logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

АРМАНДО МАРКАЙ
ПЕШХИЗМАТЕ, КИ  ЧЕКИ 424 ҲАЗОР ДОЛЛАРАИ МИЗОҶАШРО  БАРГАРДОНДААСТ
«Дар дунё ҳоло ҳам одамони поквиҷдон ҳастанд», - бо хурсандӣ мегӯяд, собиқ ходими хадамоти таъминоти иҷтимоӣ аз шаҳри Мюнхен.
Гап сари он аст, ки чанде қабл пешхизмати питсерияи «Patsy’s» - и ин шаҳр, донишҷӯи 27 - сола Армандо Маркай, ҳангоми ба тартиб овардани миз лифофаеро рӯи он дид. Аввал фикр кард, ки мизоҷи навбатиаш ба ӯ чойпулӣ мондааст. Аммо ҳангоме ки ба лифофа назар намуд, ҳуш аз сараш парид. Дар он чеки бонкӣ ба маблағи 424 ҳазор доллар буд.
Маркай дар ҷустуҷӯи соҳиби чек шуд, вале ӯро наёфт. Бо маслиҳати соҳиби питсерия дар бораи бозёфташ ба нашрияи маҳаллӣ ва радиои шаҳрӣ хабар дод.
Пас аз чанде зани 79 – солае ба суроғи чек омад. Маълум гардид, ки ин маблағ пасандози якумраи ӯ будааст. Баъди гирифтани чек зан аз пешхизмат барои чойпулӣ намонданаш узр пурсида, ба вай як миқдор маблағ пешниҳод намуд. Аммо, Армандо Маркайи акнун дар шаҳр машҳуршуда ин илтифоти пиразанро напазируфт. 
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.
 

Чанд грамм спирт лозим аст?
Агар таркиби 735 грамм спирт 16 фоиз маҳлули йод дошта бошад, пас барои ҳосил кардани маҳлули 10 фоизаи он чӣ миқдор спирт лозим аст?
Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон:
238-53-40


ШЭРИ МОБЛИ
ЗАНЕ, КИ ВАЗНИ АЗ ХУДАШ ДУ БАРОБАР ЗИЁДРО МЕБАРДОРАД
Дар иёлати Арканзаси Амрико  зани 69 - сола дар варзиши навъи пауэрлифтинг штангаи вазнаш 138 килограммаро бардошта, рекорди ҷаҳонӣ гузошт.
Аҷиб ин аст, ки пиразани вазнбардор машқҳои варзиширо аз синни 60 - солагӣ оғоз кардааст. Сараввал Шэри Мобли ба толори варзиш танҳо бо мақсади шифо ёфтан аз бемории остеопороз омад ва баъдан ба вазнбардорӣ дил баст.
Таҳияи Кароматулло АТО


МАВЗЕЪҲОИ ҶОЛИБИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН
ЧИЛДУХТАРОН
Силсилакӯҳе, ки шуҳрати таърихӣ дорад
Чилдухтарон яке аз силсилакӯҳҳои машҳуру таърихӣ ба ҳисоб рафта, он дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр ба 2 ҳазор метр мерасад. Кӯҳи сангини Чилдухтарон миёни ду рӯдхона, бар фарози кӯҳ ҷойгир шудааст. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаҳои одамонеанд, ки асрори хосае доранд. Сол то сол рафтуомади сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин мавзеъ меафзояд. 
Соли 2018 аз ин макони зебо 9331 сайёҳи дохилӣ боздид намуд.  Зеро кӯҳи Чилдухтарон табиати ба худ хос дорад. Бахусус, кӯҳҳои ҳайратангези он, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунанд. Мувофиқи тадқиқоти олимон ин қаторкӯҳҳо хеле қадимианд. Он мавзее ба ҳисоб меравад, ки аз ҷиҳати сарватҳои табиӣ хеле бой буда, гулу гиёҳҳо ва ҷонварону парандагони нодир дорад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Нимашаб зан шавҳарашро бедор мекунад:
- Ба шумо чӣ шуд, чаро дод мезанед?
- Хоб дидам, ки Марусия ғарқ мешавад.
- Кадом Марусия?
- Намедонам, навакак дар хобам бо ӯ шинос шудам.

* * *
Занҳоро хушгуфторӣ мафтун мекунаду мардҳоро зебоӣ. Барои ҳамин, занҳо худро ҳамеша оро медиҳанду мардҳо доим дурӯғ мегӯянд.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ


САРБАНДҲОИ БАЛАНДТАРИНИ ҶАҲОН
Норак (Тоҷикистон)
Неругоҳи барқи обии «Норак» ҳамчун баландтарин неругоҳи дунё, дар баландии 800 метр аз сатҳи баҳр қомат афрохтааст. Сарбанди он бо баландии 304 метр шомили «Китоби рекордҳои Гиннес» аст.
Сохтмони неругоҳи мазкур соли 1961, дар рӯди Вахш оғоз гашта, чун намунаи олии ҳунари меъморӣ ва рамзи бузургию тавоноии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст. Обанбори неругоҳ дар рафти сохтмонаш бунёд шуда, аз пиряхҳои Помир сарчашма мегирад. Кӯли Норак 70 километр тӯл кашида, андозааш 98 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Айни замон, неругоҳ бо иқтидори  3000 мВт кор намуда, аз чор се ҳиссаи талаботи барқи кишварро таъмин менамояд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ЭЛИСОН
ДУХТАРЧАИ ПАНҶСОЛАЕ, КИ МОДАРАШРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД
Трейси Андерволд бо духтари панҷсолааш Элисон дар ҳавзи назди ҳавлиаш оббозӣ мекард.  Нохост ӯ аз ҳуш рафта, ғарқ шуд.
Элисони хурдакак бе дудилагӣ ба об ҷаҳид ва модарашро аз қаъри об ба соҳили ҳавз баровард.
Модари Элисон мегӯяд: «Духтарам дар 2 - солагӣ оббозӣ карданро ёд гирифта буд». Аҷиб, Элисон дарк накарда буд, ки аҳволи модараш бад асту ғарқ мешавад. Ӯ фикр кард, ки модараш зери об монданро дӯст медорад. Вале муҳим он буд, ки вай модарашро наҷот дод. 
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ПРОФЕССОР ВА САИС
Профессор барои суханронӣ ба толоре ворид мешавад, аммо дар он ҷо танҳо як нафарро дида, албатта, нороҳат мегардад.
- Ба фикри ту, барои як нафар суханронӣ кунам ё не?- мепурсад аз ӯ профессор.
- Ман як саиси одиям. Агар бубинам, ки ба ҷуз як асп ҳамаи аспҳо гурехта бошанд, ба он як асп ҳатман ҷав медиҳам.
Профессор аз ин посух рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба суханронӣ шурӯъ менамояд. Суханронӣ ду соат тӯл мекашад. Баъди итмоми баромадаш аз саис суол мекунад:
- Ба ин суханронии ман чӣ гуна баҳо медиҳӣ?
Саис посух медиҳад:
- Муҳтарам профессор, тавре гуфтам, ман як саиси одиям. Аз ин суханрониҳо чизи зиёде нафаҳмидам. Аммо боз такрор мекунам, ки агар ҳамаи аспҳо бигурезанду танҳо як асп бимонад, ба он ҳатман ҷав медиҳам, аммо на аз меъёр зиёд, ки меъдааш бикафад.
Зебунисо ҲАМИДЗОДА, донишҷӯи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода


382 РӮЗИ ГУРУСНАНИШИНӢ
Чанде пеш донишҷӯёни яке аз донишгоҳҳои тиббии Шотландия таҳқиқоте гузаронданд, ки натиҷаҳои он дар журнали «Postgraduate Medical Journal» нашр шуд. Сухан дар бораи марди 27 - солае меравад, ки муддати тӯлонӣ гуруснанишинӣ кардааст. Дар натиҷа, ӯ аз вазни худ, ки 206 килограммро ташкил медод, 81 кило кам намуд.
Муҳаққиқон муайян карданд, ки баъд аз панҷ соли гуруснанишинӣ ӯ саломатиашро хуб ва вазнашро ба 88 килограмм расондааст. Аз сабаби он, ки организми мард ба гуруснанишинӣ одат кардааст, ӯ ин ҳолатро давом медиҳад.
Мард ниҳоят дар «Китоби рекордҳои Гиннес» ҳамчун машҳуртарин гуруснанишини дунё сабти ном шуд.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


ФУТБОЛБОЗОНЕ, КИ МУФЛИС ГАРДИДААНД
3. Пол Мерсон
Футболбози достонзеби дастаҳои «Арсенал» ва «Астон Вилла» - и Англия Пол Мерсон дар миёнаи солҳои навадуми қарни гузашта майзада гардида буд. Бозигар борҳо дар клиникаҳои махсус таҳти муолиҷа қарор гирифт ва шифо ҳам ёфт, вале дидор бо дӯсти футболбозаш Пол Гаскойн ӯро боз ба тарабхона овард. Баъди як муддат омадан ба Бирмингем ва табобати навбатӣ ба судаш анҷомиду тарки одати майнӯшӣ кард. Аммо, дере нагузашта, дарди дигар – қиморбозӣ ба Пол ёр шуд. «Нӯшидани машрубот, истеъмоли маводи мухаддирро раҳо кардам, вале қиморбозӣ бар ман ғолиб омад. Ин амалҳо даҳшатноктарин қотилони зиндагӣ маҳсуб мегарданд», -   мегӯяд Пол Мерсон. Оқибат, ӯ аз завҷааш ҷудо шуд ва тамоми пардохтҳои пулиро анҷом доду, дар кӯча монд. Чанд сол дар дивизиони поёнии футболи Англия бозӣ кард, то сару нӯги зиндагиашро базӯр баробар кунад. Аз ин вазъи ногувор ва риққатангез кормандони телевизион наҷоташ доданд. Вайро чун таҳлилгар ба яке аз шоубарномаҳои телевизионии Sky Sports даъват карданд, ки Пол бо қобилияту истеъдоди таҳлилгарӣ ва шӯхиҳои самимиаш маҳбуби бинандагон гардид. Ҳамин тавр, Пол Мерсон чанд сол мешавад, ки дар ин шабака шоуи хусусии хешро мебарад ва яке аз ташвиқгарони ашаддии тарзи ҳаёти солим мебошад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


АЗ  ОЛАМИ  АҶИБИ  ҲАЙВОНОТ
Асп дорои хотираи қавӣ мебошад. Он чизҳо ва одамонеро, ки пештар дида бошад, мешиносад.
* * *
Гурхар пурпечутоб медавад, то ки аз душман наҷот ёбад.
* * *
Ранги пӯсти Нарвал (ҳайвони баҳрӣ аз оилаи делфинҳо) аз синну солаш вобастгӣ дорад. Агар ранги пӯсташ пурҷило бошад, калонсол буданашро хабар медиҳад.
* * *
Изи ангуштони коал монанди изи ангуштони одам мебошад.
* * *
Ҳамаи сурикатҳо дар гурӯҳҳое, ки зиндагӣ мекунанд, дорои машғулиятҳои хос мебошанд.
* * *
Маймун – тортанакҳо ҳангоми бо ҳам вохӯрдан, якдигарро ба оғӯш мегиранд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ГАБӢ, МАН ТУРО ДӮСТ МЕДОРАМ!
Дар пули шоҳроҳи мошингарди Берлин - Ҳамбург ношиносе дар лавҳаи эълон бо ҳарфҳои думетра навиштааст: «Габӣ, ман туро дӯст медорам!». Ҳамин изҳори муҳаббаташро дар пули дуюм ҳам ҷовидонӣ гардонд. Баъди як рӯз дар пулҳои навбатии шоҳроҳ чунин навишта ба чашм расиданд:                                                                                                                                      
«Мо ҳам. Вернер, Томас, Райнер, Юрген, Петер, Дитер, Михаэл, Георг…»
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ҲИКОЯИ КӮТОҲТАРИН
Ронандаи сархуш дар даҳон сигор хам шуда, сарпӯши баки бензинашро мекушояд, зеро мехоҳад бубинад, ки дар он чӣ қадар бензин мондааст. Шодравон ҳамагӣ 23 сол дошт.
О. ГЕНРИ


122 СОЛ УМРИ "ХЕЛЕ КӮТОҲ"!
Жанна Луиза Калман 122 солу 164 рӯз зиндагӣ карда, дар дарозумрӣ рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт.
Жанна дар Орли ба дунё омадааст. Вақте манораи Эйфелро сохтанд, Жанна 14 сол дошт. Дар синни 85 - солагӣ шамшербозӣ мекард, дар 100 велосипед меронд, дар 114 дар филм нақш бозидааст, дар 115 - солагӣ ҷарроҳиро аз сар гузаронда, дар 117 аз сигоркашӣ даст кашид.
Вақте Жанна 90 - сола буд, бе меросхӯр монд ва бо ҳуқуқшиносе бо исми Раффи (47 - сола) шартнома баст, ки ҳавлиашро ба ӯ мерос мемонад. Мувофиқи шартнома, ӯ бояд ҳар моҳ, то охири умри Жанна, рентаи давлатӣ пардохт мекард. Агар Раффи ҳавлиро ба шакли насия мегирифт, ӯ бояд 10 сол маблағи рентаро мепардохт. Аммо Раффи муддати 30 сол рента пардохт намуда, ногаҳон дар синни 77 - солагӣ вафот кард. Мувофиқи қонун ҳамсари ӯ пардохтро давом дод.
То лаҳзаҳои охири ҳаёташ Жанна ақли комил дошт. Вақте дар синни 120 - солагӣ аз ӯ мепурсанд, ки зиндагиро чӣ гуна дарёфтед, бону ҷавоб дод: «Хеле кӯтоҳ!».
Таҳияи Наргис АТОЕВА


ДАРЁҲОИ ДАРОЗТАРИНИ ОЛАМ
ҲУАНҲЕЙ
Дарё дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгир буда, бо дарозии 5464 километр дувумин дарёи дарозтарини Осиё ба шумор меравад.
Маънои “ҳуанҳей” дар тарҷума аз забони чинӣ “дарёи зард” мебошад. Он аз наздикии кӯҳҳои Тибет сарчашма гирифта, ба баҳри Зард мерезад.
Дар соҳилҳои дарё 7 музофоти пешрафтаи Чин ҷойгир аст. Ҳавзаи дарёи Ҳуанҳей наздики 140 миллион нафарро бо оби ошомиданӣ таъмин карда, барои кишоварзӣ ва саноат васеъ истифода мешавад. Дар он 14 неругоҳи барқи обӣ ҳам, сохта шудааст.
Таҳияи Комрон САФАР


АФРОДИ КАМБИЗОАТЕ, КИ САРВАТМАНД ШУДААНД
9. До Вон Чанг, муассиси "Forever 21"
Дороӣ: 6,5 миллиард доллари ИМА.
Ҳаёт ба муассиси «Forever 21», До Вон Чанг ва завҷаи ӯ Ҷин Сук на ҳамеша имконият медод, ки зиндагии хуш дошта бошанд. Соли 1981 вай аз Корея ба Америка омада, барои таъмини рӯзгор дар як вақт дар се ҷо кор мекард. Аввалин мағозаҳои фурӯши либосҳоро ин хонавода соли 1984 кушоданд. Алҳол бошад, «Forever 21» империяи байналмилалиест, ки ба он 480 мағоза шомил аст. Фурӯши солонааш бошад, то ба 3 миллиард доллар мерасад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ШОКОЛАД  ТАЪМ, ТАЪРИХ, ТАҲҚИҚ
Шоколад. Ин маҳсулоти қаннодиро аз донаки какао тайёр мекунанд. Дарахти какао беш аз 200 сол умр мебинад, аммо на беш аз 25 – сол самар медиҳад. Дарахт ба ҳисоби миёна 2500 донак ба бор меорад. Барои истеҳсоли 1 килограмм шоколад 900 донаки какао лозим аст.
«Тахта» - ҳои шоколадӣ аввалин маротиба дар соли 1842, дар фабрикаи «Cadbury»-и Англия, истеҳсол шудаанд.
Швейтсария аз ҳисоби истеъмоли шоколад дар ҷойи якум меистад. Ба ҳисоби миёна ба ҳар сокини ин кишвар дар як сол 10 килограмм шоколад рост меояд. Тақрибан, 40 дарсади бодоме, ки дар ҷаҳон истеҳсол мешавад, ба маҳсулоти шоколадӣ илова мегардад.
Рут Грейвс Уэйкфилди амрикоӣ соли 1930 аввалин кулчақандҳои шоколадиро тайёр намуд. Ӯ ба хамири кулчақанд ба ҷойи равған шоколад ҳамроҳ намуд. 
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ПУЛИ АҶОИБ
Дар Камбодҷа пули ғайриодие сохта шудааст, ки ҷазираи  Ко-Пен ва шаҳри Кампонг - Чамро ба ҳам мепайвандад.  Дарозии он 300 метр буда, ҳамчун дарозтарин пул дар олам эътироф гардидааст. Онро аз 50 ҳазор ғӯлачӯби бамбук сохтаанд.
Истифода аз пул ройгон набуда, 1 доллари амрикоӣ арзиш дорад. Мардуми таҳҷоӣ як қисми маблағи ҷамъшударо ҳамасола барои навсозии  он сарф менамоянд. Тавассути ин пули аҷиб на танҳо пиёдагардону велосипедронҳо, балки мопеду автомобилҳо ҳам ҳаракат мекунанд.
Соли гузашта дар наздикии он пули дигари бетонӣ сохтанд. Вале он бо пули аз бамбук сохташуда рақобат карда натавонист. Чунки пули мазкур кайҳо боз барои сайёҳон ва бошандагони Камбодҷа макони дӯстдоштанӣ гардидааст. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


МУАММО
Ширкати бузурге эълон кард, ки мехоҳад мутахассис ба кор гирад. Ба ин хотир, афроди зиёде ҳуҷҷат супурданд. Намояндагони ширкат аз байни 220 довталаб бояд як касро интихоб мекарданд. Ба довталабон як суол дода, гуфтанд. “Кадоме ба ин савол посухи дуруст  дода тавонад, ҳамонро  ба кор қабул мекунем”.
Савол чунин буд: “Шумо дар шаби тӯфонӣ савори мошин ҳастед. Аз назди як истгоҳ гузашта истодаед. Дохили он се нафар мунтазири нақлиёт нишастаанд. Як пиразан, ки бемор аст. Духтуре, ки пеш аз ин ҷони шуморо наҷот дода буд. Хонуме, ки бо ӯ издивоҷ кардан мехоҳед. Аммо, мошин танҳо барои ду нафар ҷой дорад. Дар ин ҳолат чӣ кор мекунед?”
Посухҳо бисёр буданд, аммо аз байни онҳо танҳо яктояш ба ҳақиқат рост омад. Посух чунин буд: “Калиди мошинро ба духтур медиҳам, то ӯ кампирро ба беморхона барад, худам бо духтари орзуҳоям мунтазири нақлиёти баъдӣ мешавам”.
Таҳияи З. ҚУТБИДДИН


АНДОЗ
ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ
Маҷаллаи «Форбс» рӯйхати андозҳои ғайриодиеро пешниҳод кард, ки воқеан ҷолиби диққатанд. Таваҷҷуҳ кунед:
1. Бо вуҷуди вазъи орому осудаи Гвинея, сокинон барои сулҳ андоз месупуранд.
2. Сайёҳоне, ки ба ҷазираи Болеарии Испания сафар мекунанд, муваззафанд ҳар рӯз барои офтобхӯрӣ 1 евро пардохт намоянд. 
3. Агар раваду даст ё пойи сайёҳони лижарони Австрия шиканад, танҳо пас аз супурдани андози махсус духтур онҳоро гаҷбандӣ (гипс) мекунад.
4. Барои коҳиш додани дарахтбурӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қонуне қабул шуд, ки мувофиқи он барои ҳар ҷуфти чӯбчаи хӯрокхӯрӣ аз шаҳрвандон  ба андозаи 5 дарсади арзиши он андоз ситонда мешавад. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2019    №: 117    Мутолиа карданд: 1349
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед