logo

иқтисод

ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. СОҲАИ СЕРДАРОМАДУ КАМХАРҶ

Парвариши занбӯри асал  дар самти таъмини амнияти ғизоӣ бахши муҳим ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳбудии он пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Дар ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ низ зиёд намудани хоҷагиҳои занбӯриасалпарвар ҷойгоҳи хос дорад. Ҳамин аст, ки рӯз ба рӯз истеҳсоли  асали  ватанӣ беҳтар ва ҳаҷми содирот зиёдтар мешавад.
Таҷриба собит намуд, ки занбӯриасалпарварӣ  соҳаи сердаромад ва камхарҷ аст. Маҳсулоти он  ҳамчун маводи ғизоии шифобахшу серкалория дар ҷисми инсон  ферментҳо, витаминҳо ва  равғанҳои эфириро ғанӣ мегардонад. 
Бо назардошти афзалиятҳои соҳа соли 2005 бо мақсади  тараққӣ додани  занбӯриасалпарварӣ дар ҷумҳурӣ бо иқдоми  Сарвари давлат Барномаи рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2006 – 2010 қабул ва мавриди амал қарор гирифт.  Маҳз аз ҳамин давра сар карда, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамасола иду озмунҳо ва намоишҳои харидуфурӯши асал ба роҳ монда мешаванд, ки ба пешрафти соҳа мусоидат мекунанд.  Дар давраи амалишавии барномаи давлатӣ шумораи оилаҳои занбӯр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ соли 2011 нисбат ба соли 2005 - ум  4,5 маротиба ва истеҳсоли маҳсулоти он  1445  тонна зиёд шудааст.
Аммо ҳанӯз ҳам имкониятҳои мавҷудаи парвариши занбӯри асал дар кишвар самаранок истифода намегарданд. Тоҷикистон аз ҳисоби майдонҳои киштшаванда, ҷангалзор, минтақаҳои наздикӯҳию – кӯҳӣ ва боғҳо имкониятҳои васеи  зиёд намудани шумораи оилаҳои занбӯри асал ва маҳсулоти гуногуни онро дорад. Шароити ҷуғрофӣ ва иқлими кишвар барои тараққиёти соҳаи занбӯриасалпарварӣ мусоид буда, вобаста ба гулкунии рустаниҳои кишоварзӣ мо метавонем нигоҳдории занбӯронро мувофиқ ба сатҳи минтақаҳо аз моҳи феврал ё  аввали баҳор  оғоз бахшида, нахуст  дар водиҳо, минбаъд дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва охирон дар кӯҳистон ба роҳ монем. Чунин тарзи корбарӣ вобаста ба шароити табиии мамлакат ба зиёдшавии шумораи оилаҳои занбӯри асал ва маҳсулнокӣ мусоидат менамояд. 
Мувофиқи нишондоди олимони соҳа,  дар шароити 93 дарсад кӯҳсор будани масоҳати Тоҷикистон барои тараққиёти соҳаи занбӯриасалпарварӣ аз ҳисоби рустаниҳои шаҳддиҳанда, ки маҳз дар  водию  кӯҳсор мерӯянд, 800 ҳазор  оилаи занбӯри асалро нигоҳ доштан мумкин аст. Истифодаи чунин имкониятҳо  истеҳсоли асалро бамаротиб  зиёд ва гардолудкунии рустаниҳоро пурра менамояд.
Барои рушди илми занбӯри-асалпарварӣ ва таъмини корхонаю  хоҷагиҳои парвариши занбӯри асал бо мутахассисони замонавӣ дар Институти чорводории АИКТ шуъбаи занбӯриасалпарварӣ ва дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур кафедраи парандапарварию занбӯриасалпарварӣ амал менамоянд. Олимону омӯзгорони ин ду муассиса чанд сол аст, ки дар  баланд бардоштани малакаю дониши мутахассисони соҳа ҳиссаи сазовор мегузоранд.
Н. АСОЗОДА,  президенти АИКТ,
Файзулло АМИРШОЕВ,
директори Институти
чорводории АИКТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2019    №: 135    Мутолиа карданд: 1161
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед