logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ

16 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Корея мақоми шоиста дошта, ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои нахустин сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея интизориҳои зиёд дорад.
Ҷонибҳо ба он назар буданд, ки барои рушду тавсеаи муносибатҳои байнидавлатӣ заминаҳои созгори шартномавию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея  оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ низ фаъолияти назаррас дорад.
Доир ба рушду тавсеаи бештари муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея  дар доираи муколамаи “Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея”, Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкори судманд анҷом дода шуд ва таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ифтитоҳи намояндагии Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалиро  дар шаҳри Душанбе ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ  бо Фонди Корея оид ба қарзҳои имтиёзнок барои рушди соҳаҳои ояндадори иқтисодӣ ҳавасманд аст.
Зимни мулоқоти судманд доир ба ҷанбаҳои манфиатбори муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Корея, ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, гидроэнергетика, молияву бонкдорӣ ва бахши хусусӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, фарматсевтика, илму маориф, фарҳанг, муҳоҷират, сайёҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар заминаи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон табодули афкор карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории  форумҳои тиҷоратии Тоҷикистону Корея ва Тоҷикистон – Корея - Ӯзбекистонро дар соли гузашта, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим дар рушду густариши муносибатҳои байнидавлатӣ, хусусан дар соҳаи тиҷорату иқтисод арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ карданд, ки форуми навбатии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Корея тадбирҳои муштаракро дар ин самт таҳким мебахшад.
Дар мулоқот, ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба амнияту суботи минтақавию байналмилалӣ, вазъи кунунии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2019    №: 135    Мутолиа карданд: 4912
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед