logo

ҳуқуқ

ОДАМРАБОӢ. ҲЕҶ ҶИНОЯТ БЕ ҶАЗО НАМЕМОНАД!

Дар ҳоле ки афзоиши ҷиноёти марбут ба харидуфурӯши одамон дар канори таҳдидҳои замони феълӣ, назири терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, зуҳури гурӯҳҳои радикали исломӣ, ба мавзӯи доғдоре табдил шудааст, Тоҷикистон алайҳи одамрабоӣ ва ё харидуфурӯши одамон иқдомоти муассире  роҳандозӣ карда, ҷиҳати мубориза бо ин зуҳуроти зиёновар заминаҳои устувори ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
Вобаста ба ин, ҳанӯз соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи харидуфурӯши одамон» қабул гардид, ки заминаи асосии ҳуқуқии  мубориза бар зидди харидуфурӯши одамон ба шумор мерафт. Вале, бо назардошти талаботи нави замони муосир ва вижагиҳои баамаломада дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ин санади ҳуқуқӣ 26 июли соли 2014 дар таҳрири нав таҳти унвони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расондани кумак ба қурбониёни савдои одамон» қабул гардид. Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аксар конвенсияҳои байналмилалии мубориза бар зидди савдои одамон ҳамроҳ шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расондааст.
Ҷинояти савдои одамон ба ҷамъият хавфнок буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҷиддан поймол намуда, ба амнияти ҷомеа низ таҳдиди мустақим дорад. Мутаассифона, бо вуҷуди он ки қонуни амалкунанда, истисмор ва савдои одамро бо таҳдиди татбиқи ҷазои ҷиноятӣ манъ карда, ин кирдорҳоро ҷиноят эътироф намудааст, вале таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам шахсони алоҳида ба содир кардани ин ҷинояти нанговар даст мезананд.
Омӯзиши таҷрибаҳои судӣ ва баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ собит менамоянд, ки, асосан, бонувон қурбони савдои одамон мегарданд. Ҷинояткорон аслан ҷавондухтаронеро, ки ба мушкилоти зиндагӣ дучор омада, ё таҷрибаи зиндагии камтар доранд, ҳадафи асосии худ қарор медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар содир намудани ҷинояти мазкур низ худи занон бештар даст мезананд.
Аз ҷумла, баррасии парвандаи ҷинояти нисбат ба Ш. Абудуллоева ва М. Раҳимова бо моддаи 1301 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки маҳкумшудаҳо ба харидуфурӯши занону духтарон ва истисмори онҳо даст задаанд. Чунончи, ҷинояткорон бо роҳи фиреб ва бо мақсади ба даст овардани даромади муфт се ҷавондухтарро бо пешниҳоди кор ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб бурда, онҳоро бархилофи озодии шахсӣ ва иродаашон мавриди харидуфурӯш қарор додаанд.
Айнан ҳамин ҳолатҳо зимни баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба М. Гадоева ва М. Салимзода низ дар суди шаҳри Душанбе муайян шуда, ҷинояткорон тибқи талаботи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Қобили зикр аст, ки тибқи талаботи Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаи ҳокимияти судии кишвар ба ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат равона гардидааст. Бинобар ин, нақши мақомоти судии кишвар дар пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон ва расондани кумак ба қурбониёни савдои одамон назаррас мебошад.   
Асомуддин БОБОХОНЗОДА, муовини раиси суди шаҳри Душанбе ,
Ҷовидон НАЗАРЗОД, корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2019    №: 129    Мутолиа карданд: 886
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед