маориф
НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН. ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНАИ МАКТАББАЧАГОН ХУБ ҶАРАЁН ДОРАД
Бино ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Насимҷон Ғоибзода, имсол даври якуми истироҳати бачагон дар давраи таътили тобистонаи кӯдакону наврасон аз 15 июн оғоз ёфта, ҳоло даври дуюми он бомуваффақият идома дорад. Имсол низ чун солҳои пештара истироҳати тобистонаи хонандагон дар чор давр (12 рӯзӣ) ташкил карда мешавад. Истироҳати бачаҳо дар лагерҳои фароғатии назди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабҳои дурдасти ноҳия, кӯдакистону мактаб - интернатҳои Саричашма, Яхшо, Чагам, Мишкорон, Даштиҷум ва Хирманҷо ташкил карда шудааст. Имсол дар маҷмӯъ, 2 ҳазору 300 хонанда ба фароғати тобистона фаро гирифта мешавад.
Дар даври дувуми он 817 хонанда истироҳат намуда истодаанд. Дар лагерҳои тобистона ба ташкили бозиҳои варзишӣ диққати махсус дода мешавад. Хонандагон ба шашкаву шоҳмотбозӣ, футболу волейбол, баскетбол ва тенниси рӯи миз машғул мебошанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои ташкили самарабахши истироҳати тобистонаи хонандагон дар мавсими тобистони соли 2019 ҳамаи чораҳои заруриро баҳри солимгардонии бачаҳо дар лагерҳои фароғатӣ андешидааст. Ба таълиму тарбияи наврасон 250 омӯзгори соҳибтаҷриба вобаста шудаанд. Бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва иттифоқи касабаи шуъбаи маориф маблағҳои зарурӣ ҷудо шудаанд. Хонандагон бо рахтҳои роҳат ва бо хӯроки гарму болаззат таъмин мебошанд. Саломатии онҳо таҳти назорати доимии табибон қарор дорад. Роҳбарони идораи санитарию эпидемиологии ноҳия ҷиҳати назорати вазъи санитариву беҳдоштии истироҳатгоҳҳо корҳои судманд анҷом дода истодаанд. Кормандони идораи оташнишонӣ низ вазъи пешгирии сӯхторро дар ҳамаи истироҳатгоҳҳо таҳти назорат қарор дода, бо омӯзгорону хонандагон суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Дар лагерҳои истироҳатӣ дар давраи таътили тобистона, миёни хонандагон озмуни китобхони беҳтарин дар соли 2019 давом дорад. Мақсад аз ташкили озмун баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба хондани китобҳои бачагона ва бадеӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар ҳамаи истироҳатгоҳҳои муассисаҳои таълимии ноҳия гӯшаи китобҳои бачагона ва бадеӣ ташкил шуда, адабиёти навтарин дар ихтиёри истироҳаткунандагон гузошта шудааст. Ин амал ба беҳтар шудани дониши мактаббачагон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин, айни замон 10 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар дараи Варзоб дар маҷмааи фарҳангию фароғатии «Файзи истиқлол» - и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳат дорад.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.07.2019 №: 133 Мутолиа карданд: 1721