logo

иқтисод

ҶАНГАЛ. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

Тайи солҳои бесарусомонии 90 – уми асри гузашта, дарахту буттаҳои ҷангалзори мамлакат, ки 20 дарсади масоҳати Тоҷикистонро ташкил медоданд, барои ҳезум бераҳмона бурида шуданд ва тибқи маълумоти расмӣ, ба камтар аз 4 дарсад баробар шуд.

Дар Тоҷикистон ҷангал асосан моликияти давлат аст. Тамоми ҷангалзор ба ҷангали гурӯҳи якум (сарфнашаванда) мутааллиқ буда, фаъолияти хоҷагиҳои ҷангалпарварӣ ба ҳифзу беҳтар кардани ҳолати он равона гардидааст. Дар Тоҷикистон монанди Россия бешазорони анбӯҳ мавҷуд нестанд, балки асоси ҷангалзорро бешаҳои камдарахту арчазорон (қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Туркистон, Олой) ташкил медиҳанд. Писта дар ноҳияҳои Фархор, Данғара, Панҷ, Хуросони вилояти Хатлон ва водии Ҳисор (дар майдони беш аз 80 ҳазор гектар) мерӯяд ва маҳсулоти зудхариди содиротӣ маҳсуб меёбад. Чормағззорҳо дар ноҳияҳои Муъминободу Шамсиддини Шоҳин ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бештаранд. Ҳамчунин, қисмати калони ҷангал аз дарахтони заранг, фарк, ар - ару сафедор, тирак, бед, ангат, сарву санавбар ва буттазорон иборат аст.
 Солҳои охир Ҳукумати кишвар ва Агентии хоҷагии ҷангал барои рушди ҷангалпарварӣ ва васеъ намудани ҳудуди ҷангалзор кӯшиши фаровон ба харҷ медиҳанд. Ҳар сол ба андозаи на кам аз 2000 гектар зиёд кардани майдони ҷангал  дастури Ҳукумат ва вазифаи муҳими ҷангалпарварон арзёбӣ мешавад. Тибқи маълумоти Агентии хоҷагии ҷангал, танҳо тайи моҳҳои гузаштаи соли равон қариб 420 гектар (аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон 155 ва Суғд қариб 56 гектар) ҷангалзор бунёду барқарор  кардаанд.
Дар ҳамин ҳол соли гузашта шахсони аз маърифати экологӣ бехабар – қӯруқшиканҳо (браконйер) 753 маротиба ба буридани дарахтон ва дигар амалҳои мамнӯъ дар ҷангалзорҳо даст задаанд, ки хеле таассуфовар аст.  Чунин амалҳо, ки моҳиятан онҳоро метавон зиддиватандӯстӣ ном бурд, мутаассифона, ҳоло ҳам идома доранд. Аламовар он аст, ки қӯруқшиканҳо, сарфи назар аз фарҳанги қадимаи суннатии экологии тоҷикон ва мақоли миллии «сарбурию тарбурӣ як аст», дарахтонро дар айни сабзишашон - таротар мебуранд.
Пас аз мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдорӣ ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон муносибат ба ҷангал, идора ва истифодаи босамари он куллан дигар шуд. Принсипҳои идоракунии ҷангал пойгоҳи қонунӣ касб намуда, устувор гардиданд.
Мутаассифона, дар ҳамин ҳол ҳам самаранокии истифодаи ҷангалзор дар Тоҷикистон ҳанӯз дар сатҳи дилхоҳ нест. Дар мамлакат то ҳол пойгоҳи ягонаи муътамади иттилоотии шаффоф оид ба ҷангал ташаккул наёфтааст ва мониторинги доимӣ гузаронда намешавад.
Ба андешаи олими соҳа Нуралӣ Ҳисайнов, директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии Агентии хоҷагии ҷангал, Ҳукумати ҷумҳурӣ рушди соҳаи ҷангалро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода бошад ҳам, чанд омили табиие вуҷуд дорад, ки ба татбиқи барномаҳои  ҷангалпарварӣ ва рушди босуръати ҷангалпарварӣ дар Тоҷикистон халал мерасонанд. 
- Тоҷикистон дар минтақаи иқлими зудтағйирёбанда ҷойгир аст. Гармиҳои ғайримуқаррарии тобистон, ҳавои гирифта, боронҳои шадиди пайдарпай ё беборонии  тӯлонӣ, жола, ҳавои дамгири бешамол, чангу ғубор (хокбориш), ки солҳои охир зиёдтар рух медиҳанд, на танҳо ба ҷангалпарварӣ, балки ба тамоми соҳаи кишоварзӣ зиёни азим мерасонанд. Тағйирёбии глобалии иқлим низ боиси зуд – зуд сар задани офатҳои табиат гардида, аксаран хисороти зиёд ба бор меорад. Ғайр аз инҳо, омилҳои субъективии инсонӣ (антропогенӣ), масалан, ба чарогоҳҳои тобистонаю зимистона рондан ва дар ҷангалзори ҷавон чарондани чорво барои рушди ҷангалпарварӣ  монеа пеш меоранд. Инчунин, аксари бешазорон дар шафати чарогоҳҳо ҷойгиранд ва зиёни расондаи чорво, хусусан ба навниҳолҳо, ҳамеша эҳсос мешавад. Як василаи зиёд намудани майдони ҷангал  он аст, ки ба ҷангалзори навбунёд то 20 сол наздик шудани чорворо роҳ надиҳем ва назоратро қатъӣ ба роҳ монем, - гуфт зимни суҳбат Нуралӣ Ҳисайнов.
«Алъон ҷомеаи ҷаҳонро мушкилоти доғи тағйирёбии иқлим ба ташвиш овардааст. Тоҷикистон бояд ба пайомадҳои ғайриинтизори манфии ин раванд омода шавад ва табиати нодиру зебои худро эмин нигоҳ дорад.
Коҳишёбии босуръати майдони ҷангал барои шабакаи умумии экологии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ пеш оварда, ба нестшавии ҳайвоноту набототи нодир, эрозияи (вайроншавии қабати ҳосилхези) хок, табдили иқлим, зудтар об шудани пиряхҳо, хушкшавии чашмаҳо ва фоҷиаҳои дигари хурду бузург  боис мешавад». Чунин андеша доранд коршиносони Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Тоҷикистон.
Рушди ҷангалпарварӣ ба мутобиқшавии сокинон ба тағйирёбии глобалии иқлим (гармшавии саросарӣ), равнақи рӯиши рустаниҳо ва саршумори ҳайвоноти нодир, афзоиши арзишҳои табиӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти баландарзиши содиротӣ (писта, бодом, чормағз, ангат, асал, буттамеваю рустаниҳои доруворӣ ва ғайра), масолеҳи арзони бинокорӣ, рушди босуръати сайёҳии экологию шикорӣ ва дар маҷмӯъ, барои  беҳтар шудани шароити зиндагии мардум, хусусан сокинони деҳот, мусоидат мекунад. Пас, барои анҷом додани ин амали хайр месазад, ки ҳар лаҳзаро ғанимат шуморем, ҷангал сабзонем ва бо қонуншиканҳо мубориза барем.
Сафаргул АЛИМОВА,
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2019    №: 131    Мутолиа карданд: 922
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед