logo

иқтисод

ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Тоҷикистон дар ҷаҳон кишвари дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ба ҳисоб рафта, беш аз 60 дарсади обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз кишвари мо сарчашма мегиранд. Ҳарчанд Тоҷикистон дар саргаҳи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ қарор дорад, масъалаи глобалии норасоии оби тоза, ки имрӯз аксари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, моро бетараф намегузорад.

Ин нукта дар конфронси илмию амалии «Захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон: неру ва идоракунии стратегӣ», ки бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, зикр ёфт.
Тавре зикр шуд, мутахассисон пешгӯӣ менамоянд, ки дар сурати пешгирӣ накардани оқибатҳои гармшавии иқлим ва ҷиддан кор нагирифтан аз ҳамкорию ҳамгироиҳо дар масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ то соли 2050 мардуми сайёра бо мушкилоти шадиди норасоии об дучор мешавад. Вақте бо сабаби нарасидани оби  тозаи нӯшоӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият кашида, ҳар сол тақрибан панҷ миллион одам аз истеъмоли оби ифлос ва бемориҳои вобаста ба он ҷони худро аз даст медиҳад, мо - мардуми фарҳангсиришти Тоҷикистон наметавонем бетараф бошем. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти таъмини оби тозаи ошомиданӣ ва ҳифзи муҳити зист, зарурати  шадиди ҳифзи захираҳои обӣ ва истифодаю танзими оқилонаи онҳо ҷалб намуданд.
Тибқи таҳлилҳои коршиносони сатҳи байналмилалӣ, соли 2030 ҳаҷми об ба ҳар сари аҳолӣ ба ҳадди хатарнок, яъне камтар аз 1,7 ҳазор метри мукааб дар як сол мерасад. Ин нишондиҳанда солҳои 60 - уми асри гузашта ба 60 ҳазор метри мукааб баробар буд.
Даҳсолаи байналмилали амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои заруриро барои банақшагирӣ ва ташкили фаъолият дар доираи даҳсола дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бо дастгирии механизми байнимуассисавии “СММ – захираҳои об” пешниҳод менамояд. Яъне истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ҷиҳати қонеъ гардондани на танҳо талаботи имрӯза, балки заминаҳои мусоид ва мусбат фароҳам овардан барои наслҳои оянда роҳи беҳтарини ҳалли мушкилот мебошад. 
Гуфта шуд, ки истифодаи оқилонаи об метавонад ҷиҳати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани вазъи санитарию гигиенӣ, рушди устувори соҳаҳои кишоварзию саноат ва энергетика мусоидат намояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз дарк намуда истодааст, ки захираҳои обро бояд дар ҳамбастагӣ бо неруи барқ, озуқаворӣ ва саноат оқилона истифода бурд. Имрӯз, ки беш аз пеш тағйирёбии иқлим шиддат меёбад, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода аз “иқтисоди сабз” аҳамияти бузургро доро мешавад, яъне неруи барқи дар неругоҳҳои обӣ истеҳсолшудаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршаванда чун манбаи таҷдидшавандаи қувваи барқ дар даҳсолаи минбаъда мавқеи арзанда ва устувори худро пайдо хоҳад кард.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2019    №: 126    Мутолиа карданд: 1180
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед