logo

фарҳанг

МАҲМУДҶОН ВОҲИДОВ: "МАРО ЁД КУНЕД"

(“Ҷумҳурият”, 23 майи соли 2019)

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт маводи “Маҳмудҷон Воҳидов: “Маро ёд кунед” – ро, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод. Дар он аз хусуси норасоиҳо дар рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо доир ба сазовор ҷашн гирифтани 80 - солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов дар ноҳия сухан рафтааст.

Масъулини соҳа дар ҳақиқат бо рӯзноманигор вохӯрда, аз рафти иҷрои чорабиниҳо маълумот доданд. Аз ҷумла, дар бораи ба тасвиб расидани қарори раиси ноҳияи Ашт ва тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳо доир ба таҷлили 80 - солагии Маҳмудҷон Воҳидов иттилоъ дода шуд. 
Норасоиҳои дар мавод нишондодашуда ислоҳ гардида истодаанд.  Аз ҷумла, муаллиф дар мақолаи худ овардааст: “Дар театр гӯшае нест, ки каси ба он омада маълумоти муфассале оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Маҳмудҷон Воҳидов пайдо кунад. Нимпайкараи ҳунармандро, ки солҳои аввали навадуми асри гузашта ҳайкалтароши маъруфи тоҷик Камолиддин Нодиров офарида буд, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ таъмирталаб шудаасту дар таҳхонаи театр қарор дорад”. Вобаста ба ин ҳолат Шоирҷон Абдураҳмонов, ки айни ҳол сарварии Театри мусиқӣ - драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидовро ба уҳда дорад, иттилоъ дод, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар театр гӯшаи махсусе доир ба фаъолияти эҷодии М. Воҳидов таъсис дода шуда, нимпайкараи устод дар дохили бинои театр бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода  ва меҳмонон аз ноҳияи Попи Ҷумҳурии Ӯзбекистон кушода шуд.
Рӯзноманигор замоне ба ноҳия омада буд, ки барои таъсиси гӯша корҳои омодагӣ мерафт. Ба ҳамагон маълум аст, таъсиси чунин як гӯша, ки барои ҳазорон нафар ҳаводорон ва дӯстони Маҳмудҷон Воҳидов ба намоиш гузошта мешавад, кори саҳл ва осон нест. Бинобар ин, масъулин дар омодасозии гӯша ба шитобкорӣ роҳ додан нахостанд. Ин аст, ки гӯшаи ба ҳаёт ва эҷодиёти ҳунарманд бахшидашуда, хеле диданӣ ва хотирмон баромадааст.
Дар идомаи мақола навишта шудааст, ки “инак, сол ним шуда бошад, ҳам то ҳол дар ягон шумораи рӯзномаи ноҳиявии “Шуҳрати Ашт” оид ба ҷашни ҳамдиёри машҳурашон сатре рӯи чопро надидааст”. Бинобар иттилои Таҳмина Мисробӣ, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ, баъди нашри мавод дар рӯзнома 2 мақола (зери унвони “Ситораи рахшони саҳна” ва “Маро ёд кунед”) оид ба фаъолияти Маҳмудҷон Воҳидов чоп гардид. Рӯзнома ба нақша гирифтааст, ки то ҷашни ҳунарманд силсилаи мақолаҳоро нашр намояд.
Муаллиф, ҳамчунин, нигоштааст, ки дар радиои маҳаллии “Диёр” ҳамарӯза, вақти бомдод то панҷ дақиқа рубоиёти Хайёму ғазалҳои Ҳофиз, достонҳои устод Турсунзода бо садои Маҳмудҷон Воҳидов пахш мешавад. Барномаҳои “Гулбонги сапедам” бо садои махмалини Маҳмудҷон Воҳидов акнун давоми ҳафта на танҳо субҳгоҳон, балки давоми рӯз низ пахш мешаванд.
Ҷиҳати таҷлили 80 - солагии ин шахсияти шинохта ва маъруф аз 16 апрели соли 2019 қарори раиси ноҳияи Ашт ба тасвиб расида, бандҳои он дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро мешаванд. То имрӯз дар ноҳия тибқи нақша як қатор чорабиниҳо баргузор шуданд. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои маърифатӣ оид ба фаъолияти фарзандони шуҳратманди диёр, махсусан ровии нотакрор Маҳмудҷон Воҳидов, доир гардида истодаанд. Миёни хонадагони ноҳия озмуни “Ровии беҳтарин” ташкил шудааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт минбаъд низ баҳри гиромидошти хотираи ҳунарманди шаҳир Маҳмудҷон Воҳидов тамоми чораҳоро андешида, дар таҷлили сазовори ҷашни 80 – солагиаш саҳми босазо хоҳад гузошт.
Аниса ҶАЛИЛӢ, муовини раиси ноҳия Ашт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2019    №: 115    Мутолиа карданд: 1038
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед