logo

фарҳанг

САРАЗМ МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ ШУД

Пайдо шудани маркази маданияти аҳди қадимаи кишоварзии Саразм аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон  Исҳоқӣ дар омӯзиши таърихи халқи тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. А. Исҳоқӣ  солҳои тӯлонӣ дар  таҳқиқи ёдгориҳои дигар саҳм гузошта, дар тарбияи бостоншиносони зиёде саҳм гирифтааст. 

А. Исҳоқӣ бо дастгирии собиқ сарвари Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Искандаров ва бо пешниҳоди устодаш А. М. Белинитский аз соли 1972 рӯ ба пажӯҳишҳои бостоншиносии қалъаву кӯшкҳои аҳди антиқаву аввали асримиёнагии водии Зарафшон овард. Дар натиҷа якчанд ёдгории аҳди Кӯшониён ва Суғдиёнро омӯхта, ба онҳо  равшанӣ андохт.
Аввалин бозёфти Саразм табар – тешаи биринҷӣ буд, ки аз тарафи истиқоматкунандаи деҳаи Авазалии Ҷамоати деҳоти Саразм А. Тайлонов пайдо шуд. Аз тобистони соли 1977 тадқиқоти бостоншиносии ёдгории Саразм оғоз гардид. Директори собиқи Институти таърихи маданияти моддии Академияи илмҳои СССР В. М. Массон ҳамеша маслиҳатгару раҳнамои  А. Исҳоқӣ буд.
Соли 1982 дар шаҳри Душанбе Анҷумани байналхалқии СССР ва Фаронса дар мавзӯи «Маданияти қадимаи Бохтар» баргузор гардид. Дар ин Анҷуман бостошиносони варзидаи Россия ва Осиёи Марказӣ роҷеъ ба маданияти қадимаи Бохтару бохтариён ва саҳми онҳо дар ташаккули маданияти башарӣ мубодилаи афкор намуданд. Маърузаи илмии нахустмуҳаққиқи ёдгории Саразм А. Исҳоқӣ дар мавзӯи «Омӯзиши ёдгории қадимаи кишоварзии Саразм дар водии Зарафшон» дар анҷумани мазкур ҳамчун навиди тозае дар таърихи халқи тоҷик қабул гардид. Дар он 8 бостоншиноси фаронсавӣ иштирок кард. Роҳбари Маркази таҳқиқоти илмии Фаронса, профессор Ж. К. Гарден бо А. Исҳоқӣ ҳамсуҳбат шуд. Ӯ иброз дошт, ки гурӯҳашон солҳои зиёд бо омӯзиши ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии марзҳои Афғонистон, Эрон, Балуҷистон машғул аст ва метавонанд дар ёдгории Саразм корҳои муштарак  баранд.
Тобистони соли 1984 нахустин Экспедитсияи байналхалқии Тоҷикистону Фаронса дар Саразм ҳафриётро оғоз намуд. Тайи 10 сол (1984 - 1994) як зумра олимони Фаронса - Ролан Безенвал, Анрипол Франкфорт, Лионе Бертил, Мишел Казанова, Сосброн Фабиан, Жон Десс, Фил Рокс, Мариакес дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти моддию мадании Саразм корҳои илмӣ - тадқиқотӣ бурданд. Яке аз бостоншиноси номии Фаронса Ролан Безанвал, директори Маркази миллии таҳқиқоти илмии Фаронса дар Саразми қадим солҳои тӯлонӣ дар ҳамкорӣ бо бостоншиносони тоҷик корҳои таҳқиқотӣ бурд. Бояд зикр кард, ки онҳо мушоҳидаҳо оид ба ҳолати меъморӣ, деворҳо, хиштҳо, сабаби харобшавии онҳоро санҷида, дар конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ маърузаҳои илмӣ намуданд. Бештари онҳо дар  Саразм то ҳол тадқиқот бурда истодаанд.
Донишмандони  бузурге  ба  монанди  Вероник Шилс, устоди Донишгоҳи Сорбон, Ю. А. Заднепровский, доктори илмҳои таърих аз Санкт - Петербург,   Ю. Ф. Буряков, доктори  илми  таърих  аз Ӯзбекистон, Пол Бернар, мудири   гурӯҳи  археологии  Маркази    миллии  таҳқиқоти илмии Фаронса, Б. А. Литвинский, профессор, Ходими  хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, Р. М. Мунчаев аз Москва аз Саразми қадим  дидан  карда, андешаҳои  худро  оид ба ин кашфиёт  иброз намуданд. Ба ақидаи онҳо  Саразм бузургтарин  кашфиёти аср дар археологияи Осиёи Миёна мебошад. «Тавассути Саразм, - гуфта буд  академик Б. А. Литвинский, -  мо фаҳмидем, қи минтақаи қадимтарин аз ҳудуди Ашқобод то  Панҷакент  тӯл  мекашад». 
Симпозиумҳо бахшида ба Саразм дар Париж, Амрико, Ашқобод, Душанбе, Алмаато ҳам баргузор гардиданд, Айни ҳол бостоншиносони фаронсавӣ бо ҳамтоёни худ ҳамкорӣ  намуда, олами  наботот, минералҳо ва ҳайвоноти минтақаро омӯхта, тадқиқоти ҳамаҷониба бурда истодаанд. Р. Безанвал, Ф, Бруне, В. Мутан, М, Казанова ва дигар бостоншиносон мақолаҳои илмӣ оид ба бозёфтҳои Саразм ба монанди «Лоҷуварди Саразм», «Бозёфтҳои филизӣ»,  «Бозёфтҳои археоботаникӣ»,  «Бозёфтҳои сангӣ» ва оид ба таҳқиқоти навини худ навишта, дар маҷаллаҳои илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамасола маводи ҷолибу хонданӣ чоп менамоянд.  
Ф. РӮҲУЛОВА, 
мудири фонди  Осорхонаи
ба номи Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2019    №: 117    Мутолиа карданд: 1078
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед