logo

иқтисод

РӮШОН. БА САНООБОД ОБ МЕОЯД

Деҳаи Саноободи Ҷамоати деҳоти ба номи Муъминшо Абдулвосиев дар сарҳади ғарбии ноҳияи Рӯшон воқеъ буда, дар он  айни ҳол аҳли 48 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд. Аҳолии ин деҳаи дурдаст солҳои зиёд аст, ки ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва аз оби дарёи Панҷ истифода мекунанд. Дар фасли зимистон оби дарё соф  аст, аммо бо оғози фасли баҳор ярчу селу тарма истеъмоли ин обро ғайриимкон гардонда, хатари эҳтимолии мубтало шудани сокинон ба ҳар гуна бемориро афзоиш медиҳанд.

Тавре Нозигул Абдулвоҳидова, раиси ҷамоати деҳот, зикр намуд, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 барои рушди деҳот заминаи мусоид гузошт. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  мушкилоти сокинони деҳаи Саноободро ба назар гирифта, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба бунёди хати оби ошомиданӣ оғоз намуд. Масофаи байни деҳа ва сарчашмае, ки аз он об кашида   мешавад, 8 километрро дар бар мегирад.
- Ба шарофати сулҳу ваҳдат, фазои орому осуда, талошҳо ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити зиндагии сокинон дар деҳоти мамлакат рӯз то рӯз беҳтар мегардад. Мо аз ин хеле хушҳолем ва умедворем, ки дар ояндаи наздик симои деҳаи мо низ дигаргун хоҳад гашт. Кашидани хати  оби ошомиданӣ ба деҳа аз иқдомҳоест, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳли деҳа ва рушди ҳамаҷонибаи он мусоидат мекунад. Аз он ҳам хеле хушбинем, ки ҷавонони мо дар корҳои созандагиву ободонии диёр бо дили гарм саҳмгирӣ мекунанд. Алъон 15 нафар аз ҷавонони маҳаллӣ ба васлу насби лӯлаҳои пластикӣ   машғуланд. Бештари корҳоро коргарон тавассути техника анҷом медиҳанд. Дар ин ҷо солҳои наздик иншооти азими саноатии мамлакат – Неругоҳи барқи обии "Санообод" бунёд мегардад. Ҷиҳати ташкили инфрасохтори одитарин барои бунёдгарони ин иншоот аз имрӯз замина мегузорем. Ҳамзамон, ҷавонони маҳаллӣ дар бунёдкориҳо ширкат варзида, малакаи созандагии худро сайқал медиҳанд. Хати оби нӯшокӣ бошад, то Ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, - гуфт Н. Абдулвоҳидова.
Раҳмони  ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2019    №: 134    Мутолиа карданд: 857
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед