logo

иқтисод

ҒИЗО ВА ГЕНОФОНДИ МИЛЛӢ. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат дар як ҷаласаи худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардондашуда» - ро тасвиб намуданд, ки яке аз тадбирҳои муҳими давлатӣ дар ҷилавгирӣ аз бемории камхунӣ арзёбӣ мешавад.

Маълум аст, ки норасоии оҳан дар таркиби ғизо метавонад боиси бемориҳои зиёд, хосса камхунӣ гардад. Тибқи тадқиқоти олимони тоҷик, алъон дар ҷумҳурӣ 42 дарсади кӯдакони  6 - 59 - моҳа ва  41 фоизи занони 15 – 49 - сола аз камхунӣ азият мекашанд. Гузашта аз ин, иллати организми 40 дарсади занони дар давраи ҳомила ва таваллуд фавтида маҳз норасоии оҳан аст. Яъне, бемории мазкур дар сурати пешгирӣ нашудан таҳдиди бевосита ба генофонди миллист.

БА ОРГАНИЗМ ОҲАН, КИ НАРАСИД…
- Тадқиқоти илмии солҳои охир собит сохт, ки  94 дарсади бемориҳои камхунӣ дар ҷумҳурӣ аз норасоии оҳан дар хун сар мезананд, - мегӯяд Мирзомуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии мамлакат. Ба таъкиди ӯ сабаби асосии норасоии оҳан кифоят накардани витамину минералҳои ғизое мебошад, ки истеъмол карда мешаванд. Айни замон дар 42 дарсади кӯдакони то 5 - сола ва занони то 50 - сола микроэлементҳо, аз қабили оҳан, йод, витаминҳои А ва Б, кислотаи фолиевӣ ва руҳ намерасанд.
М. Камолзода афзуд, ки микроэлементҳои таркиби ғизоро витамину минералҳо ва ферментҳо ташкил медиҳанду онҳо барои баланд бардоштани масунияти бадан ва пешгирии бемориҳо ниҳоят муҳиму заруранд. Мутаассифона, микроэлементҳо дар организми инсон ба сари худ тавлид намешаванд. Ягона роҳ тавассути ғизо онҳоро ба организм ворид намудан аст.
- Чунин вазъият мавриди нигаронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардида, бо дастури Сарвари давлат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ ҷиҳати ҳалли ин масъалаи муҳим лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардондашуда» - ро таҳия ва барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карданд, - изҳор дошт муовини вазир.

ДАР 90 КИШВАРИ ДУНЁ АЗ ҒАНИСОЗИИ ҒИЗО КОР МЕГИРАНД
Дар соири кишварҳои ҷаҳон даҳсолаҳо инҷониб бо микроэлементҳои зарурӣ ғанисозии ғизо дар асоси навтарин дастовардҳои илму техника ба таври густурда истифода мешавад. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ғанисозии хӯрокворӣ аз солҳои 30 - юми асри гузашта оғоз гардида буд. Айни ҳол қариб 90 давлати дунё, аз ҷумла кишварҳои Осиё дорои қонунҳое мебошанд, ки муносибатҳои вобаста ба ғанисозии хӯроквориро танзим менамоянд.
Бинобар ин, тавре муовини вазири тандурустӣ зикр намуд, ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонуни мавриди назар таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи Аврупо, Амрико ва Осиё омӯхта, ҷиҳатҳои муфиди он бо назардошти вазъи мавҷудаи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба инобат гирифта шуд.

ҚОНУНИ НАВ ҒАНИСОЗИИ КАДОМ ҒИЗОҲОРО ПЕШНИҲОД МЕКУНАД?
Мақсади асосии лоиҳаи қонун муқаррар намудани номгӯи маҳсулоте мебошад, ки дар мамлакат минбаъд ҳатман ғанӣ гардонда мешавад. Он мубориза ва пешгирии бемориҳои камхунии норасоии оҳан, туршии фолиат, руҳ, витаминҳои гурӯҳи «В», йод ва бемориҳои дигареро, ки бинобар норасоии микронутриентӣ боиси фавти бармаҳали модарону кӯдакон, маъюбӣ, ҳамчунин, ноқисии ақл мегарданд, ба сатҳу сифати комилан нав мебарорад. Интихоби ғизо барои ғанисозӣ бо витамину минералҳо, асосан, бо назардошти анвои ғизои маъмулии мардум ва нишондиҳандаҳои вазъи саломатии қишрҳои гуногуни ҷомеа сурат мегирад.
Анвои ғизои дар лоиҳаи қонун барои ғанисозӣ пешниҳодшуда аз инҳо иборатанд: орди гандумии навъи олӣ ва якум, хамирмояи нонпазӣ, маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, шир ва маҳсулоти ширии туршмаза, аз ҷумла барои ғизои кӯдакон, шарбат, шаҳди меваю сабзавот, нӯшокиҳои мевагиву сабзавотии шарбатдор, оби нӯшоии зарфӣ ва нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, инчунин, намаки ошӣ.

ПЕШГИРИИ БЕМОРӢ БА ИВАЗИ 1, 2 СОМОНӢ
Дар иртибот ба коркарди хӯрокворӣ ба таври табиӣ саволе пайдо мешавад, ки оё бо рӯи даст гирифтани ин усул арзиши маҳсулот боло намеравад? Бешак, боло меравад, лекин ба дараҷаи ночиз, аниқтараш ҳамагӣ 1 - 2 дарсад. Масалан, баъди ғанисозӣ нархи як халта орди 50 - килоӣ буду шуд 1 сомонию 20 дирам қимат мешавад. Арзиши як литр маҳсулоти ширӣ бошад 50 дирам.
Айни замон дар кишвар 30 корхонаи коркарди ғалла  фаъол буда, барои онҳо гандум, асосан, аз Қазоқистон ворид мешавад. Бо татбиқи қонун минбаъд ҳама орде, ки ин корхонаҳо мебароранд, микроэлементҳои зарурӣ хоҳанд дошт. Аз ин рӯ, Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, таъкид намуд, ки дар ғанигардонии ғизо бояд Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул бошад, зеро орд ва маҳсулоти ордӣ дар корхонаҳои тобеи он истеҳсол мешаванд.

РӮЗЕ 10 КИЛО ХУРМО МЕТАВОН ХӮРД?
Дигар паҳлуи масъала. Хушбахтона, чандин сол инҷониб йодноккунии намаки ошӣ дар ҷумҳурӣ маъмулӣ шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳолатҳое кам нестанд, ки иддаи шаҳрвандон, бахусус сокинони деҳот ба хотири арзонӣ намаки муқаррариро мехаранд, на намаки йоднокшударо. Ин ба афзоиши бемории ҷоғар дар байни аҳолӣ ва оқибатҳои нохуши он оварда мерасонад. Акнун дигар чунин нахоҳад шуд, зеро тибқи қонуни нав минбаъд намаки муқаррарӣ аз муомилот бароварда мешавад. Як далели ҷолиб. Барои қонеъсозии эҳтиёҷи шабонарӯзии организм ба йод рӯзе  бояд 10 кило хурмо хӯрд, ки ғайриимкон аст. Ин мушкилро осонакак тавассути намаки йоддор метавон ҳал кард.
Хуллас, ғанисозии ғизо муассиртарин воситаи бартараф намудани норасоии микроэлементҳо дар организм, пешгирӣ аз бемориҳо, ба ибораи дигар, беҳтарин роҳи таъмини рушди матлуби ҷисмонӣ ва зеҳнии инсон аст. Воқеан, тани солим аз ғизои солим аст.
Мунаввари САФАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2019    №: 129    Мутолиа карданд: 847
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед