logo

маориф

МАОРИФ. ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР МАДДИ АВВАЛ

Такмили ихтисос ва бозомӯзӣ воситаи муҳими баланд бардоштану ташаккули малакаву маҳорати устодону омӯзгорон ба шумор меравад. Бо назардошти вазъияти феълӣ, такмили ихтисос ва усули роҳбарии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ василаи муҳими рафъи мушкилот дар самти беҳбуди сифати таҳсилот ва, дар маҷмӯъ, рушди муассисаҳои таълимист.

Тақвияти ин гуфтаҳо аз ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ маншаъ мегирад, бармеояд. Ба ибораи дигар, ҳеҷ соҳа бе мутахассисони варзида ва огоҳ ба комёбӣ ноил намегардад. Аз ин лиҳоз, бо Қарори Ҳукумати кишвар аз 28 июни соли 2017 Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022 қабул гардид. Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ тибқи ин барнома амал менамояд.
Мушкилоти соҳа дар китоби «Самтҳои аввалияи рушди такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» (муаллифон Х. Қурбонзода ва Ҳ. Бобоев) дарҷ гардидаанд. Ҷиҳати татбиқи масъалаҳои зикршуда раёсати донишкада ду сол боз барои мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ - техникӣ, илмӣ - методӣ, иттилоотии раванди такмили ихтисос, таъмин намудани раванди такмил бо кормандони унвони илмидошта, таъмини китобхонаи электронӣ, бартараф намудани камбудиҳои банақшагирӣ дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонда, ин раванд батадриҷ идома  дорад. Гузашта аз ин, барои рушди такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф тайи се соли охир дар донишкада як қатор иқдомҳои тоза рӯи кор омаданд.
Синфхонаҳои таълимии донишкада ва филиалҳои он бо тамоми воситаҳои техникии замони муосир, аз қабили тахтаи электронӣ, видеопроектор, компютер ва амсоли ин муҷаҳҳазонда шудаанд, машғулиятҳо дар сатҳи баланд гузаронда мешаванд. Китобхонаи электронӣ низ мавҷуд аст, ки  айни ҳол он дорои шумораи зарурии асарҳои илмию назариявӣ, сиёсӣ, бадеӣ ва дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-11) ва барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос (62 номгӯй) мебошад.
Ҳамзамон, афзуданием, ки бори нахуст дар таърихи донишкада дар солҳои соҳибистиқлолӣ шӯрои муҳаққиқон таъсис ёфт. Айни ҳол 2 нафар рисолаи докторӣ ва 2 нафар рисолаи номзадии худро бо муваффақият ҳимоя карда, чор нафари дигар дар арафаи ҳимоя қарор доранд.
Мушкилоти мавҷудаи соҳа  зина ба зина ҳини татбиқи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҳалли худро хоҳад ёфт.
А. НАҶМИДДИНОВ,
С. ЭГАМБЕРДИЕВ,
Э. АҲМАДОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2019    №: 134    Мутолиа карданд: 2261
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед