logo

ҳуқуқ

ҲАРАКАТ ДАР РОҲ. ТЕЪДОДИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ РӮ БА АФЗОИШ АСТ

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 109620 ҳолати қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2081 ҳолат зиёд аст. Аз маҷмӯи қоидавайронкуниҳо беш аз 2 миллиону 878 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст.

Тавре аз ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ошкор ва пешгирӣ намудани истифодаи ғайримақсадноки автомашинаҳои хизматии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва иштироки ронандагон дар ҳаракатҳои гурӯҳии қатораҳои тӯёна, рӯзҳои шанбе ва якшанбе чорабиниҳои мақсаднок гузаронда шуда, дар ин муддат 61 далели иштироки ронандагон дар ҳаракатҳои гурӯҳӣ ва 25 ҳолати истифодаи ғайримақсадноки автомашинаҳои корхонаву муассисаҳои давлатӣ ошкор гардид.
Ҷиҳати ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбари истифодаи умум ва дигар камбудиҳои ҷойдошта амалиётҳои мақсадноки шартии «Истгоҳ», «Пиёдароҳа», «Кироя-таксӣ», «Нелегал» ва «Микроавтобус» гузаронда шуд. Дар натиҷа аз меъёри муқарраршуда зиёд савор кардани мусофирон 10354 далел, бе иҷозатнома (литсензия) машғул шудани ронандагон ба фаъолияти мусофиркашонӣ  3078, иваз кардани хатсайр 1720, риоя накардани тартиби пушидани сарулибоси ягона 958, ҳамчунин, таваққуф ва бозистодан дар ҷойҳои муқаррарнашуда 1443 далел ошкор шуд.
Бо мақсади ба эътидол овардани вазъи экологӣ дар кӯчаю роҳҳои автомобилгарди пойтахт, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои аз иншооти сохтмонӣ бо чархҳои лойолуд ба роҳҳои мошингард баромадани воситаҳои нақлиёти боркаш ва махсуси сохтмонӣ, воридшавии воситаҳои нақлиёти ифлос ва бе пардаҳои ҳимоявӣ кашондани қум, шағал, хок ва дигар борҳои пошхӯранда 1198 қоидавайронкунӣ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш ва махсуси сохтмонӣ ошкор гардидааст.
Дар 31 корхонаву муассисаҳои нақлиётӣ низ санҷишҳои маҷмӯӣ гузаронда шуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида ба роҳбарони корхонаҳо 21 амрнома дода шуда, барои сари вақт бартараф накардани камбудиҳо 25 роҳбари корхонаву муассисаҳои нақлиётӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар 110 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 18 нафар ба ҳалокат расида, 107 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Инчунин, 490 садамаи маъмурӣ низ сабт шудааст. Дар асоси таҳлили вазъи садамавӣ муайян карда шуд, ки сабабҳои асосии рух додани садамаҳо интизоми пасти пиёдагардон мебошад. Дар ин муддат 76 ҳолати пахши пиёдагардон сабт шудааст.
Бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани қоидавайронкуниҳои пиёдагардон ва пурзур намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ амалиёти «Пиёдагард» ва «Бачаҳо» гузаронда шуда, 22384 қоидавайронкунӣ аз тарафи пиёдагардон ошкор гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 347 ҳолат зиёд мебошад.
Масъалаи ташвишовар ин ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон мебошад. Дар ин давра, бо иштироки кӯдакону наврасон 30 садамаи нақлиётӣ содир шуда, 5 ноболиғ ба ҳалокат расида, 25 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2019    №: 133    Мутолиа карданд: 1032
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед