logo

маориф

ИНСТИТУТИ КОНФУТСИЙ. КУРСҲОИ САНЪАТ НАМОИШИ ҲИСОБОТИИ ХЕШРО ТАШКИЛ КАРДАНД

Институти Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар анҷоми соли таълимӣ намоиши ҳисоботии хонандагони курси санъатро баргузор намуд.  Он чун як барномаи ҷолибу рангин ва фаромӯшнашаванда дар хотири иштирокчиён ва тамошогарон то дер гоҳ боқӣ хоҳад монд.

Донишҷӯёни бахши санъат, ки тӯли як басти таълимӣ собитқадамона меҳнат намуда, истеъдоди худро сайқал доданд, дер боз мунтазири ба рӯи саҳна баромадан буданд. Намоиши ҳисоботии дарси санъат ин навбат на танҳо диққати волидони донишҷӯёну дӯстдорони ҳунарро, балки таваҷҷуҳи намояндагони расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба худ ҷалб намуд. Ҳамчунин, намоиш диққати намояндагони ширкатҳои чинии дар Тоҷикистон қарордоштаро низ ба худ кашид.
Ҳамаи толибилмони дарсҳои санъати Институти Конфутсий дар намоиши навбатӣ иштирок доштанд. Дар саҳнаҳои умумӣ ҳамаи толибилмон ба рақс омада, саҳнаҳои намоиширо боз ҳам ҷолибтар мегардонданд. Чорабинии мазкур аз ду қисмат: намоиши ҳунарҳо берун аз саҳна ва дар рӯи саҳна иборат буд. Тамошогарон ҳар ду қисмати намоишро бо рағбати том тамошо карданд. "Аз ин ду якеро ҳамчун беҳтарин интихоб кардан, бароямон хеле мушкил буд", - мегуфтанд мухлисон. 
Дар намоиши берун аз саҳна намунаҳои ҳунарҳои хаттотии чинӣ, рассомӣ, санъати чойнӯшӣ, гиреҳбандии чинро ба маъраз гузоштанд. Тамошогарон ба ҳунари волои толибилмон баҳои баланд доданд.
Пас аз нӯшидани як пиёла чой, бо ба гӯш расидани садои дилнишини асбоби мусиқӣ тамошогарон вориди толор шуданд. Дар ин ҷо онҳоро тамоман дунёи дигар интизор буд.  Навбат ба савту навои дилнишини чинӣ расид. Донишҷӯёни гурӯҳи мусиқӣ бо садои хушу маҳорати волои навозандагии хеш мухлисонро ба хурӯш оварданд. Донишҷӯёни гурӯҳи рақси чинӣ низ бо маҳорати нотакрори хеш фазои хушу дилкашеро барои тамошогарон фароҳам оварданд.
Донишҷӯён низ дар навбати худ аз устодонашон барои тӯли як басти таълимӣ заҳмат кашидан изҳори миннатдорӣ менамуданд. Ҳамаи онҳо бо як овоз мегуфтанд, ки бесаброна мунтазири оғози басти таълимии нав ҳастанд.
Институти Конфутсийи назди
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2019    №: 118    Мутолиа карданд: 1500
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед