logo

фарҳанг

ОЗМУНИ "ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН" САҲИФАИ НАВЕ ДАР ФАРҲАНГИ МУОСИР

Фарҳанги мусиқии тоҷикон боигарии маънавии халқамон буда, бо таърихи қадима, анъанаҳои ҷолиб, гуногунрангӣ ва хусусиятҳои хоси худ дар рушди маънавиёти ҷомеа нақши муҳим дорад. Он, ҳамчунин, дар пешрафти фарҳанги мусиқии ҷаҳон низ саҳми назаррас дошта, имрӯз ба шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон хусусиятҳояшро дигар намудааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст». Ин аст, ки дар сиёсати фарҳангии пешгирифтаи Сарвари давлат рушди бонизоми соҳаи санъат самти афзалиятнок ҳисобида мешавад. Аҳли фарҳангу ҳунар аз иқдомҳои беназири Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар рушди фарҳанги миллатамон  ифтихорманд буда, барои боз ҳам равнақу ривоҷ додани он тамоми неру ва истеъдодашонро равона намудаанд.
Боиси сарфарозист, ки имрӯзҳо бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҷоди асарҳои нав ба нав, дарёфти беҳтарин асарҳои мусиқии тараннумгари дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон, Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардида истодааст. Озмун дар 6 номинатсия, аз ҷумла – композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ баргузор гардида, дар ҳар номинатсия 3 ҷой барои ғолибон пешбинӣ гардидааст.
Айни замон, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат даври аввали озмун баргузор гардида истодааст. Қобили зикр аст, ки даври аввали озмуни мазкур дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар сатҳи хеле баланди касбӣ доир шуд, ки он далели таваҷҷуҳи хоси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати сафарбар намудани ҷавонони соҳибистеъдод ба озмун мебошад.
Дар ин замина, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон низ тадбирҳои амалиро дар ду самт –– ташкилӣ ва эҷодӣ ба роҳ монда, ҷиҳати мусоидат намудан ба ташаккули мақоми шаҳрвандон ҳамчун иштирокчии ғайримустақими ҳаёти эҷодӣ, ташаккули низоми нав дар раванди тарғиби мусиқии касбӣ ва дар ин робита сафарбар намудани ҷавонони соҳибистеъдод баҳри иштироки фаъолона дар ин раванд, тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.
Ҷомеа санъати асилу касбиро пазиро буда, маҳз ҳунари волою асил бавуҷудорандаи завқи бадеии бинандаву шунаванда ва таваҷҷуҳи мардум ба ин бахши муҳими фарҳанги миллӣ мебошад. Бо ин мақсад, имрӯзҳо гурӯҳҳои кории Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва намояндагиҳои иттифоқ дар вилоятҳои Суғду Хатлон номзадҳоро аз шаҳру ноҳияҳо барои иштирок дар даври якуми озмун дар номинатсияи композиторӣ тавсия намуда, инчунин, дар жанрҳои академӣ (сарояндагӣ ва навозандагӣ), гурӯҳҳои хорсароён, ансамблҳои камеравиро аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён интихоб ва омода намуда истодааст.
Сиёсати фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба худшиносии миллӣ равона шудааст. Қобили зикр аст, ки ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи наве барои ташаккули фарҳанги муосир боз гардидааст. Дар ин замина, Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷиҳати мукаммал намудани захираи кадрӣ, ташаккул додани раванди вусъати неруҳои эҷодӣ ва қобилияти наврасону ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарӣ, оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ, ғанӣ гардондан ва фаъол намудани тафаккури бадеӣ, густариши маънавиёти ҷомеа ва ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Хуршед НИЗОМОВ, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2019    №: 129    Мутолиа карданд: 999
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед