фарҳанг
АЙНӢ ВА ЛОҲУТӢ. НОМАҲОЕ, КИ МУҲИМИЯТИ ТАЪРИХӢ ДОРАНД
Мақоми мактубҳо, ёддоштҳо, хотираҳо ва мусоҳибаҳо дар илм чун манбаи асосӣ ниҳоят калон аст. Маҳз дар мактубу хотираҳо мо дар бораи ин ё он саҳифаҳои номаълуми таърих, адабиёт ва шахсиятҳои машҳур, воқеаҳои хотирмон маълумоти нав, далелу рақамҳоеро ёфта метавонем, ки дар ягон асари муаллифон дида намешавад. Бавижа, мукотибаи омӯзандаи ду фарзанди бузурги миллати мо - Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ аҳамияти хос дорад.
Мо аз рӯи мазмуну моҳият мактубҳои устодонро, ки дар маҷмӯаи «Мукотибаи С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ», ки бо кӯшиши академик Хуршеда Отахонова таҳия шудааст, омӯхта ба чунин хулоса омадем, ки мукотибаи онҳо дар се соҳаи муҳими ҳаёти иҷтимоӣ - мадании мо чун сарчашмаи нодир хизмат мекунанд: якум, чун сарчашма оид ба таърихи ҳаёти сиёсӣ - иқтисодии халқамон; дуюм, чун сарчашмаи муҳим оид ба таърихи ҳаёти маданию адабии гузаштагони мо ва сеюм, адабиёти муосир.
Дар номаҳои устод Айнӣ оид ба таърихи аморати Бухоро, махсусан системаи андоз дар замони пеш аз инқилоб маълумоти пурқимат оварда шудааст. Абулқосим Лоҳутӣ дар мактуби худ аз 9 июни соли 1938 аз Садриддин Айнӣ хоҳиш кардаанд, ки «дар давраи амири Бухоро чанд хел налог (андоз) аз деҳқонон мегирифтанд, бо чӣ номе ва чӣ қадар?». Устод Айнӣ дар ҷавоби худ аз 2 июли соли 1938 бо факту далел оид ба системаи андози давраи аморати Бухоро маълумоти пурқимат додаанд.
Таҳқиқу омӯзиши мукотибаи С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ ба мо имкон медиҳад, ки аз он баъзе саҳифаҳои таърихи ҳаёти фарҳангиро рӯшан намоем. Алалхусус, устод С. Айнӣ ба масъалаи эҳтироми мероси ниёгони мо, қадршиносии ходимони бузурги илму маданиятамон таваққуф намудаанд. Дар мактуби 24 ноябри соли 1940 навиштаи худ устод Айнӣ бори аввал дар бораи муайян кардани ҷои қабри устод Рӯдакӣ ва омӯзиши мероси вай ва қайд кардани ҷашни Рӯдакӣ масъала гузошта буданд. Дар бораи таърихи муайян кардани зодгоҳи Рӯдакӣ низ муфассал навиштаанд, ки он имрӯз манбаи нодир мебошад. Устод Абулқосим Лоҳутӣ низ дар ҷавоби худ аз 25 октябри соли 1940 пешниҳоди устодро дар хусуси мероси маданӣ тарафдорӣ намуда, айни замон маслиҳатҳои муфиди худро дареғ надоштаанд. Ин орзую умеди устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар хусуси қадр кардану омӯхтани мероси гузаштагон минбаъд ҷомаи амал пӯшид.
Як хусусияти адабӣ - таърихии мактубҳои устодон дар он аст, ки мо нисбат ба ин ё он асарҳои муаллифон баҳои додаи худи онҳоро ёфта метавонем. Чунончи дар хусуси аҳамияти романи «Ғуломон» - и устод Айнӣ баҳои баландтаринро устод Лоҳутӣ додааст, ки мо онро дар мактуби 6 апрели соли 1937 навиштааш дида метавонем: «Романи «Ғуломон» - и шумо на танҳо ба фарзандони озоди ҷумҳуриятҳои шӯроии Осиёи Миёна хизмат мекунад, балки ғуломони имрӯзаи мамлакатҳои Шарқи берунаро, ки бо забони Тоҷикистони (тоҷикони) фотеҳ гуфтугӯ мекунанд, барои расидан ба озодӣ тайёр менамояд». Ё худ дар мактуби аз 4 декабри соли 1927 иншокардаи худ устод Лоҳутӣ дар хусуси шуҳрати калон пайдо кардани китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» дар Эрон маълумот медиҳад. Аз ҳамин мактуб огоҳ шуда метавонем, ки «ҳама кас дар Эрон орзӯи дидани ин китобро дорад».
Як ҷиҳати дигари аҳамияти муко-тибаи адибон дар он аст, ки он кори айнишиносони моро бо факту далелҳои ноёб пурра мекунад. Аз ҷумла, дар номаи аз 23 ноябри соли 1934 навиштаи устод Айнӣ дар мавриди ниҳоят серталаб ва меҳнаткаш будани худ чунин менависад:
«Рафиқи азиз, Лоҳутии мо!
Салом! Мактуби 9 ноябр навиштаатонро 19 моҳи мазкур (19 ноябри соли 1934 У. Ғ.) гирифтам. Ҳоло худам дар романи «Ғуломон» кор карда истодаам. Шароити корам ба ин тариқа аст:
Ҳар шаб соати 2 баъд аз ними шаб кор сар мекунам, то соати ҳашти рӯз. Баъд чой менӯшам, ним соат, боз аз соати ҳашту ним ба кор медароям, то соати 4 - уним, бе он ки чизе бихӯрам ва чое нӯшам, кор мекунам. Агар бисёр дил беҳол шавад, як - ду дона конфет мемакам. Соати 5 корро ғундошта кӯча меравам ва газета мехонам, ба ин восита пойҳоям, ки 14 соат дузону мондаанд, меёзанд. Боз пас ба хона омада таом мехӯрам, чой менӯшам ва рӯзнома мехонам. Соат ки ҳафт шуд, мехобам. Боз соати 2 гӯё, ки маро касе бедор карда бошад, аз хоб ҷаста мехезам (ин мактубро ҳам соати дую ним, баъди ними шаб, навишта истодаам, ки аввали ҳавсала аст, вагарна хонда наметавонистед)».
Ин тарзи кор ва машаққати пешбарии он барои аксари олимону адибони мо, бавижа барои насли наврас бояд намунаи ибрат бошад. Далели муътамаде бошад, барои дарк кардани хидматҳои бедареғи аллома Айнӣ дар эҳё ва ташаккули миллати тоҷик.
Усмонҷон ҒАФФОРОВ, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.07.2019 №: 131 Мутолиа карданд: 1098