logo

ҳуқуқ

ОИЛА ВА НАҚШИ ОН ДАР КАМОЛОТИ ИНСОНӢ

Таҷрибаи инсоният нишон медиҳад, ҷомеае, ки дар он институти оила мустаҳкам нест, ба нокомӣ ва мушкилоти зиёди иҷтимоӣ печида, дар ниҳоят хавфи аз байн рафтан низ ба он таҳдид мекунад. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба устувории оила ва дар ин замина, ба бунёди ҷомеаи солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 - ро Соли оила эълон карда, таъкид намуданд:  «Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад».
Ҳоло дар мамлакат Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2023 амал мекунад, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила аз ҳадафҳои меҳварии ин барнома аст.
Борҳо собит шудааст, дар оилае, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн вуҷуд надорад, ба ҷойи оромию хушбахтӣ моҷарою рӯҳафтодагӣ ҳукмфармо гардида, ба устувории оила ва ҳар як узви он, махсусан ба кӯдакон, таъсири манфӣ мерасонад. Бунёди оилаи хушбахт аз шеваи муносибати зану шавҳар вобастагии зиёд дорад. Албатта, ҳаёти оилавӣ бе камбудиву мушкилот намешавад ва дар сурати сар заданӣ нофаҳмиҳо метавон мушкилоти бамиёномадаро бо роҳи якдигарфаҳмӣ ҳал кард. Дар ғайри сурат, мушкилот зиёдтару печидатар мешавад, гоҳо боиси ҷудоӣ ва оқибатҳои фоҷиавӣ мегардад.
Дар замони авҷи бархӯрдҳо миёни гурӯҳу ҷараёнҳои тундгаро, ки бештар ба ҳаёти ҷавонон латма ворид месозад, бояд ба нақши оила ҳамчун рукни асосии ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанди солеҳу созанда беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Зеро таълиму тарбияи дуруст ба ташаккули инсони комил ва оилаи солим мусоидат намуда, имрӯзу фардои ҷомеаро рӯшан месозад. Дар ҳамин асос, ҳоло  маърифати оиладорӣ, омода кардани насли ояндасози кишвар ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок ба шумор меравад.
Мутаассифона, бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зиёд дар ин самт, ҳанӯз вайроншавии оилаҳо аз байн нарафта, ҳамчун масъалаи нигаронкунанда боқӣ мемонад. Тавре ба мушоҳида мерасад, дар натиҷаи бекоршавии ақди никоҳ ва аз ҳам пошидани оилаҳо аввалин зарба ба кӯдакон мерасад. Дар натиҷаи чунин иттифоқи номатлуб онҳо азоби рӯҳиву ҷисмонӣ мекашанд. Аз тарбияи дурусти оилавӣ дар канор монда, ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротиву террористӣ меафтанд ва дар ниҳоят ба афроди мушкилсози ҷомеа табдил мешаванд.
Аз ин рӯ, ҳар фарди ҷомеа ва ниҳодҳои марбутаи давлатро зарур аст, ки дар пешгирии чунин мушкилот масъулият дошта бошанд.
Саидраҳмон ДАВЛАТЗОДА, раиси суди ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2019    №: 127    Мутолиа карданд: 1096
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед