logo

иқтисод

ХОНАИНТИЗОРӢ. БӮРЁКӮБОН БОЗ МАВҚУФ ГУЗОШТА МЕШАВАД?!

Солҳои охир дар пойтахти кишвар сохтмони биноҳои хуштарҳу замонавӣ, ки ба зебоии шаҳр ҳусни дигар зам менамоянд, вусъат ёфт. Шубҳае нест, ки пас аз се – чор сол дар кӯчаҳои гулрези шаҳр биноҳои 40-50 – ошёна ҳам бунёд меёбанд. Мутаассифона, дар ин миён биноҳое низ ҳастанд, ки сохтмонашон аз меъёр зиёд тӯл кашида истодааст. Ин вазъ нафаронеро, ки бо умеди соҳиби хона шудан маблағ пешпардохт кардаанд, ба ташвиш овардааст. Мувофиқи маълумот, давоми соли 2018 ва семоҳаи якуми соли ҷорӣ сокинони чанд бино бо мактуби шикоятӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудаанд.

ХУДСАРОНА ЗИЁД КАРДАНИ ШУМОРАИ ОШЁНАИ БИНОҲО
Сокини шаҳри Душанбе Фарзона Файзалиева барои харидани манзил дар деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ маблағро пурра пардохта бошад ҳам, ду сол инҷониб калиди хонаи навашро гирифта наметавонад. Бино бояд ҳанӯз соли 2017 ба истифода дода мешуд, вале сохтмон ҳанӯз идома дорад.
Ҳангоми боздид аз иншооти мазкур шоҳиди он гаштем, ки чанде аз соҳибмулкон ҳуҷраҳои нимтайёрро ноилоҷ худ таъмир карда, дар бинои нотамом бидуни кафолати бехатарӣ, санитарию гигиенӣ ва сӯхтор ба сар бурда истодаанд.
Воқеан, дар деҳаи Навбаҳори ноҳияи Рӯдакӣ лоиҳаи бино тағйир ёфтааст. Ба гуфтаи Ф. Файзалиева, он ба ҷойи ҳафтошёна акнун нуҳошёна мешавад. Ҳол он ки дар шартномаи байни фармоишгар ва харидорон он чун бинои 7 – ошёна зикр шудааст.
- Шояд яке аз сабабҳои тӯл кашидани сохтмон дар худсарона бунёд кардани ошёнаҳои иловагӣ бошад? – суол мекунад Ф. Файзалиева.
Камолиддин Тоҷиддинов, директори ҶДММ “Рустамиён”, ки сохтмони ин биноро ба уҳда дорад, ба мо гуфт: “Аз рӯи тартиботи шаҳрсозӣ бинои баландошёна бояд аз 5 ошёна баландтар  сохта шавад. Аз ин рӯ, дар рафти сохтмон шумораи ошёнаҳои биноро аз 7 ба 9 тағйир додем”.

СОХТМОНИ 198 БИНО МАНЪ ШУД, АММО...
Ҷой доштани ҳолатҳои қонуншиканӣ, яъне бе қарори қабули расмии бино дар хонаҳо зиндагӣ кардани шаҳрвандон дар як қатор шаҳру навоҳӣ ба назар мерасад ва торафт маъмулӣ мегардад. Аз ҷумла, дар маҳаллаи 83 – юми пойтахт, ки пудратчӣ ҶДММ “Союзсохтмон” аз нуҳ танҳо се ошёнаи биноро сохтаасту фармоишгараш М. Додохонов ба маҳкама кашида шудааст, аллакай одамон бе иҷозат даромада истиқомат доранд.
Бино ба маълумоти Файзулло Искандаров, сардори раёсати шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, соли гузашта дар иншооти сохташавандаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ санҷиши сифати корҳои сохтмонӣ дар доираи риояи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки ширкатҳои бинокорӣ дар 198 бино талаботи моддаҳои 14, 15, 63, 64 ва 66 - и кодекси мазкурро сарфи назар карданд. Яъне, бидуни қарори раиси шаҳру ноҳияҳо, пурра таҳия нагардидан, мувофиқа нашудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, аз экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ нагузарондани лоиҳаи иншооту биноҳо ва бе гирифтани иҷозатнома оғоз кардани корҳои сохтмонӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳарчанд сохтмони чунин иншоот манъ ва нисбати субъектҳо мутобиқи  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ шуда бошад ҳам, аммо баъзе ширкатҳо худсарона корҳои сохтмонро идома медиҳанд.

ҶИЛАВГИРӢ АЗ КАШОЛКОРӢ
Кашол ёфтани сохтмони манзилҳои баландошёна имрӯз, воқеан, масъалаи ҳалталаб ба ҳисоб меравад. Усмон Давлатзода, сардори раёсати назорати давлатии сохтмон ва меъмории Сарраёсати шаҳрсозӣ, иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати рафъи мушкили мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
- Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастгирӣ ёфтани фаъолияти минбаъдаи КВД “Сохтмони манзили дастрас”, ки дар ихтиёр сохтмони чандин иншооту биноҳои истиқоматӣ дошту қариб муфлис мешуд, аз ҳамин тадбирҳост. Дар асоси муроҷиати шаҳрвандон дар кӯчаи Шевченко сохтмони бинои 9 – ошёна, ки давоми 5 сол тӯл кашид, аз ҷониби пудратчӣ “Муҳаммад – 2009” дубора оғоз ёфт. Доир ба вусъат додани сохтмони дигар биноҳои истиқоматӣ низ дар кӯтоҳтарин вақт чораҳои зарурӣ андешида мешаванд, - гуфт мусоҳибамон.

ЯК ПЕШНИҲОД
Алҳол барои сари вақт супурдани биноҳои баландошёна комиссияи байниидоравӣ пешниҳод менамояд, ки дар ҳолати муайян кардани ҷурми қаллобӣ аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиҳо, шахсони масъули гунаҳкор то ба истифода додани иншоот муваққатан ба маҳкама кашида нашаванд. Баръакс, вазифадор  шаванд, ки сохтмони иншоотро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд. Дар ин миён шояд мушкили сокиноне, ки барои сохтмони манзил дар маҳаллаи 83 – и пойтахт (пудратчӣ ҶДММ “Союзсохтмон”) маблағ пешпардохт кардаанду фармоишгар ба маҳкама кашида шудааст, низ ҳалли худро ёбад?!
Шарифхон Сафаров, сармуҳандиси раёсати сохтмони асосии шаҳр, иброз дошт, ки нигоҳдории бинои мазкур баъди мусодираи молу мулки муҷрим ба ихтиёри раёсати сохтмони асосӣ вогузор шудааст, аз ин рӯ, барои чораандешӣ оид ба идомаи сохтмон ва ё дидани дигар чораҳо онро ба нақшаи корҳои бунёдкорию созандагии соли 2020 медарорем.

ҶАРИМАИ МАВҶУДА КОРАГАР НЕСТ
Ғайр аз ин, барои ба эътидол овардани вазъи сохтмони биноҳои нотамом, бештар кардани масъулияти субъектҳои шаҳрсозӣ ва пешгирӣ аз фиребу қаллобӣ коршиносон пешниҳодҳои зиёд доранд, ки аз ин миён якеро зикр месозем. Сухан аз ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зиёд намудани андозаи ҷаримаҳо вобаста ба ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон меравад. Мутобиқи моддаи 409 кодекси мазкур, барои риоя накардани қоидаҳои фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар гардидааст. Дар сурати дар сохтмони биноҳои баландошёна чандин миллион сомонӣ гардиш доштану барои пешгирӣ кардан аз сохтмони ғайриқонунӣ 5 - 10 ҳазор сомонӣ ҷарима бастан пинаки фармоишгар ва ё пудратчиро вайрон намекунад. Зеро ӯ ин маблағи ночизро бе душворӣ пардохта, фаъолияти ғайриодилонаашро давом медиҳад.
Шояд ин тадбирҳо ба вусъат ёфтани сохтмони манзил дар кишвар дар доираи қонун ва ҷиддан қоҳиш додани шумораи биноҳои нотамом такони нав мебахшаду ҳазорҳо хонаинтизорон оқибат дар манзили нав бӯрёкӯбон мекунанд?!
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2019    №: 130    Мутолиа карданд: 1046
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед