logo

иқтисод

ТЕРМИНАЛ. ТӮЛКАШИИ СОХТМОН БА ФОИДАИ КОР НЕСТ!

Дар шаҳри Душанбе сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ  рӯз ба рӯз беҳтар гашта истодааст, навъҳои нав ба наву гуногуни нақлиёти мусофирбар фаъол ва дар хизмати сокинону меҳмонони пойтахтанд. Дар баробари дастоварду пешравиҳо ҳанӯз ҳам камбудиҳое ҳастанд, ки барои рафтуомади мусофирон ба гирду атрофи пойтахт халал ворид мекунанд. Манзур,  бенизомиҳои таваққуфгоҳи  шаҳраки 102 - и ноҳияи Сино (маҳаллаи Зарафшон)  аст, ки солҳои пеш чун терминал барои мардум фаъолият мекард. Ин нуқта алҳол истгоҳи байнихатсайрии автобусу микроавтобусҳое мебошад, ки мусофиронро ба шаҳрҳои Турсунзодаю Ҳисор, ноҳияи Шаҳринав ва  деҳаҳои гирду атрофи пойтахт мебаранд.
Дар ин нуқта аксар вақт рӯзҳои истироҳат аз тартибу низом нишоне намемонад. Хусусан, баъди нисфирӯзӣ, бо гирд омадани анбӯҳи зиёди мусофирон саргардониҳо оғоз меёбанд. Мушкили асосӣ норасоии нақлиёти мусофиркаши роҳкироаш арзон аст. Теъдоди нақлиёти мусофиркаш, ки ба хизмат омодаанд, дар ин соатҳо басандагӣ намекунад. Сардиҳои фасли зимистон ва гармои тобистон  мушкили мусофиронро дучанду сечанд менамоянд. Махсусан, дар рӯзҳои кӯтоҳи фасли сармо, аз як тараф сардии ҳаво аз тарафи дигар фарорасии шаб ҳамаро хавотир мекунад. Бар замми ин, автобусҳо танҳо мусофирони самти Шаҳринаву Турсунзодаро савор мекунанду халос. Ба сокинони деҳаҳои наздиктари пойтахт дар онҳо ҷой нест. Дар ин ҳангом таксиҳои хусусӣ аз фурсат истифода бурда, нархи роҳкироро дучанд боло мебардоранд.
Мутаассифона, ин ҳолат аз назари масъулон дур мондааст ва солҳо боз идома дорад. Ҳарчанд ҳеҷ мушкил нест, ки дар ин рӯзҳо дар ин ҷо назорати ҷиддӣ ба роҳ монда, теъдоди нақлиёти мусофиркаш, аз ҷумла автобусҳо, зиёдтар карда шавад. 
Хизматрасонӣ бо автобусҳои ғунҷоишашон хурд (микроавтобусҳо) аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба ташкилоту ҷамъиятҳои узви ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» вобаста мебошад. Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 23 июли соли 2009 «Дар бораи таъмини фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ба пойтахт воридшаванда», нуқтаи аввалу охири хатсайрҳои «Душанбе - Ҳисор», «Душанбе - Шаҳринав», «Душанбе - Турсунзода» ва баръакси он дарвозаи ғарбии пойтахти кишвар - саристгоҳи марказии шаҳри Душанбе (ҳоло терминали мусофирбарии ҶСП «Холдинг Осиё гурӯҳ Тоҷикистон») муқаррар гардидааст.
Сафаралӣ Гулов, директори генералии ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар», доир ба вазъи мавҷудаи таваққуфгоҳи маҳаллаи «Зарнисор» чунин гуфт:
- Нақлиёти мусофирбари ҷамъиятҳои мо аз рӯи тартиби тибқи қарори раиси шаҳр муайяншуда фаъолият намуда, ба мизоҷон хизмат мерасонанд. Онҳо дар истгоҳи «Зарнисор» - и маҳаллаи 102 - и пойтахт бо мақсади фаровардану савор кардани мусофирон  мувофиқи ҷадвали ҳаракати тасдиқшуда муддате истода, боз роҳи худро давом медиҳанд ва барои дигар воситаҳои нақлиёт монеае эҷод намесозанд. Аммо нақлиёти худсарона фаъолияткунандаи шахсии кирокаш, ба ном «такси», ки ягон ҳуҷҷати лозимаи мусофиркашонӣ надоранд, на танҳо маданияту фарҳанги шаҳрдориро вайрон месозанд, балки дар ин маҳалла бесарусомониҳои зиёдро ба вуҷуд оварда, ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт халал мерасонанд, боиси вайрон шудани реҷаи ҳаракати нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ мегарданд.
Ба гуфтаи С. Гулов, моҳи апрели соли ҷорӣ кормандони ҷамъият ва нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ронандагони автомашинаҳои ғайриқонунӣ фаъолияткунанда дар маҳаллаи 102 - и пойтахт вохӯрӣ гузаронда, онҳоро даъват карданд, ки фаъолияташонро қонунӣ гардонанд. Ин даъват низ дар ҳаво монд. Дар асоси муроҷиати хаттии роҳбарияти  ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» бо иқдоми Раёсати андози шаҳри Душанбе якҷо бо кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт чандин маротиба бо мақсади қонунигардонии фаъолияти ронандагоне, ки худсарона ба  мусофиркашонӣ машғуланд ва ҷорӣ кардани тартибу низоми ҳаракати нақлиёти мусофирбарӣ рейду санҷишҳо гузаронда шуданд. Аммо ин тадбирҳо низ натиҷае надоданд.
Аз рӯи таҳлилҳо ва ҳисоби Ассотсиатсияи нақлиётчиёни мусофирбари Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол дар ҷумҳурӣ қариб 50 ҳазор нафар ронандагони нақлиёти шахсӣ ба фаъолияти мусофиркашонии ғайриқонунӣ машғул мебошанд. Агар фаъолияти онҳо қонунӣ гардонда мешуд, танҳо аз ҳисоби маблағи патенти ин гуна ронандаҳо дар як сол ба буҷети ҷумҳурӣ миллионҳо сомонӣ ворид мешуд. Ҳамчунин, онҳо мувофиқи  реҷаи тартибдодаи шахсони ҳуқуқӣ ҳаракат мекарданду мароми кору фаъолияташон беҳтар мегардид ва ба ҳаракати бонизоми микроавтобусҳою автобусҳои ҷамъиятӣ халал намерасонданд.
Тибқи нақша, барои мусофирони самти Душанбе - Турсунзода бояд  терминали мусофиркашонӣ бунёд мешуд, лекин сохтмони он бо сабабҳои номаълум то ҳол оғоз наёфтааст. Бунёди терминали мусофиркаш дар ин самт амали муҳиму саривақтӣ - ҳам ба манфиати бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳам ба манфиати мусофирону ронандагон ва ҳам танзими ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои пойтахт аст.
Масъулони сохторҳои назорату танзими соҳаи нақлиёт ва шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бояд барои ба низом даровардани кори нақлиёти мусофирбари хатсайрҳои болозикр тадбирҳо андешида, ба ин бенизомиҳо нуқта гузоранд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2019    №: 131    Мутолиа карданд: 960
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед