сухан аст.
Дар ҳама ҷойи Ватан ҷойи ман аст,
Ман ҳамонам, ки ҳамон мемонам,
Дар бари ҳамватанон мемонам.
Шоир кӯшидааст ҳама сифатҳои ҷавонмардиро аз назари худ дар ин шеър ҷой кунад ва симои инсониву шаҳрвандии тоҷиконро ба тасвир орад, то раҳнамои неки дигарон ҳам бошад.
Дар маҷмӯа ду шеър: “Чеҳраи субҳ” ва “Меҳрнома” таҳти унвони “Барои Эмомалӣ Раҳмон” ба табъ расидааст, ки бо хусусиятҳои хос ва ҷолиб аз шеърҳои ба Пешвои миллат бахшидаи дигарон ба маънои мусбаташ тафриқа доранд. Аз ин рӯ, таъсирбахш буда, дар дили хонанда, воқеан, эҳтиром ва муҳаббатро нисбат ба Пешво бармеангезанд.
Пешвои халқи мо аз ҷодаи ғамхорҳо бигзашт,
Ҳамчу нур аз мағз - мағзи оҳани озорҳо бигзашт.
Рӯ ба рӯ омад ба неку зишт бо пиндори неки хеш,
Аз миёни оташи сӯзандаи озорҳо бигзашт.
Аз барои хотири сулҳу амонии ватандорон
Аз гуноҳи ноҷавонмардонаи бисёрҳо бигзашт.
Аз маишат дур гашту бо раият сахт шуд пайванд,
З-имтиҳони сахти домандори давлатдорҳо бигзашт...
То шиносонад ба олам Оли Сомонро чу давлат ӯ,
Аз ҳисори қасди бераҳмонаи ағёрҳо бигзашт.
Тоҷикистонро раҳонид аз ғами садпора гаштанҳо,
Аз балову аз қазои ҷумла қисматгорҳо бигзашт...
Ин сурат ҳақиқатест. Дар он корномаҳои Сарвари давлат бидуни ягон ҳарфи изофа ва тавсифи зиёдатӣ ба қалам омадааст ва бо ҳамин самимияти воқеии худ хонандаро тасхир мекунад.
Аз хислатҳои фардии Ҳакимзода аст, ки ӯ шеърро ба хизмати рӯз ва замон мекашонад. Ӯ мехоҳад бо шеъраш таъсир ба маънавиёту одоб, парвариши рӯҳияи инсонигариву ҷавонмардӣ расонад. Аз ин рӯ, дар ин шеър танқид ва мазаммати онҳое, ки дар сари мансаб фақат болоро мебинанду аз поён бехабаранд, баён меёбад:
Ба рӯят боз шуд дарҳои боло,
Сухан гӯӣ зи минбарҳои боло.
Касе сар хам кунад, онро бубинӣ,
Намебинӣ, вале сарҳои боло.
Ба ин тариқ, дар партави озмуни фарогири ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат тарҳрезӣ гардидааст, нашр ва дастраси хонандагон гардидани китоби ашъори Саидҷон Ҳакимзода хеле бамаврид ва шоиста буда, саҳми арзандаи худро дар бозгашт ба муҳтавову нигаҳдории китоб, ки асолати миллии мост, хоҳад гузошт.
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.06.2019 №: 112 Мутолиа карданд: 1142