туризм
ҲИСОР. ТАЪСИСИ ДУ ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) ва бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон дар шаҳри Ҳисор боз ду хатсайри сайёҳӣ таъсис ёфт.
Тавре Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад, яке аз онҳо мавзеи Чилчашмаи Чилтанҳо мебошад, ки дар деҳаи Хоҷачилдиёри Боло дар баландии 1500 метр аз сатҳи баҳр дар доманаи силсилакӯҳҳои Ҳисор воқеъ аст. Бино ба маълумот, ин мавзеъ куҳанбунёд буда, таърихаш ба давраи давлатдории Кӯшониён рост меояд. Маънои «Хоҷачилдиёр» диёри сарҳадӣ ё канорӣ мебошад. Оби Чилчашмаи Чилтанҳо хусусияти шифоӣ дошта, ба бемориҳои зиёд дармон мебахшад. Он аз чиллахона, чилтанҳо ва меҳмонхона иборат аст. Инчунин, дар ин мавзеъ чанорҳое мавҷуданд, ки таърихи чорҳазорсола доранд.
Мавзеи дигар Масҷиди Куҳна буда, дар қисмати шимолии деҳаи Тӯда қарор дорад. Чуноне аз навиштаҷоти масҷид бармеояд, он соли 1313 - и ҳиҷрӣ (1898-и милодӣ) бунёд гардидааст.
Ёдовар бояд шуд, ки шаҳри Ҳисор яке аз минтақаҳои таърихии мамлакат ба ҳисоб рафта, бо обу ҳавои мусоид, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои пурфайз ва дарёҳои сероб диққати сайёҳони зиёдро ҷалб менамояд. Айни замон дар шаҳр ҳафт хатсайри сайёҳӣ мавҷуд аст, ки машҳуртаринашон мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии “Қалъаи Ҳисор” ва истироҳатгоҳи «Шоҳамбарӣ» мебошанд ва ҳа-масола шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз онҳо дидан мекунанд. Бо ташкили ду хатсайри нави сайёҳӣ дар ин водӣ шумораи гардишгарон боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.07.2019 №: 134 Мутолиа карданд: 2211