туризм
"KAZAKH TV". ТЕЛЕВИЗИОНЕ, КИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОНРО МУАРРИФӢ НАМУД
Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, яке аз телевизионҳои машҳури Қазоқистон – «Kazakh TV» дар барномаи «Regional focus» оид ба вижагиҳои мавзеъҳои сайёҳии кишвар филми мустанади «Тоҷикистон» - ро ба забонҳои қазоқиву русӣ пахш намуд.
Дар он кӯҳистон будани 93 дарсади ҳудуди кишвар, мавҷудияти пиряхҳои азим, обҳои фаровону мусаффо, кӯлҳои зебо, табиати нодиру рангоранг, чашмаҳои шифобахш ва амсоли инҳо ҳамчун омилҳои рушди соҳаи сайёҳӣ номбар шуданд.
Ҳамзамон, чӯбтарошӣ мероси таърихии миллати тоҷик муаррифӣ шуда, маҳорати волои устоҳои тоҷик, таҷассум гардидани унсурҳои фарҳангию таърихӣ дар иншооти мухталиф тавсиф мешаванд.
«Кохи Наврӯз» яке аз олитарин намунаҳои санъати меъмории миллати тоҷик ёд мегардад, ки бо истифода аз технологияи муосир бо омезиши усулҳои навини меъморӣ ва ҳифзи унсурҳои таърихию фарҳангӣ сохта шудааст. Ба ақидаи таҳиягарони намоиш, «Кохи Наврӯз» бо шукӯҳу шаҳомати хос дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Бояд тазаккур дод, ки чанд рӯз қабл «Кохи Наврӯз» ба феҳристи «8 муъҷизаи Созмони ҳамкории Шанхай» пазируфта шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли равон бо даъвати Кумитаи рушди сайёҳӣ дар арафаи Иди Наврӯзи байналмилалӣ як гурӯҳ журналистони Қазоқистон баҳри инъикоси имкониятҳо ва иқтидори сайёҳии Тоҷикистон ба мамлакат ташриф оварда буданд. Ба хотири муҳайё намудани шароити хуби банаворгирӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ пресс - тур ташкил гардида, аз натиҷаи он як қатор силсилабарномаҳо таҳия шуданд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.07.2019 №: 126 Мутолиа карданд: 1797