logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Лахш, 25 июни соли 2019

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!
Сараввал ҳамаи шумо, сокинони заҳматпешаву меҳмоннавози ноҳияи Лахшро ба ифтихори Ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки рӯзи 27 июн таҷлил мегардад, табрик мегӯям ва барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, ба ҳар кадоми шумо саломативу сарбаландӣ, хонаи обод ва барори кор орзу менамоям.
Имрӯз мо бо вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои давлатӣ ва ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳия шинос шуда, аз он қаноатманд гардидем, ки сокинони ноҳияи Лахш дар ҷодаи истиқболи арзандаи Ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва азми қатъӣ заҳмат кашида истодаанд.
Нисбат ба сафари қаблии мо маркази ноҳия хеле обод гардида, як қатор иншооти инфрасохтори иҷтимоиву хизматрасонӣ бунёд ёфтаанд, ки онҳо боиси хеле беҳтар шудани шароити зиндагии мардум ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ гардидаанд.
Сокинони ноҳия бо азми қавӣ ба корҳои ободонӣ машғул шуда, кӯшиш карда истодаанд, ки мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намоянд ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи худро боз ҳам беҳтар гардонанд.
Дар навбати худ, Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини пешрафти ин ноҳияи дурдаст аз ҳамаи имкониятҳо истифода карда, дар давоми солҳои охир ҷиҳати ҷудо намудани маблағҳои мақсаднок ва татбиқи барномаҳои давлатӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст. Барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш то ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 750 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги инфрасохтори коммуникатсионӣ барои ноҳияҳои дурдаст мо роҳи байналмилалии Душанбе – Лахш – Қарамиқро бунёд карда, рафтуомади мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро ба якчанд ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи Лахш, хеле осон намудем.
Дар баробари ин, Ҳукумат ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, бахусус пардохти саривақтии маошу нафақа, диққати аввалиндараҷа дода, тавассути дастгирии буҷети маҳаллӣ барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта чораҷӯӣ менамояд.
Натиҷаи чунин ғамхориҳост, ки солҳои охир ноҳияи Лахш дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гашта, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна, торафт тараққӣ карда истодааст. То аввали апрели соли 2019 дар ноҳияи Лахш 2400 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 - ум қариб 100 субъект зиёд мебошад.
Дар баробари ин, то моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои хурди қарзӣ ба соҳибкорони ноҳия ҳамагӣ 880 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст, ки бисёр ночиз буда, зарур аст, ки аз ҷониби сохтору мақомот доир ба ин масъала чораҳои фаврӣ андешида шаванд.
Ҳоло раванди амалисозии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2018 - 2020 идома дорад, ки дар доираи он 140 лоиҳа пешбинӣ шудааст ва иҷрои он зери назорати Дастгоҳи иҷроияи Президент қарор дорад.
Бо вуҷуди ин, иҷрои барномаи зикршуда то имрӯз ҳамагӣ 11 фоиз таъмин гардидааст. Илова бар ин, дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ амалисозии 136 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо дигар ноҳияҳо нишондиҳандаи чандон қонеъкунанда нест.
То ба имрӯз ҳамагӣ 40 иншоот бунёд шуда, дар ин раванд, ташаббускорӣ кам ба назар мерасад ва иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони муассисаҳои томактабӣ, умумӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, кам ба нақша гирифта шудаанд.
Дар ин самт мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бояд ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ бо сармоягузорону соҳибкорон тадбирҳои иловагӣ андешанд. То ба имрӯз дар ноҳия 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 565 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 2 лоиҳаи дигар ба маблағи қариб 130 миллион сомонӣ идома дорад.
Татбиқи пурраи лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Сайрон – Қарамиқ ва қитъаи Обигарм - Нуробод имкон медиҳад, ки тавассути он рафтуомади одамон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот бамаротиб афзоиш ёбад.
Вобаста ба ин, масъулон вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаи зикршуда, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои мавҷуда, инчунин, бунёд ва таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин, роҳбарону мутахассисони ноҳия бояд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди маҳал ва дигар вазорату идораҳои марбута ҷиҳати тақвият бахшидани иқтидори иқтисодӣ ва зиёд намудани даромади буҷети ноҳия, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои ҷудошуда, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии иқтисодии мардум мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Ноҳияи Лахш барои истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан картошкаи хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тоза, рушди сайёҳиву ҳунармандӣ, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ва дигар самтҳо имкониятҳои зиёд дорад. Аммо, то ҳол тамоми имкониятҳо ва иқтидорҳо истифода нашуда, заминҳои зиёд ба гардиши кишоварзӣ ворид нашудаанд ва канданиҳои фоиданок самаранок коркард нашуда истодаанд.
Соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои ноҳия беш аз 10 миллион сомониро ташкил карда, нисбат ба соли 2016 ду баробар зиёд шудааст. Аммо, бо сабабҳои дастрасии нокифоя ба воситаҳои молиявӣ ва сатҳи пасти фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ дар ноҳия ҳамагӣ ду корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки чунин вазъ нигаронкунанда мебошад. Ҳамчунин, таъсиси корхонаҳои дӯзандагӣ, рушди қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумиву косибӣ таъмин нашуда истодаанд. Ҳол он ки ин самт яке аз роҳҳои бо шуғл таъмин кардани аҳолӣ, бахусус занону духтарон ва омили муҳими афзоиши даромади оилаҳо мебошад. Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати иҷрои супориши қаблӣ дар масъалаи ба роҳ мондани фаъолияти коргоҳу корхонаҳои заршӯии хусусӣ дар дарёи Муксуи ноҳия бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ноҳияи Лахш бо шароити мусоиди иқлим иқтидори бузурги истеҳсол намудани картошкаи хушсифат ва навъҳои гуногуни меваро дошта, истифодаи ин имконият метавонад барои таъсис додани ҳазорҳо ҷойи кори доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ноҳия нақши муҳим бозад. Бо вуҷуди он ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ду соли охир қариб 40 фоизро ташкил додааст, вале таъкидҳои доимӣ ҷиҳати ба 150 ҳазор тонна расондани истеҳсоли картошка то ҳанӯз ҳалли худро наёфтаанд. Масалан, истеҳсоли картошка соли 2018 - ум 101 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба имкониятҳои ноҳия хеле кам мебошад.
Дар робита ба ин, зарур аст, ки сабабу омилҳои асосии иҷро нагардидани нақша, бахусус бад будани ҳолати мелиоративии заминҳо, фаъолияти номуназзами иншооти обрасон ва аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои корам ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.
Дар ноҳия имконияти боз 1000 гектар зиёд кардани майдони кишти картошка мавҷуд аст. Дар ин раванд, роҳбарону мутахассисони ноҳия бояд ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати зиёд намудани майдони боғҳо, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ, бунёди гармхонаҳо ва иншооти нигоҳдории меваю сабзавот ва содироти он ба хориҷи кишвар, тақвият бахшанд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки дар самти занбӯриасалпарварӣ, афзун намудани саршумори чорво, хусусан рушди қутоспарварӣ шароиту имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода карда шаванд. Бо мақсади рушди соҳаи қутоспарварӣ Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Мурғоб вазифадор гардида буданд, ки ба ноҳияи Лахш 600 - 700 сар қутос дастрас намоянд, вале бо сабабҳои гуногун ин супориш то ба ҳол иҷро нашудааст.
Умуман, дар соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ, беҳтар кардани зоти чорво, инчунин, бо истифода аз алафи фаровони имсола барои ду сол захира намудани хӯроки дурушти чорво аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки бояд зери назорати қатъӣ қарор дода шаванд.
Ҳамчунин, илова ба муассисаҳое, ки ҳоло бунёди онҳо бо дастгирии Ҳукумати мамлакат идома дорад, роҳбарони ноҳия вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм ҷиҳати ҳалли мушкилоти мактабҳо, аз ҷумла таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордошта ва бо асбобу таҷҳизоти таълимӣ таъмин намудани онҳо, чораҷӯӣ намоянд.
Тибқи маълумот дар чор соли охир 1000 нафар фарзандони сокинони ноҳияи Лахш баъди хатми мактаб ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии кишвар, аз ҷумла 215 нафар ба мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ дохил шудаанд, ки 45 фоизи хатмкунандагонро ташкил медиҳанд ва барои як ноҳияи дурдаст дастоварди хуб мебошад.
Қобили зикр аст, ки соли 2018 бо ҷалби соҳибкорон ва сокинони ноҳия 36 муассисаи тандурустии ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Дар баробари ин, норасоии мутахассисони дорои маълумоти олӣ, мавҷуд набудани шуъбаҳои ҷарроҳии кӯдакона ва бемориҳои қалб, норасоии оби тозаи ошомиданӣ дар муассисаҳои тиббӣ аз қабили мушкилоти соҳаи тандурустии ноҳия мебошанд.
Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш барои бартараф кардани камбудиву мушкилоти зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешад.
Роҳбарону мутасаддиёни ноҳия вазифадоранд, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи таъмиру азнавсозии муассисаҳои иҷтимоӣ, махсусан бунёди марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳоти дурдаст эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, дар ин ҷода ҳамкориро бо соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша тақвият бахшанд.
Тайи солҳои 2017 - 2018 ва 5 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи мақсадноку самараноки заминҳо, хусусан ғайриқонунӣ додани замин, ишғоли худсаронаи замин ва дар он бунёд намудани манзилҳои истиқоматӣ зиёд шуда истодаанд.
Инчунин, масъалаҳои вобаста ба ҷамъоварии андоз, пардохти истифодаи қувваи барқ ва оби полизӣ андешидани чораҳои қатъиро аз ҷониби мақомоти андоз ва дигар сохторҳои марбута тақозо менамоянд.
Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолияти худро бояд ҷиҳати риояи муқаррароти қонуни миллии дар ин самт қабулшуда тақвият бахшанд, зеро дар ин ҷода низ то ҳол як қатор қонунвайронкуниҳо ба қайд гирифта шудаанд.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки барои таъмин намудани иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои рушди ноҳия дар назди роҳбарону фаъолон ва сокинони он дар соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ, сохтмон, маорифу тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода иҷрои вазифаҳои муҳим қарор дорад.
Тибқи маълумот, дар ноҳия бунёди корхонаҳои коркарди мева ва истеҳсоли шарбату нӯшокиҳои мевагӣ, маҳсулоти ширӣ, истеҳсоли хишт ва дигар масолеҳи сохтмон ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷаи амалишавии онҳо садҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, ба хеле беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мусоидат хоҳад кард.
Итминони комил дорам, ки сокинони заҳматқарин ва сарбаланди ноҳияи Лахш минбаъд низ сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои пешрафту ободии ноҳия ва Тоҷикистони азизамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Бори дигар сокинони ватандӯсти ноҳияи Лахш ва ҳамаи шумо, ҳозирони гиромиро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба хурду бузурги ноҳия дар иҷрои мақсаду мароми созанда ва амалӣ гардидани нияту нақшаҳои некашон барору комёбӣ орзумандам.
Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2019    №: 121 - 122    Мутолиа карданд: 2842
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед