logo

иқтисод

ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

Иқтисодиёти рақамӣ, ки бо пешрафти технологияҳои нав алоқамандии ногусастанӣ дорад, барои тараққии тиҷорат ва идораи давлатӣ, боло рафтани сатҳи зиндагӣ ва беҳтар шудани иртиботу иттилоот таъсири назаррас мерасонад.

КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ ТАҲИЯ МЕШАВАД
Бо дарназардошти ин омил, Ҳукумати мамлакат дар самти ҷорисозии иқтисодиёти рақамӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва банди 2-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2019 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» оид ба вусъат бахшидани корҳо, ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар заминаи он ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиёти мамлакат, Вазорати рушди иқтисод ва савдо муваззаф гардидааст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Муслиҳиддин Усмонов, сардори шуъбаи рушди илм, инноватсия ва захираҳои иттилоотии раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфт, ки вобаста ба ин гурӯҳҳои кории идоракунанда ва техникӣ таъсис ёфтаанд ва ба он намояндагони 23 мақомот ва созмони ҷамъиятӣ шомил мебошанд. Лоиҳаи Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи кории техникӣ бо ҷалби созмонҳои байналмилалӣ мавриди таҳия қарор дорад, бояд охири нимсолаи аввал ба Ҳукумати мамлакат барои баррасӣ пешниҳод гардад.

ИМКОНИЯТҲОИ НАВ МУҲАЙЁ МЕГАРДАНД
Консепсия муқаррароти умумӣ, татбиқи иқтисодиёти рақамӣ дар муқоиса бо давлатҳои пешрафта, самтҳои иқтисодиёти рақамӣ, инфрасохтори иқтисодиёти рақамӣ, амнияти иттилоотӣ, дастгирии бахши хусусӣ, рақамикунонии тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва дигар нишондиҳандаҳои асосиро дар бар мегирад. Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ то соли 2040 пешбинӣ шуда, дар доираи он таҳия ва қабули барномаи рушди иқтисодиёти рақамӣ ва таъсиси Шӯро оид ба рушди иқтисодиёти рақамӣ дар назди вазорат дар назар аст.
- Қабул ва татбиқи консепсия барои Тоҷикистон такони бузург хоҳад буд, ки ба тамоми соҳаҳо равона шудааст, - иброз медорад М. Усмонов. - Қабл аз ҳама, дар ин самт техникаву технологияи иттилоотӣ - иртиботии муосири пешқадам ворид мешавад. Дар пойтахт низоми смарт - сити – шаҳри доно ҷорӣ мегардад, ки нишонаҳои онро дар пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасониҳои такси ва ғайраҳо метавон дид. Шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо шабакаи баландсуръати интернет пайваст хоҳанд шуд. Тамоми хизматрасониҳо барои осон ва дастрас шудан, дар баробари тарзи анъанавӣ, тариқи электронӣ ба роҳ монда мешаванд. Тафовути иқтисодиёти рақамӣ маҳз дар вертуалӣ, яъне танҳо дар торномаи интернетӣ мавҷуд буданаш мебошад. Он имкониятҳои навро барои мубодилаи иттилоот, таҳсилоти босифат, тиҷорати шаффоф фароҳам меорад. 

ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР САМТИ ИҚТИСОДИЁТИ МУОСИР 
Ба гуфтаи Муслиҳиддин Усмонов, аввалин нишонаҳои иқтисодиёти рақамӣ дар кишвари мо ҳукумати электронӣ (ҲЭ) ба ҳисоб меравад. Айни ҳол ҷорисозии ҲЭ идома дорад. Шуъбаи умумии 39 вазорату идора барои мубодилаи электронӣ омода буда, баъд аз таъмини калид - Token (маркаи электронӣ дар шакли USB-калид ва смарткортҳо барои раванди тафтиши аслият (уатентификатсия)) ба фаъолият шурӯъ менамоянд. Феълан, байни Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳо калид - Token мавриди амал қарор дошта, имзои электронӣ амал мекунад. Аз 180 ҳисоботи омории давлатӣ, ки аз ҷониби ҳисоботсупурандагон (вазорату идораҳо, шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорон ва аҳолӣ) ҷамъоварӣ мешавад, 25 шакли ҳисоботи оморӣ ба шакли электронӣ сурат мегирад. Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо ва амонатгоҳи марказии коғазҳои қиматнок низ аз ин ҳисоб мебошад. Дар соҳаи тандурустӣ алоқа бо барномаҳои MedStat – ҳисоботи фаврии демографӣ, Factor – оид ба солимии занону кӯдакон ва Statsionar – оид ба фаъолияти сохторҳои госпиталӣ амалӣ мегардад.
- Ҳамчунин, «Равзанаи ягона», пардохтҳои коммуналӣ ва ғайринақдӣ, интернет-банкинг, бонкинги мобилӣ, хариди молу маҳсулот бо дастгирии ширкати «Алиф сармоя», барномаҳои мобилии дастрасии хизматрасониву маълумот, тиҷорати электронӣ ва ғайраро низ бояд ном бурд, ки ҳамаи ин қадамҳои устувор дар самти иқтисодиёти муосир мебошанд, - меафзояд Муслиҳиддин Усмонов.

РАВАНДИ РАҚАМИКУНОНӢ ҚОНЕЪСОЗАНДА НЕСТ
Ба андешаи коршиносон, раванди рақамикунонӣ дар мамлакат қонеъкунанда нест. Системаҳои амалкунандаи маълумоти омории технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ дар бораи вазъи воқеии иттилооти рақамии тамоми иқтисодиёти мамлакат маълумоти пурра пешниҳод намесозанд.
Тавре Муаззам Холматов, корманди пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, мегӯяд, технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ чун қисми таркибии системаи муосири идоракунӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон, аз қабили идораи давлатӣ, мудофиа, амният, таъмини қонун ва тартибот, бо суръати паст амалӣ мешавад. Ба ҳисоби миёна, дар Тоҷикистон беш аз 30 дарсади аҳолӣ аз интернет истифода мебаранд. Дар ин хусус Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ истифодабарандагони интернет ба се миллион мерасад. Ин боиси пурра ба иқтисодиёти рақамӣ ҳамроҳ шуда натавонистани аҳолии мамлакат мегардад. Бар замми ин, интернети баландсуръат нархи гарон дорад.

БАРОИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ БОЯД ШАРОИТ ФАРОҲАМ ОВАРДА ШАВАД
Коршиносон мегӯянд, ки мавҷудияти технологияҳои рақамӣ ба манфиати иқтисодиёти миллӣ мебошад. Барои вориди онҳо дар равандҳои истеҳсолӣ ва идорасозӣ мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки масъалаи маблағгузорӣ ба инфрасохтор ва шарикии давлат бо бахши хусусиро ҳал намоянд. Дар таъмини дастрасии умумӣ ба иқтисодиёти рақамӣ истифодаи интернет ва имкониятҳои он муҳим арзёбӣ мегарданд. Бинобар ин, таъмини дастрасии интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар ногузир аст.
Ҳамчунин, олимон бар он назаранд, ки бояд заминаҳои қонунгузории танзими раванди рақамикунонӣ ба инобат гирифта шаванд. Тавре Муаззам Холматов таъкид месозад, ҷиҳати ҳифзи мавқеъ ва амнияти иқтисодӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон бояд барномаи давлатии рушди иқтисодиёти рақамиро таҳия ва қабул намояд, ки тадбирҳо оид ба фароҳамоварии шароити ҳуқуқӣ, техникӣ, ташкилӣ ва молиявиро дар бар гирад. Ин барнома бояд хусусиятҳои стратегӣ дошта, самтҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва қадамҳои асосӣ барои амалисозии онро муайян созад ва ҳангоми коркарди ҳуҷҷатҳои банақшагирии соҳавии стратегӣ ҳамчун асос хизмат намояд. Бо назардошти он ки ҳиссаи интернет ва технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон доимо боло меравад, ҳалли ин масъала саривақтист.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2019    №: 131    Мутолиа карданд: 1684
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед