logo

номаҳо

ЭҲТИРОМИ МОДАРРО АЗ ПЕШВОИ МУАЗЗАМ БИОМӮЗЕМ!

Дар доираи сафари корӣ ва мулоқот бо сокинони ноҳияи Сангвор ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғайричашмдошт сурате тақдим гардид. Дар сурат Пешвои миллат бо модари азизу бузургворашон ба ҳангоми суҳбат тасвир шуда буданд. Бо дидани он ба ёди модарашон беҳтарин суханҳоро бисёр самимона иброз доштанд. Баромад ончунон муассир буд, ки бе рехтани оби дида кас наметавонист онро бишнавад.

Нахуст барои модари азизашон дуои хайр намудем, ки фарзанди сулҳпарвару ободгару адолатгустарро барои миллат зодааст.
Баъдан аз модару падари худ ёд намудем, ки дар зиндагияшон ба қадрашон расида натавонистем. Акнун пушаймонем. Дер, бас дер фаҳмидем, ки чи неъматҳои бузурге будаанд. Оре, пас аз он, ки мо ва дунёро тарк гуфтанд. Бо чи заҳматҳо моро парварданд, хононданд. Бояд хоки қадамҳояшонро тутиёи чашм мекардем.
Дуруст аст, ки падарон, бародарон, хоҳарон, гуногун мешаванд, аммо модарон, ҳамаи модарон якхеланд ва аз ҳамдигар тафовут надоранд. Фикр мекунам, ки ин ҳақиқатро бояд ҳамаи фарзандон бидонанд ва модару падарро азизу гиромӣ бидоранд. Бо эҳтироми ин ҳар ду дар ҳар ду олам фарзанд подоши некро соҳиб мегардад ва ҳам обрӯву шараф меёбад.
Барҳақ, пешиниён иброз медоштанд: «Ҳар чӣ бо модару падари худ бикунӣ, ҳамонро аз фарзанди худ мебинӣ».
Бар асари ҷаҳолату ҷавонӣ бонг бар онҳо низ задаему дилозурдаашон ҳам намудаем. Медонем, ки онҳо моро бо он дилҳои бузург, ки доштаанд, бахшидаанд, вале ҷубронашон барои худамон дар ин даврон бас мушкил мебошад.
Гуфтаему мегӯем: «Агар умри дубора меёфтанд, лаҳзае аз хидматашон фориғ намешудем. Ҳеҷ чиз баҳонаву сабаб намегардид, ки ба зиёрату аёдаташон шитоб накунем».
Баъди суханони самимии Пешвои миллат дар бораи модару падарашон, дидем, мушоҳида намудем, ки фарзандонамон, ба маънии мусбаташ, тағйир ёфтанд ва моро бо дили саршор аз муҳаббату нигоҳи пур аз меҳр ва умедҳои нек нигаристанд. Суханони Сарвари давлат, ба ростӣ, дар ин маврид ба  навъе як дарс буд, дарси хуби ахлоқ ва ҳам ахлоқи ҳамида.
Қ. РАҲИМ, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2019    №: 134    Мутолиа карданд: 3847
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед