logo

иқтисод

МУШКИЛИ КАМЧИНИИ НУРИҲОИ АЗОТӢ. ЧӢ БОЯД КАРД?

Дар соҳаи кишоварзӣ пахтакорӣ барои мардуми деҳот ҳам ҷои кор асту ҳам манбаи даромаду зиндагӣ. Аз ин ҷост, ки солҳои охир деҳқонон бо ихтиёри худ ва дар қисмати калони заминҳояшон пахта мекоранд. Вале бо иллати камчинӣ ва гаронии нархи нуриҳои азотӣ ва дигар маводи ғизоӣ ҳосили баланд гирифта наметавонанд. То кунун  нурӣ аз хориҷа бо нархҳои дандоншикан оварда мешавад ва зӯри на ҳар хоҷагидор ба хариданаш  мерасад. Пас, чӣ бояд кард? 
Пахта зироатест, ки агар меъёри обу озуқаашро  пурра нагирад, ҳосили хуб намедиҳад. Ҳоло бо иллати норасоии нурӣ хоҷагидорон ночор зироатҳоеро кишт карда истодаанд, ки боздеҳашон дар қиёси пахта баландтар аст. Масалан, коштани ғалла ё ҷуворимакка, ки дар шароити Тоҷикистон то се маротиба ҳосил медиҳад ва тавассути киштгардон нурии минералии зиёд талаб накарда, табъи дили деҳқон фоида меорад. Кишти сабзавоту полизиҳо низ даромади хуб медиҳад.
Аммо чӣ бояд кард, ки дилхунукии деҳқон аз кишти пахта – зироати серфоида бартараф шавад? Таҳлилҳо гувоҳи онанд, ки барои ин дар мамлакат шароиту имконият мавҷуд аст. Яке аз имкониятҳои воқеӣ истифода аз иқтидори заводи нуриҳои азотии Вахш - корхонаи бузурги нурӣ мебошад. Мувофиқи иқтидори истеҳсолӣ ба кор даровардани он имкон медиҳад, ки на танҳо кишоварзони ҷумҳурӣ бо нуриҳои азотӣ таъмин гарданд, балки маҳсулоти корхона ба хориҷа содирот карда шавад. Пас, монеа чист?
 Шукри сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки муносибатҳо бо Ӯзбекистони ҳамсоя хеле (дар сатҳи шарикии стратегӣ) хуб шудаанд ва баъди солҳои тӯлонӣ ба Тоҷикистон боз газ интиқол дода мешавад. Онро ба корхона пайваст кардан ва ба кор оғоз намудан роҳи ҳалли мушкилот аст.
Ногуфта намонад, таҷрибаи тӯлонии деҳқонон  собит мекунад, ки агар ба пахта ҳар қадаре нуриҳои азотӣ, минералӣ, шарбатоб зиёд дода шавад, ҳамон қадар ҳосили зиёд ба даст овардан мумкин аст. Ин буд, ки замони шӯравӣ садҳо хоҷагиҳо маҳз аз ҳисоби пахта миллиондору сарватманд шуданд ва ба василаи даромадҳои калон соҳаҳои дигари хоҷагидориашонро (аз қабили чорводорӣ, парандапарварӣ, боғдорӣ ва ғайра) тараққӣ доданд.
Ҳоло низ хоҷагидороне, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқувватанд, ба пахта аз меъёр зиёд имконияти  ғизо дода, ҳамоно аз   нақша ду баробар зиёд ҳосил мегиранд. Масалан, Исмоил Саъдуллоев, аз хоҷагии ба номи  Кирови ноҳияи Вахш, дар соли хоҷагидории 2017 аз 0,87 га замин ҷамъ сад сентнер пахта гирифт. Соли 2018 низ, ки барои деҳқонони ҷумҳурӣ соли камҳосилӣ буд, Исмоил Саъдуллоев нақшаро барзиёд иҷро намуд. Ӯ аз ҳисоби даромади ба даст овардааш барои мардуми деҳа бунгоҳи тиббӣ ва мағоза сохтааст. Ният дорад, ки як километр роҳи вайрони дохили хоҷагиро таъмир менамояд. Ҳамчун фермери ҳақиқӣ говҳои ширдеҳ ва моли майда низ парвариш мекунад.
Дар шафати заминҳои И. Саъдуллоев хоҷагиҳои деҳқоние ҳастанд, ки соҳиби зиёда аз сад гектар заминанд ва аз он сермаҳсул истифода карда наметавонанд. Ба андешаи мо зарур аст, ки ин масъаларо дигарбора таҷдиди назар карда, ба чунин деҳқонон, ки аз рӯи  натиҷаҳои ба даст овардаашон олимони соҳаро дар ҳайрат мегузоранд, бештар ба замин таъмин намоянд.  
Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ бояд бетаъхир ба ҳаллу фасли проблемаи  ба кор даровардани  завод ва бо маҳсулоти зарурии арзон ва хушсифати худӣ   таъмин намудани пахтакорон машғул гардад. Вагарна бе дастгирии ҷиддии давлатӣ соҳа торафт таназзул меёбад.
Имрӯз арзиши 50 килограмм мачавин ё карбамид дар бозорҳо 270 сомонист. Қисмати кулли  хоҷагидорон имкони бо чунин нарх харидани онро надоранд. Бинобар ҳамин, пахта ҳосили хуб намедиҳад.  Ана, барои чӣ таъҷилан ба кор даровардани завод чун обу ҳаво зарур аст.
Оё масъулони тиҷорат андешаи дигар доранд?                   
Ғайбулло ҲАЛИМОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2019    №: 135    Мутолиа карданд: 1168
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед