logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

РОҲЗАНӢ
Ҷиноят дар Москва ҳукм дар Душанбе
Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳрванд И. Холовро дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ гунаҳгор дониста, ӯро ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ, И. Холов моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо ҷамъе аз ҳаммаслаконаш ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Сабурзода ҳамла карда, ӯро захмӣ ва маблағи 902 ҳазор рубли русӣ, баробар ба 128264 сомониро тасарруф намудаанд.
Дар шарҳи ҷузъиёти ин хабар гуфта мешавад, ки С. Сабурзода  барои хариди мошин ба шаҳри Москва рафтааст, ки маҳкумшуда ва ҳайати ҳамроҳонаш дар ин бора огоҳӣ пайдо намуда, даст ба чунин ҷинояти нангин задаанд.
Ин амали ҷинояткорона тибқи моддаи 249 қисми 4 банди «б» - и Кодекси ҷиноятӣ (роҳзанӣ бо мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани молу мулк) бандубаст шудааст.

ОДАМКУШӢ
Гумонбари ҷиноят дастгир шуд
Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти зани 23 - солае хабар дод, ки дар қатли ҳамсараш гумонбар мешавад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорат, зани боздоштшуда, сокини Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич буда, 11 июли соли ҷорӣ бар асари рашк шавҳарашро бо корд ба қатл расондааст. Ин амали ваҳшиёна дар дили шаб ҳангоми хоб будани шавҳар, ки аз ӯ марди 27 – сола ном бурда мешавад, содир шудааст.
Феълан оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

МУБОДИЛАИ ҒАЙРИҚОНУНӢ
Долларфурӯшон ба даст афтоданд
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони инфиродӣ  Маҳмадалӣ Мусулмонов ва Сунатулло Мирзоевро, дар шаҳри Ҳисор барои муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ дастгир намуданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, боздоштшудаҳо дар шаҳри Ҳисор як нуқтаи ғайриқонунии мубодилаи асъор ташкил намуда, алайҳи муқаррароти қонун фаъолият кардаанд. Дар натиҷа ҳангоми мубодилаи ғайриқонунӣ асъори хориҷӣ ба маблағи 3000 доллари амрикоӣ ба даст афтоданд.
Оид ба ин ҳолат нисбат ба М. Мусулмонов ва С. Мирзоев бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ба прокуратураи шаҳри Ҳисор ирсол гардидааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2019    №: 134    Мутолиа карданд: 996
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед