logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: “ОСИЁ ХОНАИ УМУМИИ МОСТ”

Осиё гаҳвораи тамаддунҳо ва ватани нахустин хату алифбо, фарҳанг ва кашфиёти гуногун мебошад. Захираи инсонӣ, табиӣ ва роҳу коммуникатсия боиси боло рафтани аҳамияти қитъаи Осиё гардидааст. Аз ин ҷост, ки манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ин ҷо бо ҳам бархӯрд мекунанд ва гоҳо боиси ба вуҷуд омадани мушкилот мегарданд.
Дар 54 давлати Осиё зиёда аз 60,5 дарсади аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунад. Таваҷҷуҳи абарқудратҳо ба ин чорроҳаи ҷуғрофӣ ва сиёсӣ, ки се қитъа, динҳои ҷаҳонӣ ва тамаддунҳоро мепайвандад дар ҳоли афзоиш аст. Захираҳои бузурги нафту газ, гардиши муқтадири молиявӣ чун оҳанрабо давлатҳои абарқудратро ҷалб менамояд.
Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё замоне дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки қитъаи Осиё ба марҳалаи тақдирсози рушди таърихии худ ворид гардид. Ин махсусият ба ояндаи қитъаи калонтарини дунё бе таъсир нахоҳад буд. Имрӯз таърих бори дигар барои миллатҳои Осиё имкони нав фароҳам овардааст, то бо ҷидду ҷаҳд ва ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва илмию фарҳангӣ аз ин варта раҳоӣ ёбанд.
Кишварҳои осиёӣ тайи солҳои тӯлонӣ аз бесуботӣ, ташаннуҷ, ҷангу набуди иттиҳод ранҷ мебурданд. Имрӯз ин кишварҳо дорои низоми сиёсие мебошанд, ки дар гузаштаи начандон дур аз он бархӯрдор набуданд. Он чи ки имрӯз бо номи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ унвон мешавад, маҳсули омилҳои гуногун, асосан омили дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, бо таҳаввулоти сиёсӣ, ҷамъиятиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои Осиё пайванди ногусастанӣ дорад. Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ (1991) ва поёни “ҷанги сард” заминаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии бештарро миёни осиёиҳо  фароҳам сохт. Агарчи ҳанӯз то иттиҳоди воқеӣ ва ҳамаҷониба роҳи дарозе дар пеш аст, иқдоми ҷомеаи осиёӣ дар ташкили бозори воҳид, гомҳои иқтисодӣ, пешравии саноатӣ, ҳамгироии фарҳангӣ шоистаи дастгирист.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба муқобили мушкилоти рӯз мубориза мебарад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷонибдори амну субот, ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ ва дорои таҷрибаи нодири ҳалли низоъҳо аз тарафи кулли кишварҳои ҷаҳон эътироф шудааст. Сабаби чунин пешсафӣ дар мубориза ба муқобили терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубориза ба муқобили сарчашмаҳои маблағгузории он, ҷиноятҳои фаромиллӣ, қочоқи яроқу аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ буд, ки аз миёни 27 давлати аъзои машварат Тоҷикистон баъди Қазоқистон, Туркия ва Чин чорумин кишварест, ки дар лаҳзаи пуртаззоди ҷаҳони зудтағйирёбанда ба раёсати МҲТБО муносиб дониста шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки раисии ҳамоиши панҷуми МҲТБО - ро ба зимма доштанд, Консепсияи амниятии нав, робитаи бевоситаи байни амнияту рушдро дар сатҳи Осиё бори дигар таъкид карданд. Ин консепсия аз чор усули асосӣ; умумӣ, фарогир, кооперативӣ ва амнияти устувор иборат аст.
Андешаи ҷолиби “Осиё хонаи умумии мост”, ки ифодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ҳанӯз соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин садо дода буд. Ин андеша бунёдӣ ва созанда буда, таваҷҷуҳи кишварҳоро ба самти ҳалли мушкилоти қитъа равона месозад. Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳамоиши панҷуми МҲТБО майдони мусоиди баҳс барои дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти гузашта ва нав, ташаббусҳо барои коркард ва таҳияи механизмҳои нави таҳкими эътимоду ҳамкорӣ мебошад.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баҳри ҳифзу пойдории сулҳу субот муҳим шумурда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар ҳамоиши панҷуми МҲТБО чунин гуфтанд: “Баъди аз сар гузарондани ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 - уми қарни гузашта Тоҷикистон қадру қимати сулҳу суботу оромӣ ва зарурати мутлақи ҳифзу таҳкими онро дарк намуда, гиромӣ медорад. Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ давоми соли гузашта ва ҷорӣ ду конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи таҳкими ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ дар ҷодаи мубориза бо ин хатарҳои ҷаҳонӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории онҳо баргузор намуд. Дар зимн, мусоидат ҷиҳати ҷалби Афғонистон ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар доираи панҷ ченаки машварат метавонад нақши муҳим дошта бошад”.
Аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҷонибдории худро аз ислоҳоти минбаъдаи низоми СММ баҳри самараноктар гардондани амалҳои ин ниҳод ба таҳдиду хатарҳои замони муосир иброз намуданд. Буҳрони Афғонистон дар асл моҳияти бисёр васеътар аз сатҳи як кишвар дошта, дар он сиёсату манфиатҳои кишварҳои минтақа ва қудратҳои ҷаҳонӣ низ бо ҳам гиреҳ хӯрдааст. Масъалаи Афғонистон маҷмӯи васеи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва геополитикие мебошад, ки дар асл аҳамияти ҷиддии минтақавӣ ва байналмилалӣ доранд.
Мавзӯи Афғонистон барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа ба дараҷае муҳим аст, ки вазъияти он ба ҳалли масъалаҳои усулии сиёсию иқтисодии Осиёи Марказӣ таъсири ҷиддӣ дорад. Бо назардошти ин нукта дар Эъломияи Душанбе махсус таъкид шуд, ки раванди сулҳу оштӣ дар Афғонистон бояд ба ризоияти афғонҳо ва давлати Афғонистон асос ёбад. Дар мавриди сиёсати дифоии муштарак, ташкили артиши умумиосиёгӣ, сиёсати хориҷӣ, амнияти муштарак ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ қитъаи Осиё ба як бозингари қудратманд дар низоми байналмилалӣ табдил меёбад. Бо эътимод метавон гуфт, ки дар сурати ҳамгироии ҷиддии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сиёсию ҳарбӣ ва ташкили иттиҳоди давлатҳои Осиё пайдоиши блоки пурқудрат дар ин қитъа эҳтимол дорад.
Баргузории ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои МҲТБО дар шаҳри Душанбе гувоҳи эътибору эҳтироми давлатҳои аъзои машварат ба Ватани мо ва Президенти кишвари мост, яъне Тоҷикистон кишвари осоиштаи Осиёву ҷаҳон мебошад.
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
корманди Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2019    №: 134    Мутолиа карданд: 981
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед