logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Ифтитоҳи бинои асосии МТМУ №51 дар деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара
12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара бинои асосии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51, деҳаи Талхоби деҳоти Оқсуро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Бинои асосии муассиса аз ду ошёна иборат буда, дорои 11 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ мебошад ва барои 528 нафар хонанда дар ду баст мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шудааст.
Зимни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳои бинои нави таълимӣ иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоот дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 оғоз гардида буд ва, инак, қабл аз муҳлат мавриди истифода қарор дода шуд.
Сохтмони мактаби нав дар деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара бо дастуру супоришҳои Сарвари маорифпарвари мамлакат дар самти рушди деҳоти дурдаст сохта шуд ва дар ҷараёни корҳои бунёдӣ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити нави таълимӣ дар бинои муосири муассиса ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулонро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз ин имконот барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли ояндасози миллат ҳидоят намуданд.
Бинои нави даргоҳи донишу маърифат дар заминаи иморати қаблии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51, ки соли 1987 барои 90 нафар хонанда аз ҷониби аҳолии деҳа ба тариқи ҳашар бунёд гардида буд, сохта шудааст. Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани бинои асосии мактаби нав барои хонандагони деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба истиқболи бошукӯҳ аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд дониста мешавад. Феълан корҳои сохтмонӣ дар бинои дуюми муассиса, ки толори маҷлис барои 100 нафар, толори варзиш барои 128 ҷойи нишаст ва ошхона барои 28 нафарро дар бар мегирад, идома доранд.
Зимни муаррифии лоиҳаи бинои дуюми муассисаи таълимӣ иттилоъ дода шуд, ки аслан татбиқи барномаи бунёди ин иншоот ду солро дар бар мегирад, вале муҳандисону сохтмончиён дар асоси дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош намуданд, то бинои асосии онро пеш аз муҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Масоҳати умумии замини муассисаи таълимӣ 1,5 гектарро дар бар мегирад ва бо татбиқи пурраи лоиҳа дар он барои таъмини беҳтари донишу ҳунаромӯзӣ ва ба машқу тамрин фаро гирифтани фарзандони сокинони деҳаи Талхоб муосиртарин шароит фароҳам оварда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити донишомӯзии насли наврасу ояндасози миллат дар бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 ва лоиҳаи бунёди бинои дуюми ин даргоҳи маърифат ва дигар иншооти ёрирасон дар он хонандагонро ба омӯзиши илмҳои муосир ҳидоят намуда, ба масъулон ҷиҳати истифодаи пурсамар аз ин имконоти фароҳамкардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Деҳаи Талхоб таърихи тақрибан 200 - сола дорад ва маънои он дар гирди чашмаи обаш талх пайдо шудани маҳали аҳолинишин мебошад.

Боздид аз “Чашмаи Нуқра”
12 июл дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо фаъолияти коргарони кооперативи тиҷоратии “Чашмаи Нуқра” шинос гаштанд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва тадбирҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ солҳои охир дар мамлакат садҳо гектар заминҳои бекорхобида обёрӣ гардида, ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуданд.
Заминҳои КТ “Чашмаи Нуқра” дар як мавзеи беоб ҷойгир буданд ва дар натиҷаи дастгирии Ҳукумати мамлакат ва меҳнати аҳлонаи коргарон дар муҳлати кӯтоҳи се - чор соли охир ин мавзеъ ба як минтақаи обод мубаддал гардид.
Нашъунамои хуби ниҳолон ва ҷамъоварии ҳосили фаровони дарахтони мевадиҳандаи боғ натиҷаи бобарори талошҳои судманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Масоҳати умумии заминҳои Кооперативи тиҷоратии “Чашмаи Нуқра” 1130 гектар буда, 402 гектарро майдони боғу токзор ва қитъаҳои боқимондаро заминҳои талу теппа ва чарогоҳ ташкил медиҳанд.
Боғдорон дар майдони 32,6 га ангур ва дар заминҳои боқимонда навъҳои беҳтарини дарахтони биҳӣ, бодом, гелос, зардолу, нок, олу, олуча, олучабандак, себ, хуч, чормағз ва дигар меваҷот парвариш мекунанд.
Зимни шиносоӣ бо вазъи боғу токзор дар КТ “Чашмаи Нуқра” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргаронро ба истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, нигоҳубини хуби дарахтон, истеҳсол ва содироти меваҷот ҳидоят карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2019    №: 133    Мутолиа карданд: 3859
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед