logo

иқтисод

МАБЛАҒҲОИ СУҒУРТАВӢ. ДАСТНОРАС БУДАНИ ОНҲО КИШОВАРЗОНРО БА ТАШВИШ ОВАРДААСТ

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба вазъи бозори молиявӣ ва раванди сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар конфронси илмӣ – амалӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ масъалаҳои фонди биржавӣ, суғурта ва вазъи  ташкилотҳои қарзиро матраҳ намуданд.
Диловар Қодирзода, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, изҳор дошт, ки ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар барои амалигардонии лоиҳаҳои истеҳсолӣ ҳалли масъалаҳои ҷалби сармояи арзон, рушди фурӯши қоғазҳои қиматнок ва беҳсозии низоми бонкиро тақозо менамояд.
Ба гуфтаи Сафар Сабзаалиев, масъули бахши амволи шаҳрвандии  КВД «Тоҷиксуғурта»,  имрӯзҳо  ночиз будани  маблағҳои суғуртавӣ  барои кишоварзон яке аз масъалаҳои  ҳалталаб ба шумор меравад.
- Мувофиқи қонунгузорӣ дар бораи суғуртаи давлатӣ маблағи ташкилотҳои суғуртавӣ бояд дар фонди алоҳидаи онҳо нигоҳ дошта шавад. Аммо имрӯзҳо ин муқаррарот аз ҷониби масъулони бахшҳои молияи шаҳру ноҳияҳо риоя намегардад. Мо дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандон маблағҳои суғуртавиеро, ки ҷамъоварӣ менамоем, сари вақт баргардонда наметавонем. Чунки маблағ дар ихтиёри бахшҳои молия асту барои гирифтанаш шаҳрванд бояд  чанд ҳуҷҷати дигар таҳия намояд. Дар чунин ҳолат ҳам бархӯрдор гардидани деҳқон аз маблағҳои суғуртавӣ  дар гумон аст. Бо ин сабаб, тайи солҳои охир суғуртаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба муаммои сарпечида мубаддал  шудааст. Азбаски ҳодисаю  офатҳои зиёновар дар табиати кишвар солҳои охир бисёр мушоҳида мешаванд, аксари  кишоварзон аз васеъ намудани майдони киштзор меҳаросанд. Агар онҳо аз дастрасӣ ба маблағҳои суғуртавӣ дилпур бошанд, пайваста ҳаҷми заминҳои киштро зиёд менамоянд ва таъмини амнияти ғизоию иқтидори содиротии мамлакатро боз ҳам беҳбуд мебахшанд.
Сафарҷон Азизов, сармутахассиси раёсати масъалаҳои макроиқтисодии МТС, фаъолияти ташкилотҳои қарзиро камсамар арзёбӣ намуда, гуфт:
- Ҳоло бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзӣ  мехоҳанд даромади худро таъмин намоянд, аммо на аз ҳисоби зиёд кардани теъдоди қарзгирандагон. Ин ҳолат ба он оварда расондааст, ки шумораи қарзгирандагон кам ва фоизи қарзҳо зиёд гардад. Бисёр хуб мешуд, ки бонкҳо ба соҳаҳои афзал ва истеҳсолкунандагони ба рақобат тобовар бо фоизҳои кам қарз диҳанд. Дар ин маврид шумораи муштариёни  онҳо зиёд гардида, хатари муфлисшавии қарзгирандагон ва бонк аз байн меравад. Аммо бо  иллати додани қарзҳои баландфоиз ва ба инобат нагирифтани афзалияту рақобатпазирии соҳаи фаъолияти муштарӣ  ташкилотҳои молиявӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ зиёни калон диданд, - гуфт номбурда. 
Ёдовар мешавем, ки тайи се соли охир шумораи ташкилотҳои қарзии мамлакат аз 138 адади соли 2015  соли 2018 то 80 адад коҳиш ёфт, ки ин аз вазъи бади соҳа дарак медиҳад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2019    №: 127    Мутолиа карданд: 1124
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед