logo

иқтисод

ФАЙЗОБОД. ШУМОРАИ СОҲИБКОРОНИ ХАЙРХОҲ МЕАФЗОЯД

Босамару оқилона истифода бурдани заминҳои кишт имконият дод, ки сокинони заҳматкаши ноҳияи Файзобод аз ҳисоби фоидаи аз замин гирифтаашон дар корҳои ободонии диёри худ саҳми арзанда гузоранд.  Хайриддин Расулов, Муллоқувват Раҳимов ва Лоиқ Воҳидов аз зумраи  нафароне ҳастанд, ки бо меҳнати ҳалол зиндагии осудаҳолона пеш бурда, дар ободонии ноҳия ҳиссаи сазовор  мегузоранд ва  ба даҳҳо оилаи камбизоату эҳтиёҷманд  дасти мадад дароз менамоянд.
Хайриддин Расулов дар мавзеи Сардараи ноҳия бо аҳли хонадонаш заминҳои солҳои тӯлонӣ бекорхобидаро  тахту ҳамвор, шодоб ва киштбоб кард. Ҳоло ҳар сол дар майдони чор гектар картошка кишт карда, аз ҳар  гектар 300 - сентнерӣ ҳосил мегирад. Инчунин, дар талу теппаҳои он ҷо 2 гектар боғи нав бунёд намуд ва аз он даҳҳо тонна себу нок мерӯёнад. Хайриддин Расулов барои обёрии заминҳои хоҷагиаш аз мавзеи Дараи Калон то  майдони киштзор ба масофаи 500 метр ҷӯйбор канда, об овард. Ӯ ният дорад, ки майдони кишти картошкаро васеътар сохта, дар афзоиши истеҳсоли ин маҳсулоти зарурӣ ҳиссагузор бошад.
Ҳамчунин, Хайриддин Расулов хоҷагии деҳқонии чорводории «Хайриддин» - ро таъсис дода, парвариши чорвои ширдеҳро ба роҳ мондааст. Хоҷагӣ дар талу теппаҳои ноҳия  зиёда аз 3 ҳазор гектар чарогоҳ  дар ихтиёр дорад.  Айни замон дар фермаи хоҷагӣ 45 гови зоти шведӣ  нигоҳубин мешавад. Хайриддин Расулов   ҳар сол аз ҳисоби фурӯши шир  даромади ҳалол ба даст оварда, бо ин роҳ ҳам рӯзгорашро пеш мебараду ҳам ба ниёзмандон ёрӣ мерасонад.  Номбурда тасмим гирифтааст, ки ба муносибати Ҷашни  30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Гултеппа китобхонаю сартарошхона бунёд карда, дар мумфаршсозии роҳҳои маҳаллӣ саҳми шоиста гузорад.
Соҳибкор Муллоқувват Раҳимов дар деҳаи Муъминободи Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳия  хоҷагии деҳқонии «Бедил» - ро ташкил намудааст.  Ҳар сол 5 гектар картошка ва  2 гектар карами барвақтӣ, бодирингу помидор кишт намуда,  ҳосили дилхоҳ ба даст меорад. Имсол низ дар хоҷагӣ парвариши  зироатҳои кишоварзӣ  хуб ба роҳ монда шудааст. Ин марди заҳматпеша ва хайрхоҳ  барои мардуми деҳаи Муъминобод, аз болои дарёчаи Ғозӣ  кӯпрук сохта, мушкилоти рафтуомади мардуми ин ҷоро осон намуд. Ҳамчунин,  соҳибкор ҳар сол дар арафаи идҳои Фитр ва Қурбон ба даҳҳо оилаи ниёзманд кумаки моддӣ мерасонад, ки маблағи он аз баракати меҳнати ҳалоли ӯ мебошад. Соҳибкор дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Муъминобод корхонаи дӯзандагӣ бунёд карданист.
Сокини хайрхоҳи дигар бобои Лоиқ Воҳидов аст, ки тӯли умри пурбаракаташ ҳамеша пайи меҳнати ҳалолу накукорист.  Гарчанде синну соли бобои Лоиқ аз ҳаштод гузаштааст, аз кори замин дил накандааст.
Ӯ дар чорчӯбаи корҳои омодагӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби даромадҳои бо арақи ҷабин ба даст овардааш  дар деҳаи Фақеробод бунёди сартарошхона ва гӯшаи деҳқонро пеш гирифтааст. Ҳамзамон,  бобои Лоиқ ба як қатор оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд ёрӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз, байни ҳамдеҳагон чун марди саховатпешаю накукор ном баровардааст.
Кору пайкори сокинони меҳнатқарин ва боҳиммат кишоварзону соҳибкорони дигарро низ ба арсаи созандагию бунёдкорӣ овардааст.
Ҳар яке аз онҳо ин шабу рӯз талош дорад, ки ба қадри тавон дар пешрафту шукуфоии як гӯшаи диёри нозанин саҳмгузорӣ намояд.  
Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2019    №: 134    Мутолиа карданд: 843
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед