logo

сиёсат

ВАҲДАТ САРЧАШМАИ ИҚБОЛ АСТ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ҳанӯз аз 20 апрели соли 2012 таъкид намуда буданд: “Устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардондани сарзамини аҷдодӣ аз ҳар яки мо масъулияти бузургро тақозо намуда, ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад”. 

Қобили тазаккур аст, ки халқи  хушбахти тоҷик  ба Пешвои воқеии миллат Эмомалӣ Раҳмон  соҳиб  гардиданд ва ин инсони хирадманд, шахсияти воқеан бузург, дар арсаи воқеаҳои сиёсӣ   талош намуда,  дар давраи мушкил ҳамаи масъулиятро ба зиммаи худ гирифта буданд.  Ба шарофати  ҷидду ҷаҳди Президент ва Ҳукумати кишвар дар остонаи соли 2000-ум Ҳукумати Тоҷикистон ба сӯи   рушди босубот  гом бардошта, аввал ба навсозиҳои иқтисодӣ камар баст, ки дар муддати кӯтоҳ самараи хешро намоён сохтанд,  сипас,  баҳри пайвандгарии моддию маънавӣ,  ба  сохтмони роҳҳо шурӯъ намуданд.
Дар арсаи сиёсат давлати  тоҷиконро бо  роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бештар аз 150 кишвари ҷаҳон эътироф кард. Хоссатан,  сиёсати «дарҳои кушода» ва муносибатҳои ҳасанаи мутақобила бо кишварҳои дигар дар доираи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба обруву эътибори Тоҷикистонро  сол ба сол баланд гардонданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи сулҳу пойдории давлати мустақили тоҷикон маҳсуб меёбанд. Ин шахсияти барҷастаи миллат, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуда, нақши арзанда гузоштанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар раванди ташаккулёбии давлатдориамон қаҳрамонии худро зоҳир карданд.  Таърих гувоҳ аст ва ин ба мо имкон медиҳад, ки дирӯзи худро дониста, бояд ба сӯи фардои  босаодат бо ҳидояти Сарвари фазилатоин Эмомалӣ Раҳмон қадами устувор  гузорем. Бо Сарвари ваҳдатовари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои тӯлонӣ ва мушкилро тай намуда, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон рӯзи 27 - уми июни соли 1997 дар Москва ба тасвиб расид.
Бо роҳбарии Сарвари давлат барқарор кардани низоми конститутсионӣ,  баргардондани  ҳамаи гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, хотимаи ҷанги  таҳмилии шаҳрвандӣ, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардани фазои осоиштаи кишвар,  барқарор кардани иқтисодиёт, сохтмони иншооти дорои арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани некуаҳволии халқ, инкишофи фарҳангу тамаддун ва густариши фаъолияти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардиданд.
Кибриёхон АТОЕВА,
устоди кафедраи гуманитарӣ - иҷтимоӣ, Аълочии
фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
М. САЙДУЛЛОЕВА,
муовини ректор оид ба корҳои тарбияи
Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2019    №: 131    Мутолиа карданд: 915
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед