logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ПОРА
Ду корманди як ниҳод ба далели ришваситонӣ дастгир шуданд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ду корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия (СРИҶҶ ВА) хабар дод.
Тибқи иттилои маркази матбуоти агентӣ, нозири калони шуъбаи корҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии раёсати нозироти корҳои ислоҳии СРИҶҶ Маъруф Қараев бо маслиҳати пешакӣ бо сардори ҳамин шуъба Бозорбой Қурбонов барои нисбат ба шаҳрванд «А» тартиб надодани маводи санҷишӣ ва минбаъд ба суд пешниҳод накардани он вобаста ба вайрон кардани қоидаи бақайдгирии шахсони мувофиқи ҳукми суд ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда 5000 сомонӣ талаб намудааст.
Дар ин бора худи шаҳрванд «А» бо ариза ба агентӣ муроҷиат намудааст, ки дар пайи он Б. Қурбонов ва М. Қараев ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 4000 сомонӣ дастгир шуданд.
Ҳоло нисбат ба онҳо бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО
Боздошт барои муомилоти ғайриқонунӣ
Кормандони мақомоти милитсия як зани 33 - солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳои табиӣ дастгир намуданд.
Бино ба иттилои ВКД дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 24 адад санги гуногунранги қиматбаҳо дарёфт ва мусодира шудааст. Тибқи хулосаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сангҳои мусодирашуда ёқути сурх буда, 18,47 грамм вазн доранд.
Ин дар ҳолест, ки зани боздоштшуда, қаблан бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори калон) суд шудааст.

ҚАЛЛОБӢ
Боз як заминфурӯш дар толори суд
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» - и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) нисбат ба роҳбари филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гео замин» - и шаҳри Хуҷанд Далерҷон Юсупов баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол шудааст.
Дар ин бора сомонаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Бино ба гузориши манбаъ, Д. Юсупов ҳанӯз соли 2017  аз шаҳрвандон «А» ва «Б» барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Хуҷанд ҷудо карда додани 0,12 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ 6000 доллари амрикоӣ гирифтааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2019    №: 130    Мутолиа карданд: 829
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед