logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Тоҷикобод, 25 июни соли 2019

Ҳамватанони  азиз!
Ҳозирони арҷманд!
Баъд аз ду рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои орому осуда ва бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат, сокинони сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод ва ҳамаи шумо - ҳозирони гиромиро самимона табрик мегӯям.
Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди воқеан муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро маҳз ба шарофати он мо тавонистем давлатамонро аз вартаи нобудшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот дода, кишвари дар натиҷаи ҷанги таҳмилӣ харобгаштаамонро эҳё ва рушди минбаъдаи онро таъмин намоем.
Аз сафари пешинаи мо ба ноҳияи Тоҷикобод се сол сипарӣ мешавад ва ба назар мерасад, ки дар ин муддат аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва заҳмати содиқонаи сокинон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат корҳои зиёди ободониву созандагӣ ба анҷом расонда шудаанд, ки боиси хеле беҳтар шудани шароити зиндагии мардум гардидаанд.
Дар давоми қариб 28 соли Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дастгирии буҷети ноҳияи Тоҷикобод беш аз 500 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар се соли оянда бо ин мақсад қариб 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, соли гузашта аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи мумфарш ва чароғонкунии кӯчаҳои маркази ноҳия ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ татбиқ шуда, соли ҷорӣ дар ин самт иҷрои корҳо ба маблағи 8 миллион сомонӣ идома дорад.
Соли 2018 дар ноҳия ба маблағи қариб 10 миллион сомонӣ корҳои сохтмону азнавсозӣ иҷро гардида, бунёди қасри фарҳанг ва боғи истироҳату фароғат, муассисаи кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ, бинои маъмурии шабакаи барқи ноҳия, 18 синфхонаи иловагӣ, азнавсозии муассисаи таълимии рақами 10, чароғону мумфарш кардани кӯчаҳои маркази ноҳия ва дигар иншооти иҷтимоӣ ба маблағи умумии беш аз 40 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 9 лоиҳа ба маблағи 250 миллион сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 4 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 13 миллион сомонӣ идома дорад.
Дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда якчанд биноҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Зарафшон, Сари Пул, Дараи Мазори Поён, Қалъаи Лаби Об сохта ва бо таҷҳизоти зарурӣ ба истифода дода шудаанд.
Имрӯзҳо корҳои таъмиру барқарорсозии литсейи касбҳои техникии ноҳия амалӣ шуда истодаанд. Қобили зикр аст, ки дар ноҳия шумораи субъектҳои соҳибкорӣ торафт зиёд шуда, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 қариб 8 фоиз афзуда, ба 1485 субъект расидааст. Вале, тибқи маълумоти Бонки миллӣ, соли ҷорӣ ба соҳибкорони ноҳия аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ҳамагӣ 382 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби Фонди дастгирии соҳибкорӣ 840 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст, ки ниҳоят кам мебошад.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки роҳбарону мутахассисони ноҳия бояд ба иҷрои Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2018 - 2020 эътибори аввалиндараҷа диҳанд, зеро аз 182 лоиҳаи дар ин барнома пешбинигардида то имрӯз ҳамагӣ 20 лоиҳа амалӣ шудаасту халос. Чунин ҳолат далели ҳамкории нокифоя дар байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, вазорату идораҳои соҳавӣ ва соҳибкорони ватанӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ҷараёни амалисозии лоиҳаҳо ва сатҳу сифати иншооти бунёдшавандаро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои боз ҳам зиёд кардани лоиҳаҳо, пеш аз ҳама, бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинон ҷораҷӯӣ намоянд.
Дар ноҳия барои рушди саноат шароит ва захираҳои зарурӣ зиёданд ва тавассути густариш додани коркарди ашёи хоми маҳаллӣ барои ҳазорон нафар сокинони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё кардан мумкин аст. Ҳамчунин, имкониятҳои ноҳия ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла коркарди маҳсулоти чорводорӣ, хеле зиёд буда, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ - гиёҳу рустаниҳо ва чашмаҳои шифобахши мавзеъҳои Гӯгирдону Алмалик ба рушди сайёҳӣ мусоидат карда метавонанд.
Дар робита ба ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бояд дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Саридораи геология ва соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати бунёду барқарор намудани корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, беҳтар кардани ҳолати инфрасохтори маҳаллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Бо дарназардошти он ки сокинони ноҳияи Тоҷикобод асосан ба кишоварзӣ машғул буда, даромади мардум ва буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби ҳамин шуғл вобаста аст, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин маҳсуб меёбад.
 Ноҳия барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, картошкапарварӣ ва боғдорӣ шароити хеле мусоид дорад. Гарчанде дар ду соли охир майдони кишти зироатҳо зиёд шудааст, вале ҳосилнокии баъзе намудҳои он, масалан картошкаву сабзавот,  коҳиш ёфтааст.
Аз ин лиҳоз, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бояд доир ба тараққӣ додани соҳаи чорводориву картошкапарварӣ, зиёд намудани майдони кишт, тавассути таъмиру барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои бекорхобида ва обёрии заминҳои нав тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Зарур аст, ки ба масъалаи барқарорсозии боғҳои куҳна, бунёди боғҳои нав ва парвариши меваҳои содиротӣ диққати ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Тибқи таҳлилҳо, солҳои охир бо сабаби сари вақт ва дар сатҳи зарурӣ нагузарондани чорабиниҳои агротехникӣ ҳосилнокии аксар боғҳои ноҳия бисёр паст шудааст. Ҳол он ки шароити ҷуғрофӣ ва иқлими ноҳия имконият медиҳад, ки аз ҳисоби навъҳои гуногуни дарахтони серҳосил майдони боғҳоро зиёд намуда, талаботи аҳолӣ таъмин ва содироти мева афзоиш дода шавад.
Андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ин самт, инчунин бунёди сардхонаву анборҳои нигоҳдории меваю сабзавот, ташкили инфрасохтори боркашонӣ ва афзоиш додани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ вазифаи роҳбарону мутахассисони ноҳия ва дигар сохтору мақомоти дахлдор мебошад.
Ҳозирони гиромӣ!
Дар давраи истиқлолият дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 49 муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 7000 нафар хонанда ва танҳо дар ду соли охир 7 бинои нави дорои беш аз 2000  ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Соли ҷорӣ сохтмону азнавсозии 6 бинои мактаб барои 2200 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст ва зарур аст, ки корҳо дар ин самт тезонда шаванд.
Дар натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат доир ба фароҳам овардани шароити мусоиди таълим тайи ду соли охир 465 нафар ҷавонони ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ, аз ҷумла 21 нафар ба мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ, дохил шуданд ва ин нишондиҳанда дар чор сол панҷ баробар афзудааст.
Бо вуҷуди корҳои то имрӯз амалигардида, ҳоло дар ноҳия биноҳои 6 муассисаи таълимӣ таъмирталаб буда, 7 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва, дар баробари ин, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба 76 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доранд.
Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта чораҳои иловагӣ андешида, аз натиҷаи он то охири сол ба Ҳукумати мамлакат гузориш манзур намоянд.
Дар соҳаи тандурустии ноҳия низ норасоии мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва таҷҳизоти замонавии тиббӣ, инчунин таъмирталаб будани аксари муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумлаи мушкилоти ҷиддӣ мебошанд. Ҳоло аз ноҳияи Тоҷикобод дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 20 нафар ҷавонон таҳсил мекунанд, ки 7 нафари онҳо тибқи Квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Таъкид месозам, ки ин нишондиҳандаи паст мебошад. Инчунин, на ҳамаи донишҷӯён баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти  олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи тиббӣ, тибқи тақсимот ба ноҳия барои кор ҳозир мешаванд.
Роҳбарони ноҳия бояд бо дарназардошти имтиёзҳои ба кадрҳои ҷавон пешбинишуда ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби бештари мутахассисони соҳаи тиб шароити мусоид фароҳам оваранд.
Вобаста ба ин масъалаҳо, як нуктаи муҳимро таъкид месозам, ки то ҳол 23 нафар сокинони ноҳияи Тоҷикобод дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил карда истодаанд. Тавре ки борҳо гуфта будам, таҳсилоти ғайриқонунӣ дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар яке аз роҳҳои ҷалб гардидани ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ мебошад.
Тибқи маълумот, аз 30 нафар сокини бо созмони террористии “Давлати исломӣ” алоқаманди ноҳия ҳоло 7 нафараш дар маҳбас ва 17 нафари дигар дар хориҷа қарор доранд. Роҳбарону фаъолон, падару модарон ва хешу табори чунин шахсон вазифадоранд, ки якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бобати ба Тоҷикистон баргардондани онҳо фаъолона кор кунанд.
Масъалаи вобаста ба нигоҳдориву таъмири роҳҳо ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани баъзе пулҳои мошингузар мушкилоти дигари ноҳия мебошанд, ки ҳаллу фасли онҳо вазифаи Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод мебошад.
Таъминоти аҳолии маркази ноҳия ва деҳоти он бо оби тозаи ошомиданӣ низ масъалаи ҳалталаб ба шумор меравад, ки  аз сохторҳои марбута андешидани чораҳои бетаъхир, аз ҷумла таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро доир ба таъмин намудани аҳолии ноҳия бо оби босифати нӯшокӣ тақозо менамояд.
Ҳамчунин, бо дарназардошти таҷрибаи солҳои гузашта, зарур аст, ки доир ба таҳияи лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ оид ба пешгирӣ кардани ҳолатҳои фавқулода ва тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳамаи мавзеъҳои хавфноки ноҳия тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Ҳозирони арҷманд!
Таъмин намудани рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тоҷикобод, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти соҳибкориву сармоягузорӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои аҳолӣ ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, инчунин вусъат додани раванди ободониву бунёдкорӣ ба хотири истиқболи арзандаи Ҷашни бузурги миллиамон – сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз қобилияти кордониву ташкилотчигии роҳбарони ноҳия, ҷамоатҳо, фаъолон ва ҳар як фарди бонангу номус вобаста мебошад.
Бовар дорам, ки барои истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳо ва, албатта, бо заҳмати аҳлонаи сокинони ноҳия нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ марҳала ба марҳала таъмин гардида, дар ояндаи наздик симои ноҳия аз марказ то деҳоти дурдасттарини он дигаргун ва сатҳи зиндагии мардум боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Мо бояд шукрона кунем, ки давлати соҳибихтиёр ва Ватани ободу озод дорем ва дар фазои орому осуда зиндагӣ мекунем. Бинобар ин, бояд минбаъд низ ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, таҳкими иқтидори давлати соҳибистиқлоламон ва болоравии нуфузу обруи он аҳлонаву содиқона заҳмат кашем.
Бовар дорам, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод анъанаҳои неки аҷдодамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои рушди кишвари маҳбубамон саҳми босазои хешро дареғ намедоранд ва бо заҳмати ватандӯстонаву созандаи худ ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия сулҳу оромӣ, иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2019    №: 121 - 122    Мутолиа карданд: 2988
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед