logo

иқтисод

ОБЁРӢ. ЯК ПЕШНИҲОДИ МУҲИМ!

Бо об таъмин намудани заминҳои дар баландии деҳот ҷойгирбуда мушкили ҷиддӣ доранд. Мутахассисону олимони соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрию беҳдошти замин пайваста роҳу усулҳои босамари ҳалли масъаларо меҷӯянд. Яке аз роҳҳои нисбатан осони шодобсозии майдонҳои кишти баландкӯҳ истифода аз механизмҳои нави борбардорӣ мебошад.
Дар ин маврид, таҷрибаи мутахассисони хориҷиро ба кор бурдан мувофиқи мақсад аст. Масалан, дар музофоти Хунани Чин, барои дастрасии сайёҳон ба майдончаи тамошо ба баландии 400 метр лифти Байлонг сохта шудааст, ки иқтидори борбардориаш 3,5 тонна мебошад. Арзиши он 18 миллион доллар буда, неруи ҳаракатдиҳандааш қувваи барқ аст. Истифодаи иншооти мазкур дар соҳаи обёрӣ ё дигар бахшҳо маблағи барои сохтмон сарфшударо мепӯшонад. Аз ин рӯ, бо истифода аз энергияи ҷоришаванда дар дарёҳо, рӯдҳо ва каналу ҷӯйборҳо сохтмони чунин механизми борбардор барои интиқоли бор ва мусофирон имконпазир аст ва метавонад дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ пешравӣ оварад. Истифода аз чунин механизм мушкилоти шадиди манотиқи кӯҳистон – шодоб гардондани ҳазорҳо гектар заминро бартараф месозад. Масалан, ин дастгоҳ барои бо об таъмин кардани боғи ботаникии шаҳри Хоруғ ё қисман иваз кардани пойгоҳҳои обкашӣ имконияти пурра фароҳам меорад. Ғайр аз ин, ин механизмро барои сохтмони роҳҳои равон (эскалатор) ҷиҳати баромадан ба боғи Ғалаба дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби оби дарёи Варзоб, ҳамчунин, дар пайроҳаҳои сайёҳӣ ва ҷойҳои таърихӣ истифода бурдан мумкин аст. Механизми пешниҳодшаванда аз ҷиҳати экологӣ бехатар мебошад. Истифодаи дастгоҳи пешниҳодшаванда дар шароити кӯҳистон, махсусан дар ҷойҳое, ки обро зери дараҷаҳои нисбатан паст (5 то 60 дараҷа) ва масофаҳои нисбатан калон (100 то 1000 метр) бардоштан лозим мешавад, самаранок нест. Барои баланд бардоштани иқтидори онҳо гардиши баланди муҳаррик лозим мешавад. Гардиши баланди механизми ҳаракатдиҳанда танҳо тавассути қувваи барқ имконпазир аст. Дастгоҳи пешниҳодшаванда қувваи барқро талаб мекунад ва низоми кори он бо истифода аз чархи пуриқтидори обӣ ва редуктор асос ёфта, ба баландиҳои гуногун бардоштани обро имконпазир мегардонад. Аммо барои ин дар шароити кӯҳистон хати интиқоли барқ ва дигар шароити мусоидро фароҳам овардан даркор аст. Хушбахтона, ҳаракатдиҳандаи (муҳаррики) дастгоҳ аз оби дарёҳо ва рӯдҳои кӯҳӣ сарчашма гирифта, ба чизи дигар ниёз надорад. Онро дар дилхоҳ макони барои бардоштани об мувофиқ бо иқтидори имконпазир насб кардан мумкин аст. Шакли намунавии механизми мазкур, аллакай сохта шуда, иҷозатнома гирифтааст. Сохтани чунин дастгоҳ осон, дастрас ва аз ҷиҳати экологӣ безарар буда, дар бисёр ҷойҳо метавонад насосҳои обкаши барқиро иваз намояд. Кишоварзони мамлакат низ метавонанд аз истифодаи он фоидаи калон ба даст оваранд.
Яке аз қисмҳои асосии ин дастгоҳ чархаи обӣ (1) мебошад, ки бо қувваи оби аз баландии 3 – 4 метр ҷоришаванда ба ҳаракат даромада, вазифаи он ба воситаи тири ба станинаи дастгоҳ бо подшибник васлшуда ҳаракати редукторро таъмин месозад. Редуктор ба воситаи чархаҳои дандондори қутрашон гуногун суръати гардиши тирро паст, вале тавоноии онро зиёд менамояд. Ҳамин тавр, ҳаракат ба чархаи ҳаракатдиҳандаи транспортёр (4) дода шуда, транспортёри бо зарфҳои оббардорӣ (5) муҷаҳҳаз ба ҳаракат даромада, обро бо миқдори муайян то баландии зарурӣ ба обанбор мерасонад.  Механизм бо харҷи кам ба кор медарояд ва обро ба ҷойи даркорӣ нисбатан хубтар интиқол медиҳад.
Юсуф СУЛТОННОЁБОВ, муҳандиси соҳаи кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2019    №: 127    Мутолиа карданд: 1045
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед