logo

фарҳанг

АСАРИ ДРАМАТУРГИ ТОҶИК ДАР САҲНАИ ТЕАТРИ МОСКВА

Чанде пеш дар Маркази минтақавии дастгирии ташаббусҳои ҷамъиятӣ ва стратегии Россияю Қирғизистон нахустнамоиши Театри "Аён" аз рӯи асари драманависи тоҷик Ҷумъа Қуддус "Нубувати охирин" баргузор гардид.
Намоиш инсонҳоро ба сулҳ, ваҳдату ягонагӣ даъват менамояд.  Нахустнамоиши "Нубувати охирин" собит намуд, ки офарандагонаш дар роҳи расидан ба ҳадафи неки худ қадами ҷиддӣ гузоштаанд.
Таҳиягарони намоиш режиссёр, рассом ва актёри қирғиз Садир Согинбоев ва шоира Айнаш Козубоева мебошанд. Нақшҳоро ҷавонони соҳибистеъдод - муҳоҷирони меҳнатии қирғиз иҷро карданд. 
Айнаш Козубоева, узви фаъоли маҳфили "Савту каломи Маскав", дар фарҷоми намоиш  иброз дошт: «Дар маҳфиле бо Садир Согинбоев ба хулосае омадем, ки театри муҳоҷиронро созмон диҳем. Сари асарҳои таҳияшаванда низ хеле баҳс намуда, қарор додем, ки аз асари ҳамтои тоҷикамон Ҷумъа Қуддус оғоз намоем». 
Садир Согинбоев нахуст дар омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Фрунзе (Бишкек) таҳсил намуда, сипас ВГИК - ро хатм кардааст. Чанд муддат дар Киностудияи "Қирғизфилм" ҳам ифои вазифа менамояд. Дар даҳҳо филм, аз ҷумла "Бодиягард"  - и студияи "Қазоқфилм",  нақшҳои ҷолиб офаридааст. Ӯ ду сол қабл ба Москва омада, ба таъсиси гурӯҳи театрии муҳоҷирон машғул гашт.
Садир Согинбоев ҳикоят кард, ки соли 2006 Театри тамошобини ҷавони шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ба Фестивали байналмилалии санъати театрӣ асари Ҷумъа Қуддус "Нубувати охирин» - ро пешниҳод карда, соҳиби шоҳҷоиза гардид. Намоиш, ҳамчунин, ба чанд ҷоизаи дигар, аз ҷумла барои иҷрои беҳтарин нақшҳои зан ва мардро, сазовор гашт. Худи Садир Согинбоев барои ороиши  асар соҳиби ҷоиза гардида буд. Таҳиягари он Алмаз Сарликбоев барои таҳияи асар сазовори унвони Ҳунарпешаи халқии Қирғизистон гардид.
Ёдовар мешавем, ки нависандаи тоҷик Ҷумъа Қуддус муаллифи беш аз сад драма, се романи таърихӣ, 6 повест ва даҳҳо ҳикоя буда, пйесаҳои ӯ дар аксари театрҳои Тоҷикистон, инчунин, дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Қазоқистон, саҳнавӣ шудаанд. Ин таҳияи панҷуми асари мазкур мебошад. Бори нахуст он дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ рӯи саҳна омада буд.
Екатерина ИВАШЕНКО, театршинос, шаҳри Москва


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2019    №: 127    Мутолиа карданд: 1075
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед