logo

иқтисод

ВМКБ. ЧАРО КОРХОНАЕ, КИ ДУСАД КОРГАР ДОШТ, АЗ КОР МОНД?

КВД «Матбааи вилоят» дар ВМКБ  солҳои 80 – ум  200 коргар дошту  яке аз корхонаҳои бузурги минтақа маҳсуб меёфт. Аммо чанд вақт боз ҳатто музди меҳнати кормандонро ҳам пардохта наметавонад.  Ҳоло ба ҷуз 2 – 3 навбатдор (аз ҳисоби  коркунони маъмурияти корхона) дар сехҳо касе нест. Дастгоҳҳо низ кунҷе бекор хобидаанд.

Амдин Қосимшоев, сардори муассиса,  гуфт, ки айни замон дар корхона ягон дастгоҳи чопкунии фаъол мавҷуд нест.
- Онҳо корношояманду таъмир ҳам намешаванд. Се сол пеш бо супориши Президенти мамлакат Вазорати фарҳанг барои корхонаи мо як дастгоҳи ноширӣ тақдим намуд. Вале он барои чопи рӯзнома мувофиқ  наомад ва як сол боз тамоман кор намекунад, - гуфт ӯ.
Бо чунин аҳвол қариб даҳ сол аст, ки барои нашри рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявии вилоят имконият нест ва роҳбарони нашрияҳо саргардон шуда,  рӯзномаҳоро дар матбааҳои шаҳри Душанбе ба чоп мерасонанд. Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб – «Сари Кол» дар шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ба нашр мерасад.
Ба гуфтаи Назрулло Хайруллоев, муовини сармуҳаррири рӯзномаи  “Бадахшон”, аз кор мондани корхонаи мазкур барои нашри рӯзномаҳои вилоят монеаи ҷиддӣ эҷод намудааст.
- Мо маҷбурем, ки рӯзномаро саҳифабандӣ карда, тариқи интернет ба матбааҳои шаҳри Душанбе ирсол намоем. Ҳатто наметавонем, ки сифати нусхаи аввалинро дида, ба чопаш иҷозат диҳем. Бо ин сабаб баъзан сифати ҳуруфу аксҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Аммо мо имкони ислоҳ надорем, рӯзнома ба дасти мо  баъди ду рӯз мерасад.  Дар ин ҳол, албатта, бархе аз хабарҳои дар рӯзнома нашршуда  моҳияти худро гум мекунанд.  Барои мисол, рӯзномаи “Бадахшон” рӯзи чоршанбе дар  маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри  Душанбе ба нашр расида, рӯзи дигар бо мошинҳои мусофиркаш ба шаҳри Хоруғ фиристода мешавад. Рӯзи ҷумъа масъулони КФВД “Почтаи тоҷик дар ВМКБ” онро  ба ноҳияҳо мебаранд ва баъди як рӯз  ба идораи почтаи онҳо мерасад. Аз ин ҷо ба маркази ҷамоату деҳаҳо расидани рӯзнома боз вақти муайянро талаб мекунад. Акнун қазоват кунед, ки ин рӯзнома аз лиҳози иттилоотӣ ва фаврият чӣ арзише дошта метавонад. Бинобар ин,  зарур аст, ки барои фаъолгардонии матбааи вилоят чора андешида шавад. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо як рӯзномаи вилоятӣ, ки бо теъдоди 3100 нусха нашр мешавад, соле ба матбаа барои чоп беш  аз 120 ҳазор сомонӣ  пардохт менамояд. Ба ин нашри  рӯзномаҳои шаҳриву ноҳиявиро зам намоем,  даромади матбаа хеле бештар хоҳад шуд. Ҳамчунин, агар чопи қисмати рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ барои муштариён аз ВМКБ дар ин муассиса ба роҳ монда шавад, даромади корхона меафзояд. Ҳам ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанду ҳам  истеҳсолот ривоҷ мегирад. Аммо боиси таассуф аст, ки ин маблағ аз ҳудуди вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ мебарояд. 
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2019    №: 134    Мутолиа карданд: 1069
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед