иқтисод
ЛЕВАКАНТ. ШАҲР ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАД
Баҳри сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон корҳои ободонию созандагӣ ва барқарорсозӣ идома доранд. Дар шаҳри Левакант низ чандин иншооти хурду бузург қомат афрохта, ба симои шаҳрак зинати дигар бахшидаанд.
Бо иштироки Қурбон Ҳакимзода, раиси вилоят, бинои маъмурии маркази адлия, бо харҷи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бино дуошёна буда, дар он таҷҳизоти замонавӣ ва беҳтарин шароит барои кормандон муҳайёст. Дар он утоқҳои кории кормандони идораи нотариалии давлатӣ, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, расондани ёрии ҳуқуқии ройгон ва шуъбаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтаанд. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар як гӯшаи бино намунаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва маҳсули дигари дастони пурэъҷози ҳунармандони шаҳр ба маъраз гузошта шудааст.
Раиси вилоят бо шароити кормандони бахши сабти ҳолати шаҳрвандӣ шинос шуда, дастур дод, ки дар фаъолияти корӣ ба ҳуҷҷатгузории шаҳрвандон, бахусус навхонадорон ва кӯдакони навзод, аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Дар чорабинӣ ду ҷуфти ҷавон ва ду оилаи хушбахт, ки фарзандони дугоник доштанд, иштирок намуда, соҳиби туҳфаҳои раиси вилоят шуданд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти кормандони идораи нотариалӣ, Қурбон Ҳакимзода гуфт, ки аз шароити мавҷуда самаранок истифода намоянд, то ки шаҳрвандон аз кори онҳо қаноатманд бошанд.
Ҳамзамон, Қурбон Ҳакимзода дар идомаи сафари корӣ дар шафати беморхонаи марказии шаҳри Левакант ба бунёди ду бинои истиқоматии панҷошёна санги асос гузошт. Биноҳо бо саҳмгузории соҳибкори маҳаллӣ Раҳматулло Муҳиддинов қомат меафрозанд. Дар саҳни онҳо барои бозиву фароғати кӯдакон майдончаи бозии кӯдакон низ бунёд мегардад.
Таъкид шуд, ки тайи солҳои ахир шаҳри Левакант низ дар радифи дигар шаҳру навоҳии вилоят ободу зебо мегардад ва ин ҳамаи шукуфтанҳо аз баракати истиқлолият ва сулҳу ваҳдат аст.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.07.2019 №: 131 Мутолиа карданд: 874