logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ҲИНДУСТОН. ИМКОНИЯТҲОЕ, КИ БА ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО МУСОИДАТ МЕКУНАНД

Аксари кишварҳои Осиё дорои захираҳои табиӣ ва имкониятҳои бузурге мебошанд, ки то ҳанӯз ба таври кофӣ кашф нашудаанд. Осиёи Миёна бо доштани захоири энергетикӣ ва манобеи табиӣ бо кишвари Ҳиндустон наздикии географӣ дорад. Тоҷикистон бошад, дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ ва ашёи хом барои тараққӣ додани саноат аст, ки барои тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҳиндустон, дар соҳаҳои саноату энергетика заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳиндустон яке аз давлатҳои минтақаи Осиё аст, ки пас аз ба даст овардани истиқлолият соли 1947 тавонист дар бештари соҳаҳо, аз ҷумла саноат, энергетика, технологияи нав, хоҷагии деҳот, адабиёту фарҳанг ва дипломатия, рушд кунад. Дар тӯли таърих Ҳиндустон дар байни мардуми Осиёи Миёна, хусусан Тоҷикистон ҳамчун як кишвари афсонавӣ, саёҳатӣ ва фарҳангӣ шинохта шудааст. Дар шинохти ин кишвари афсонавӣ метавон ба ашъору асарҳои устод Мирзо Турсунзода рӯ овард. Худи шоирро чун таҷассумгари озодии мардумони Осиё ва Африқо, хусусан Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш, эътироф кардаанд.
Рафтуомади аҳли адаб ва иштироки фаъоли муҳассилон ва мутахассисони Тоҷикистон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва омӯзишии ин кишвар тавассути лоиҳаи байналмилалии он ба мисли "APTECH", ITEC  ва ғайраҳо, ки то ҳол идома дорад, аз омили шинохт ва дӯстии ҳар ду кишвар дониста мешавад. Дар ҳоли ҳозир равобити дипломатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон хуб  ба роҳ монда шуда, тарафҳо талош мекунанд, то онро дар соҳаҳои гуногун, алалхусус саноат, иқтисоду тиҷорат, энергетика, фарҳанг, саёҳат, зарфиятсозии кадрҳо ва амнияти минтақа, тақвият бахшанд.
Муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи ташкилотҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ ҳам ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар хуб ҷараён дорад. Аз ҷумла, шомил шудани Ҳиндустон ба Созмони ҳамкории Шанхай низ аз омилҳои дигаре мебошад, ки кишварҳои моро боз ҳам  наздиктар месозад.
Тавре маълум аст, 14 - 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе нишасти 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд роҳбарии ҳайати Ҳиндустонро вазири корҳои хориҷии ин кишвар Сушма Свараҷ бар дӯш дошт, ки оид ба густариши равобит, таҳкими дӯстӣ, ҷилавгирӣ аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир баромад намуд.
Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон дар ҳамоиш зикр кард, ки нақши Тоҷикистон дар минтақа дорои аҳамияти стратегӣ аст. Ба дӯши Тоҷикистон вогузор шудани раёсати Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар оянда натиҷаҳои хуберо бор хоҳад овард. Ӯ таъкид кард, ки терроризм таҳдиди хатарнокест, ки имрӯз аксари кишварҳои Осиёро фаро гирифтааст.
Равобити Тоҷикистону Ҳиндустон дар даврони истиқлолият хуб роҳандозӣ шуда, барои рушди соҳоти гуногун ва ҳамгироии минтақавӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Табодули таҷрибаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон метавонад  ҳар ду кишварро ба самти хуб равона созад ва ба минтақа низ барои ҷилавгирӣ аз амалҳои номатлуб кумак расонад.
Саммити 5 - уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо мизбонии ҷониби Тоҷикистон ва иштироки фаъолонаи ҳайати баландпояи Ҳиндустон саҳифаи наверо дар густариши муносибатҳои ҳамкории миёни ду кишвар боз кард. Бовар дорем, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар тамоми заминаҳо ба нафъи мардумони ҳар ду давлати бо ҳам дӯст инкишоф хоҳанд ёфт.
Мирсаид РАҲМОНОВ, муҳаққиқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2019    №: 131    Мутолиа карданд: 1004
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед