logo

ҳуқуқ

ТЭТ ҲНИ МАВҚЕАШРО БОЗ ТАҒЙИР МЕДИҲАД?

То ҳол наҳзатиён аз ҳимояи ислому ҳифзи арзишҳои исломӣ сухан мегуфтанд, аммо якбора  пӯстини  худро чаппа пӯшида, “демократияхоҳ” гаштаву барои худ шиорҳои наверо интихоб кардаанд. Сабаби ин тасмими онҳо маълум аст.

Ҳоло Аврупо, баъди даҳҳо ҳодисаҳои террористӣ дар хоки ин сарзамин ва фаъолияти тахрибкоронаи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ки аз номи ислом ва “дар роҳи ислом” анҷом дода шуданд, бо ТЭТ ҲНИ эҳтиёткорона муносибат мекунад. Роҳбари ТЭТ  ҲНИ ва ҳаммаслаконаш дарк карданд, ки ҳизб ҳамчун ҷараёни ба ном дингаро дигар наметавонад бо он барномарезӣ ва ҳадафҳое, ки дар асоси оинномаи худ дорад, дар марзи Аврупо фаъолият дошта бошад. Таъсиси “Паймони миллӣ” аз ҷониби чанд тан аз пайравони ТЭТ  ҲНИ гувоҳи ин гуфтаҳост.
Аслан, ҳар гуна тағйири ниқоб аз ҷониби наҳзатиҳоро ҳамчун ҳодисаи нав қабул кардан дуруст нест, зеро онҳо тӯли фаъолияти худ се бор мавқеи худро тағйир доданд…
Ташкили “ҳамоиш” - у “гирдиҳамоиҳо” аз ҷониби наҳзатиён ба он хотир аст, ки маблағгузорону хоҷагони молиявию ғоявии худро бовар кунонанд, ки онҳо фаъолият доранд.
Яке аз чунин нишастҳои ТЭТ  ҲНИ дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор шуд. Аз аксҳои интишоршуда аз рафти нишаст мушоҳида мешуд, ки он дар як ошхона баргузор шудаву иштирокдоронаш аҳли оила ва наздикони роҳбари ҳизб буданд. Ҳатто, дида мешуд, ки кӯдакони 8 - 10 - сола дар рафти ин “ҳамоиш” гаштугузор доранд. Аслан, он ҳамоиш набуд ва шояд наҳзатиён ба ошхонае барои хӯрокхӯрӣ даромадаву он ҷо чанд акс бардоштаанд ва дар ҳисоботи худ онро “ҳамоиш” дарҷ кардаанд.
Ҳоло, ки бори дигар ТЭТ ҲНИ бо иддаоҳои беасосе мехоҳад тоҷикони муқими Аврупоро ба “тазоҳурот” даъват намояд, ҳамватанони азизи моро мебояд аз ҳадафҳои шуми ин ташкилоти ифротию террористӣ жарфтар биандешанд. Андеша аз он кунанд, ки фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар хориҷа домест, ки раҳоӣ аз он кори басо сангину мураккаб хоҳад буд. Андеша аз он кунанд, ки ТЭТ ҲНИ парвое аз тақдири онҳое, ки дар роҳи фаъолиятҳои тахрибкоронаи ин ҳизби ифротӣ қурбон шудаанд, надорад. Ҳамагӣ чанде пеш дар Олмон яке аз фаъолони ТЭТ ҲНИ Муҳаммадсаид Шехов, нафари наздик ба хонаводаи таъсисдиҳандаи ин ҳизб Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, дур аз Ватану оилаву пайвандон аз дунё гузашт. Магар аз ин мусибат роҳбарони ТЭТ ҲНИ ғам хӯрданд? Ҳаргиз не!. Сарвари наҳзатиён, ки аз Нурӣ “устод” ном мебарад, ҳатто ба вафоти хоҳарзодаи устодаш тасаллият нагуфт. Аз роҳбари ҲНИ танҳо ҳамин гуна муносибатро интизор шудан мумкин аст. Аз нафаре, ки барояш чизе муқаддас боқӣ намондааст, на Ватан, на падару модар ва на оила…
М. ШАРИПОВА, дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2019    №: 131    Мутолиа карданд: 885
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед