logo

ҳуқуқ

ҲУШДОРИИ КҲФ: "ФАРЗАНДОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД!"

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се навраси то 15 - соларо, ки дар минтақаи мамнӯъ барои шиноварии дарёи Сир оббозӣ мекарданд, аз хатари марг наҷот доданд.
Дар ин бора Умеда Юсуфӣ, сардори маркази матбуоти кумита, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият»  иттилоъ дод. Ба гуфтаи манбаъ, ҳангоми навбатдорӣ дар соҳилҳои дарёи Сир гурӯҳи ғаввосон – наҷотдиҳандагони раёсати кумита дар вилояти Суғд ин наврасонро, ки дар ҳоли ғарқшавӣ буданд, наҷот доданд. Дар аввалин фурсат барои онҳо ёрии тиббӣ расонда шуд.
- Ба хотири пешгирӣ аз чунин рӯйдодҳои нохуш наҷотдиҳандагони кумита маҷмӯи чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарӣ дар обҳо мегузаронанд ва ин вазифаи хеле муҳими онҳо дар мавсими тобистон мебошад. Ҳамарӯза мутахассисони мо дар гӯшаву канори кишвар, минтақаҳои наздисоҳилӣ, лагерҳои истироҳатӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ навбатдорӣ мекунанд. Ҳамзамон, бо роҳандозии мулоқотҳо ба истироҳаткунандагон дар бораи хатари шиноварӣ дар ҷойҳои мамнӯъ ва расондани ёриҳои аввалияи тиббӣ суҳбатҳо баргузор мекунанд, - гуфт Умеда Юсуфӣ.
Тибқи омори расмии кумита давоми соли 2018 дар ҷумҳурӣ бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ 140 нафар ғарқ шуд, ки 27 нафари онҳо кӯдакони то даҳсола ва 23 нафар то ҳабдаҳсола мебошанд.  Аз ҷумлаи ғарқшудагон 48 нафарро шахсони 35 - сола ташкил медиҳад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки бо фаро расидани фасли тобистон ва мавсими оббозӣ фарзандон аз ҳарвақта бештар зери назорати қатъӣ гирифта шаванд. Дар истироҳатгоҳҳои кӯдакона, ки мактаббачагон вақти таътил ба фароғати тобистона фаро гирифта мешаванд, аз ҷониби масъулин назорати ҷиддиро ба роҳ мондан зарур аст.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2019    №: 116    Мутолиа карданд: 1191
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед