туризм
ТОҶИКИСТОН. 10 МАВЗЕИ ҶОЛИБТАРИН, КИ БОЯД ДИД
Кумитаи рушди сайёҳӣ, дар натиҷаи таҳлилу омӯзишҳо, барои сафари сайёҳон рӯйхати 10 мавзеи ҷолибтаринро тартиб дод.
Ба он Помир ё худ «Боми ҷаҳон», Душанбе - маркази чорабиниҳои фарҳангиву сайёҳӣ, Хуҷанди бостон, дайри буддоии Аҷинатеппа, Искандаркӯл, мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон», шаҳри қадимтарини кӯҳканону заргарон - Саразм, Қалъаи Ҳисор, Гармчашма, кӯҳҳои Фон ва Ҳафткӯл дохил мешаванд.
Баҳодиҳӣ натиҷаи хулоса ва назари сайёҳону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ буда, дар Портали миллии сайёҳии Тоҷикистон ҷой дода шудааст.
Шумораи сайёҳоне, ки аз Тоҷикистон дидан мекунаду хотироти нек мебардоранд, сол ба сол меафзояд. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳаввулоти чашмрасро дар соҳа ба вуҷуд оварданд. Бо такя ба тадбирҳои муассири андешидашуда, метавон гуфт, ки минбаъд сайёҳӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти мамлакатро ифода хоҳад кард.
Бунёди инфрасохтори сайёҳии ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир, пешниҳоди имтиёзҳо, афзудани хатсайрҳо, беҳ гардидани шароити пазироии меҳмонон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи иқтидори табиӣ тавассути ВАО, роҳандозии ҳуҷҷатгузории электронӣ барои сайёҳон ва монанди инҳо аз қабили тадбирҳое мебошанд, ки тайи соли ахир ба рушди соҳаи сайёҳӣ такон бахшиданд.
Дар баробари ин, табиати нодир, ёдгориҳои таърихӣ, обҳои мусаффову шифобахш ва пешравиҳои рӯзафзуни Ватани маҳбубамон асоси ҷалби сайёҳон ба шумор мераванд. Ҳамин аст, ки ба ҷумҳурии мо дар минтақа барои саёҳати экологӣ, кӯҳнавардӣ, табобатию солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ ва этнографӣ авлавият дода мешавад.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.07.2019 №: 126 Мутолиа карданд: 2249